Ҳукумат

 

 

 

Вожаи “ҳукумат” аз баромади калимаи арабии “ҳакама” буда, маънии сарварӣ, роҳбарӣ, идора, ҳукмронӣ намудан, ҳамзамон ҳокимият, сохтор ва фармонфармоиро дорад.

Ҳукумат дар ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мақоми марказӣ дошта, қисми таркибии мустақили дастгоҳи давлатӣ маҳсуб меёбад.

Он дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ (моддаи 73-юми Конститутсия), дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ў, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ таъсис меёбад.

Тибқи моддаи мазкур, Ҳукумат вазифаҳои роҳбарии самараноки соҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маъмурию сиёсӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин намуда, дорои салоҳият ва ваколати хос мебошад.

Ҳукумат кори худро дар асоси фаъолияти дастаҷамъӣ амалӣ намуда, ба низоми мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро ҷиҳати амалисозии ҳокимияти иҷроия таъмин менамояд.

Мутобиқ ба Конститутсия, Ҳукуматро Президенти мамлакат таъсис медиҳад ва ҳайати шахсии онро муай-ян менамояд. Президент Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба вазифа таъин ва озод менамояд, фармонро дар ин хусус барои тасдиқ кардан ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд. Аммо дар Сарқонун ба кадом мўҳлат таъин шудани онҳо сабт нашудааст. Ин масъала дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ифода ёфтааст, ки тибқи моддаи 9-уми он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумат маҳсуб ёфта, фаъолияти Ҳукуматро роҳбарӣ менамояд. Ў барои татбиқи самарабахши ваколатҳои Ҳукумат тадбирҳо меандешад. Сарвазир бошад, бо супориши Раиси Ҳукумат кори Ҳукуматро ба роҳ мемонад. Ҳукумат мақоми салоҳиятдори ваколатдори умумӣ буда, дар таъмини иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ дар низоми ҳокимияти давлатӣ мустақил мебошад ва таъминоти иҷроиявӣ, умумӣ, доимӣ ва таъинотӣ дорад.

Ҳукумат мақомоти иҷроия буда, ба Президенти мамлакат итоат мекунад ва ба ў ҳисобот медиҳад, дар ҳамкорӣ бо дигар рукнҳои ҳокимият амал мекунад. Фаъолияти Ҳукумат хусусияти доимоамалкунӣ дорад, ки ин аломати ҷудонашавандаи он мебошад. Ҳукумат фаъолияти идоракунии давлатиро ба ҷо оварда, ҳокимияти иҷроияро амалӣ менамояд. Фаъолияти иҷроиявии Ҳукумат аз рўи хислати худ фаъолияти худтатбиқкунии созанда мебошад.

Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат маҷлисҳои он мебошад, ки моҳе камаш як маротиба гузаронида мешавад ва он дар сурате салоҳиятнок маҳсуб меёбад, ки агар дар маҷлис аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумат иштирок намоянд. Қарорҳои маҷлис дар он сурат қабул карда мешавад, ки агар аксарияти аъзои дар маҷлис иштирок- дошта онро тарафдорӣ намоянд.

Моддаи мазкур, ҳамчунин, маҳдудият ва ўҳдадориҳои махсуси аъзои Ҳукуматро муқаррар менамояд, ки тибқи он аъзои Ҳукумат наметавонанд, вазифаи дигарро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омўзгорӣ.

Ҳамзамон дигар маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст: аъзои Ҳукумат наметавонанд, аз воситаҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, дигар захираҳои давлатӣ ё коллективӣ ва ахбороти хизматӣ бо мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намоянд, барои иҷрои вазифаҳои хизматии худ инъомҳо гиранд, ба ашхоси мансабдори болоӣ тўҳфаҳо диҳанд ва хизмат расонанд, ба истиснои тўҳфа ва армуғонҳои рамзӣ дар чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар, аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ва ё хориҷӣ ба саёҳат, сафарҳои дохилӣ ва хориҷии муолиҷавӣ, саёҳатӣ ва дигар сафарҳо раванд, супоришу дастурҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва субъектҳои хоҷагидорро, ки ба хизмати давлатӣ дахл дорад, ба ҷо оваранд ва ё мақоми хизматии худро ба манфиати онҳо истифода баранд ва ғайра.

Тибқи муқаррароти моддаи 74-уми Сарқонун, Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Қарор ва фармоиш чун санади ҳуқуқии маъмурии Ҳукумат шакли объективии ифодаёбии фаъолияти роҳбарии он дар самтҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ мебошад. Санадҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд, дар шакли қарорҳои Ҳукумат қабул карда мешаванд. Санадҳо оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ, ки хусусиятҳои меъёрӣ надоранд, дар шакли фармоишҳои Ҳукумат қабул карда мешавад.

Дар мавриди мухолифати санадҳои ҳуқуқии Ҳукумат (қисми онҳо) бо Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президент ё Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешаванд ё амали онҳо боздошта мешавад. Чунин салоҳияти бекор кардан ва боздоштани амали санадҳояшро худи Ҳукумат низ дорад.

Дар қисми дуюми моддаи мазкур сухан оид ба қатъгардии салоҳияти Ҳукумат бо сабаби ба охир расидани мўҳлати фаъолияташ меравад. Биноан омадааст, ки Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад, яъне баробари ба охир расидани салоҳияти Президенти амалкунанда ва ба вазифа шурўъ намудани Президенти навинтихоб мўҳлати салоҳияти Ҳукумат ҳам ба охир мерасад.

Дар қисми сеюми моддаи тафсиршаванда сухан дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани салоҳияти ҳамаи аъзо ва ё узви ҷудогонаи Ҳукумат тавассути истеъфо меравад. Тибқи муқаррароти конститутсионӣ, Ҳукумат дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти мўътадили худ метавонад, ба Президент дар хусуси истеъфо арз намояд. Ҳамзамон ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.

Президент ҳуқуқ дорад, ҳар вақт Ҳукуматро бо ҳайати пурра ва узви алоҳидаи онро ба истеъфо фиристад ва фармонро дар ин бора барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.

Қисми чоруми ин модда танзими тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро ба қонуни конститутсионӣ ҳавола кардааст. Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳу-кумат дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ифода ёфтааст. Фаъолияти Ҳукумат мутобиқ ба нақшаи тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.

Маҷлисҳои Ҳукумат бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ доир гардида, санадҳои ҳуқуқии он ҳам бо ҳамин забон қабул карда мешаванд. Мутобиқ ба талаботи моддаи 75-ум вазифаҳои Ҳукумати кишвар дар самтҳои ҷудогонаи фаъолияти он муқаррар гардидааст.

Фаъолияти Ҳукумат, бино ба ин модда, самтҳои зеринро дарбар мегирад: а) таҳия ва тасдиқи барномаҳои инкишофи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ; б) додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ бо дигар давлатҳо; г) масъалаи пешниҳоди буҷети давлатӣ, андозҳои имконпазири касри буҷет ва манбаи ҷуброни он.

Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар – маҷмўи тадбирҳои мувофиқашуда ва нақшаи амалиёт мебошад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ ва ҳалли масъалаҳои умумӣ нигаронида шудааст.

Шамсиддин ҲАФИЗОВ,
ёрдамчии калони Прокурори вилоят оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мушовири адлияи дараҷаи 3

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh