Саммити СҲШ: – роҳ ба сўи рушди ҳамкориҳо дар минтақа ва кишвар

Созмони ҳамкории Шанхай ташкилоти байналмиллалии минтақавӣ буда, соли 2001 бо иродаи сиёсии сарварони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикис-тон дар заминаи созишномаҳои байналмиллалии соли 1996-1997, ки таҳти унвони Панҷгонаи Шанхай ба тасвиб расида буд, таъсис ёфт. Мувофиқи моддаи 1-уми Хартияи СҲШ – ҳуҷҷати бунёдии СҲШ аз 7 июни соли 2002 ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии он чунин муайян шуданд:

 1. Таҳкими боварӣ, дўстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ. 

2. Тавсеаи ҳамкории гуногунпаҳлў ба хотири дастгирӣ ва таҳкими сулҳ.
3. Муқовимати якҷоя бар зидди терроризм, экстремизм, муборизаи зидди интиқоли маводи мухаддир.
4. Дастгирии ҳамкории судманди минтақавӣ дар бахши сиёсат, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илму техника ва ғ.
5. Мусоидат ба рушди босуботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа.
6. Ҳамоҳангсозии муносибатҳо дар мавриди ҳамроҳшавӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ.
7. Мусоидат намудан ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар мувофиқа ба ўҳдадориҳои байналмилалии кишварҳои аъзо.
8. Баррасии якҷояи мушкилоти дар асри ХХI рухдиҳанда ва ҳалли он.

Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ санаҳои 11-12- уми сентябри соли 2014 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.

Дар ин ҳамоиши сатҳи олӣ сарони давлатҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон ширкат намуданд. Бояд зикр намуд, ки СҲШ бузургтарин созмони минтақавӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои ин созмон ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро амалӣ мегардонад. Чунончӣ, тибқи маълумоти Вазорати рушд ва иқтисоди ҷумҳурӣ, дар нимаи аввали соли 2014 Тоҷикистон бо 86 давлат дар ҳаҷми 3 млрд. доллар ҳамкорӣ дошт ва 1, 5 млрд. доллари он бо 5 кишвари аъзои СҲШ - Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон сурат гирифтааст. Ҳамчунин омили амнияту бехатарӣ барои рушди минбаъдаи кишварҳои аъзои СҲШ муҳим арзёбӣ мегардад.

Санаи 11- уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои аъзои СҲШ вохўриҳои судманд анҷом доданд . Чунончӣ, муносибати бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон чун намунаи ибратбахши ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ гардида, Президент Н.Назарбоев Қазоқистонро шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои ИДМ пас аз Федератсияи Россия номид. Дар муносибот бо Россия изҳори боварӣ шуд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пурзўр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон минбаъд низ идомаи босамар хоҳад дошт. Таваҷҷўҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сармоягузорӣ, ба тасвиб расонидани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маҳсулоти нафтӣ ва ғ. баён карда шуд.

Ҳар як ҷаласаи СҲШ - рўйдоди бузург дар ҳаёти байналмилалӣ мебошад. Ва ҷаласаи Душанбе низ дар рушди созмон роҳи навро кушод. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки бозкунандаи дурнамо барои қабули давлатҳои нави аъзои СҲШ мебошанд, меравад. Дар вазъияти нави зудтағйирёбандаи байналмилалии СҲШ бояд маҳорати зуд мутобиқ шудан, фавран эътино кардан ва вазифаҳои мураккаби таҳкими сулҳи минтақа ва субот нишон дода шаванд.

Дар ҳаёти мардуми кишвари мо баргузоргардии чунин чорабинии бошукўҳ бағоят муҳим буд. Мулоқоти мазкур ба ҷаҳониён зиндагии осоиштаву созандаи мардуми моро нишон дод, нуфузи кишварамонро боз ҳам баландтар сохт.

Ҷаласаи Шўрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бинои тозабунёди Кохи Наврўз баргузор гардид. Шоми 11 сентябр дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе ба ифтихори ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ барномаи консертии бошукўҳ таҳти унвони «Шоми дўстӣ» баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, Си Ҷин Пин, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов, Алмазбек Атамбоев ва инчунин роҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналхалқӣ иштирок доштанд. Барномаи консертӣ тараннумгари дўстию рафоқат ва ҳамгироии кишварҳои узви СҲШ буда, дар он аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи тоҷик суруду тарона ва рақси мардумони кишварҳои СҲШ хеле ба дараҷаи олӣ иҷро шуданд. Дар ин барнома 800 нафар санъаткорони тоҷик фарҳангу тамаддуни мардуми кишварҳои СҲШ-ро бо ҳунари волои худ нишон доданд. Ин бори дигар густариши равобит ва ҳамгироию ҳамҷавории кишварҳои аъзои созмонро собит сохт.

Ҷаласаи Шўрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 12 сентябри соли 2014 дар толори «Дидор»-и Кохи Наврўз доир шуд..

Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай – Нурсултон Назарбоев, Си Ҷин пин, Алмазбек Атамбоев, Владимир Путин ва Ислом Каримов сухан ронданд.

Ин ҷаласа дар толори бузурги сафед бо номи «Зарандуд», ки баландиаш то маркази гумбаз 36 метр аст ва бо гаҷкорӣ дар рўи ойина оро ёфтааст, ҷараён гирифт. Дар интиҳои ҳамоиш Эъломияи душанбегии роҳбарони давлатҳои аъзо, дар бораи ўҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025, ҷашнгирии 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, созишномаи байниҳукуматии давлатҳои аъзо доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ қарор ва дигар санадҳо ба имзо расиданд.

Пас аз ҳисоботи Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбари Маркази минтақавии зиддитеррористии ин созмон сарони 3 давлати нозир - Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рўҳонӣ ва Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж сухан гуфтанд. Сипас ба ҳайси меҳмони фахрӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва дар фароварди ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҳин-дустон Сушма Свараҷ, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Сартоҷ Азиз ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид андешаҳои худро баён доштанд.

Ба онҳо роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои нозири созмон ва меҳмонони олимақоми дигар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рўҳонӣ, Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва мушовири Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон оид ба масоили сиёсию амниятӣ Сартоҷ Азиз ҳамроҳ шуданд.

Инчунин, дар кори нишаст намояндагони воломақом аз созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва роҳбарони сохторҳои кории Созмони ҳамкории Шанхай иштироки фаъол доштанд. Аз рўи натиҷаҳои ҷаласаи СҲШ ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд. Пас аз анҷоми ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 12 сентябр сарони давлатҳои аъзо ҳуҷҷатҳои зеринро ба имзо расониданд:

1. Эъломияи душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай.
2. Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Ёддошти намунавӣ оид ба ўҳдадориҳои давлати довталаб бо мақсади гирифтани мақоми давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.
3.Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи Тартиби додани мақоми давлат - аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.
4.Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи лоиҳаи «Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2025».
5.Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи таҷлили 70-солагии ғалаба бар фашизм дар ҷанги дуюми ҷаҳон.
6.Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи бекор кардани амали қарорҳои Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.
7. Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи ҳолат дар бораи рамзи Созмони ҳамкории Шанхай.
8. Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи маърўзаи Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар соли гузашта.
9. Қарори Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба фаъолияти сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2013.

Ба ғайр аз ин дар ҳузури сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ташкили шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид. Раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли оянда ба Федератсияи Русия дода шуд.

Дар Саммити душанбегӣ Шўрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмон вазифадор карда шуданд, ки кори анҷомёбии ҳамоҳангии лоиҳаи Стратегияи рушди CҲШ- ро то соли 2025 омода сохта, онро барои муҳокима дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзо пешниҳод намоянд. Аз лаҳзаи қабули он, соли 2015 дар фаъолияти Созмон дав-раи нав оғоз меёбад, ки аз бисёр ҷиҳат он ба дурнамои қабули аъзои нав ба CҲШ иртибот дорад.

Дар рафти саммити СҲШ дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Ислом Каримов мулоқоти басо муҳимро анҷом доданд. Сарвари давлати Тоҷикистон муносибот бо Ўзбекистонро барои кишвари мо аз афзалияти асосӣ ҳисобида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Ўзбекистони бародару ҳамсоя, тавсиаи ҳамгироиву густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдор аст.

Сарони ҳарду давлат ба таҳким ва рушди муносибатҳои дўстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тўлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Бо таассуф зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007-ум то ба 2,1 миллион дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон метавонад, ба 500 миллион доллари амрикоӣ бирасад.

Сарони ҳар ду давлат изҳори боварӣ карданд, ки мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дўстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд.

Ба зиддиятҳои ҷиддӣ нигоҳ накарда, Тоҷикистону Ўзбекистон муаммоҳои умумӣ доранд. Пеш аз ҳама, масъалаи амният, аз ҷумла хатари авзои Афғонистон. Мубориза алайҳи нашъаҷаллобӣ, экстремизми динӣ, терроризм метавонанд, масъалаҳое бошанд, ки боиси тадриҷан ба роҳ мондани муносибати хуби байни ду давлат дар ҷабҳаҳои муҳими дигар гардад. Масъалаи дигаре, ки барои ҳамкорӣ судманд аст, робита дар соҳаи интиқоли мол мебошад. Ин масъала, ки махсусан ба он Тоҷикистон ҳамчун содиркунандаи меваю сабзавот ба Русия ҳавасманд аст, метавонад, мавзўи гуфтушуниди ҷонибҳо гардад.

Ўзбекистон ба ҳеч ваҷҳ чунин нақши манфиатноки транзитиро аз даст доданӣ намешавад. Муносибати байни ин давлатҳо метавонад дар амалисозии лоиҳаҳое, ки ҳар ду давлат дар онҳо ширкат меварзанд, манфиатноканд, аз ҷумла гузаронидани лўлаи чаҳоруми гази Осиёи Марказӣ - Чин тақвият ёбад.

Аксари мардуми кишвар мулоқоти рўбарўи раҳбарони Тоҷикистону Ўзбекистонро як дастоварди муҳими нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мешуморанд. Ин муносибату сўҳбатҳо шаҳодат медиҳанд, ки инкишофи ҳамсоядории мо ба марҳалаи тозаву умедбахш расидааст. Вақте ҳамсоя ором аст, ҳатман нафъаш ба мо ҳам мерасад. Аз ин лиҳоз, бояд ҳамсоядории мо ба марҳалаи нави созандагӣ на бо зиддияту ихтилофи пешина ворид шавад, ки самарааш ёрӣ ба якдигару пуштибонӣ аз тарҳҳои муҳим бошад. Равандҳои хатарафзои глобаливу минтақавӣ, аз ҷумла ҷоннокшавии тундгароиву терроризм аз роҳбарияти ҳар ду давлати ҳамсоя тақозо менамояд, ки мубориза алайҳи онҳоро якҷоя барем.

Бароварда шудани қўшунҳои сулҳхоҳи байналхалқӣ аз ҳудуди Афғонистон ин омили ҳамкориро дучанд мегардонад. Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар ибтидо дар чунин масъалаҳои умумӣ ҳамкориро тақвият дода, марҳала ба марҳала барои аз байн бурдани дигар проблемаҳое, ки барои дўстиву ҳамкорӣ монеа мешаванд, ба ҳам оянд. Ташкилу густариши тиҷорату коммуникатсия низ ба манфиати мардуми ҳар ду ҷониб имрўзҳо пурра ҷавобгў мебошад.

Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур иштироккунандагон масъалаҳои доғи рўз, аз ҷумла вазъият дар Украина , Афғонистон, Сурия ки боиси таҳдиди амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ гаштааст, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористиро низ мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Назари ҳамаи иштирокдорони ҳамоиш оид ба ҳалли ин масоил якранг буд.

Ҳамин тариқ, саммити 14 – уми СҲШ, ки дар пойтахти кишвари азизи мо таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуда гузашт, симои ҳақиқии Душанбеи сарсабз ба ҷаҳониён нишон, обрўву нуфузи мамлакати моро дар олам афзун ва мақоми онро дар арсаи минтақавию ҷаҳонӣ боз ҳам баланд сохт.

Ботурбек АЛИМОВ,
устоди ДДҲБСТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент

Add comment


Security code
Refresh