Ифодагари манфиати миллат

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши сарнавиштсоз дорад.

 Дар ин рўз халқи Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Боиси ифтихор аст, ки Қонуни Асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва то имрўз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукўҳу тантана таҷлил менамояд.

Се соли нахустини зиндагӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ, яъне солҳои 1991-1994 солҳои пурошўб ва давраи ҷустуҷўи ҷавоби мушаххас ба саволҳое буданд, ки мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем, ормонҳои миллии дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаамонро бо кадом роҳу равиш амалӣ менамоем.

Дар ин муддат, яъне баъди ба даст овардани истиқлолият баъзе доираҳои манфиатҷўи дохиливу хориҷӣ бо истифода аз гурўҳҳои муайяни бегонапараст мардуми моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карданд.

Бо вуҷуди ин, дар давоми се соли ниҳоят сангин ва заҳмату талошҳои пайгирона бо иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид.

Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифтааст.

Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вазифаи раиси комиссияи конститутсиониро ба ўҳда доштанд, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12-уми декабри соли 1992 дар Муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон таъкид карданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати нав, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошем. Дар натиҷа моҳи июни соли 1993 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав гурўҳи кориро ташкил намуд ва он баъди омўзиши қонунҳои асосии як қатор кишварҳои пешрафта лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро омода карда, ба муҳокимаи Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард.

Баъдан бо пешниҳоди комиссияи номбурда дар асоси Қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шўрои Олӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардиданд ва онҳо ба назару эътибор гирифта шудаанд. Мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои ҷаҳон онро баланд арзёбӣ кардаанд.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд, ки дар ҳавзаҳои овоздиҳӣ 2685724 (ду миллиону шашсаду ҳаштоду панҷ ҳазору ҳафтсаду бисту чор) шаҳрванд ба рўйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 (ду миллиону панҷсаду чилу се ҳазору сию ҳафт) шаҳрванд ё худ 94,4 фоиз ширкат варзиданд.

Ба тарафдории қабули Конститутсия 2352554 (ду миллиону сесаду панҷоҳу ду ҳазору панҷсаду панҷоҳу чор) нафар ё худ 87,59 фоиз шаҳрвандон овоз доданд. Бо ҳамин натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид.

Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Ин иқдоми таърихӣ ҳама гуна андешаҳои бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрати мардуми мо барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, ботил гардонид.

Дар айни ҳол Конститутсия давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд ва содиқ ба миллату Ватан ба барқарор кардани сулҳу созиш ва Ваҳдати миллӣ шурўъ намуданд, ки натиҷаҳои он дар санади таърихӣ-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сабт гардиданд.

Дар Созишнома дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон низ пешбинӣ гардида буд. Дар натиҷаи татбиқи муқаррароти ин санад санаи 26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну мўҳтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ҳар гуна ҷомеа, махсусан ҷомеаи рў ба инкишоф доимо дар ҳолати тағйиру дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад ва ҷомеаи мо низ аз ин қонунмандии иҷтимоӣ истисно нест. Бо назардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он рўзи 22 июни соли 2003 амалӣ гардид.

Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамал, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд.

Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Ин чунин маъно дорад, ки қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд, инчунин ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд дар фаъолияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба роҳбарӣ гирифта, набояд амале мухолифи он содир намоянд.

Вобаста ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон ҳамчун арзиши олӣ дар тайи қариб 20 соли охир 11 маротиба қонуни авф қабул гардида, муқаррароти онҳо нисбат ба 71 ҳазор маҳкумшудагон татбиқ гаштанд, аз ҷумла зиёда аз 43 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз маҳбас озод шуданд.

Ин иқдомот боз як далели амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия дар хусуси арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ў ва ҳифз гардидани қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Дар ҳамин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандон ва дар бораи авфи шаҳрвандон вобаста ба қонунигардонии молу амволи онҳо қабул ва амалӣ гардонида шуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон инчунин як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.

Масалан, аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман боздоштани татбиқи ҷазои қатл, ки кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад, аз ҷумлаи иқдомоти ҷиддии башардўстона дар ин самт буданд.

Соли 2009 дар асоси Конститутсия Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Мутобиқи он, фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокуратура ва суд дар мавриди таъқиби ҷиноят ва мурофиаи судӣ ба куллӣ тағйир ёфта, аслу муқаррароти конститутсионии дахлнопазирии шахс, манзили ў, ҳифзи судии шахс, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳимоятгар, ба тарзи мубоҳиса ва дар асосҳои баробарии тарафҳо сурат гирифтани мурофиаи судӣ хеле васеъ гардиданд.

Дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама, дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ нақши бағоят муҳим дорад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва, чунон ки гуфта шуд, самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад. Имрўз барои пешбурди фаъолияти он ҳамаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд ва ҳуқуқшиносони соҳибтаҷрибаву баландихтисоси кишвар ба ин мақом ҷалб карда шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ ба масъалаи таҳким бахшидан ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ аҳамияти пайваста ва хоса дода мешавад.

Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими низоми ҳуқуқии худ, ки дар он санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофгардида нақши назаррас доранд, кўшиши зиёд ба харҷ дода, ҳамгироӣ ва наздик шудан ба низоми ҳуқуқи муосирро василаи муҳимтарини ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳоҷирати меҳнатӣ, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир - терроризму экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими байналмилалӣ арзёбӣ менамояд.

Дар давоми беш аз бист сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳаррўзаи худ итминон ҳосил карданд, ки Конститусияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ўро кафолат медиҳад.

Мардуми Тоҷикистон, ки ҳанўз дар оғози давраи ба истиқлолият расидани давлати худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми даҳшату фоҷиаҳои онро аз сар гузаронд, ба қадри истиқлолу озодӣ, давлати мустақилу соҳибихтиёр, Ваҳдати милливу ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва оромиву осудагии ҷомеа мерасад.

Исо ТАВАККАЛЗОДА,
раиси суди шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh