Президенти мардумӣ

Душанбе, 5.10.2014. (АМИТ «Ховар»). - Роҳи сиёсатмадорони бузург душвор ва пурпечутоб аст. Аксари онҳо то он даме, ки симматҳои баланди давлатиро соҳиб мешаванд, давраи таҳсил дар макотиби олии ҳизбӣ ва академияи дипломатиро сипарӣ мекунанд ва, муҳимтар аз ҳама, дар кори роҳбарӣ таҷрибаи ғанӣ меандўзанд.

 

Ҳадди ақал ба ҳаёти нахустин президентҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шарқи Шўравӣ - Назарбоев, Акаев, Каримов, Ниёзов, Алиев, Шеварнадзе назаре биандозед: ҳамаи онҳо дар гузашта дар мақомоти баланди ҳизбӣ ва давлатӣ ифои вазифа намудаанд, мактаби бузурги фаъолияти идориро гузаштаанд, ба кишварҳои зиёди ҷаҳон сафар кардаанд.

Ҳангоме ки Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 Сарвари давлат ва пас аз ду соли дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, на ҳамаи ин зинаҳоро гузашта буд. Бо вуҷуди ин Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат шахси тасодуфӣ нест. Дар ин бора аз ҷумла чунин далел шаҳодат медиҳад, ки Президенти мо дар тўли бист соли охир ба давлат сарварӣ менамояд. Ва он солҳо чӣ солҳое буданд!

Месазад, ба давраи мураккабу душвори гузариш таваҷҷўҳ намуд, ки дар ин ҳангом Тоҷикистон ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Ба таври мисол бўҳронҳои пай дар пайи низомию сиёсӣ, задухўрдҳои мусаллаҳона дар дохили кишвар, кўшишҳои табаддулоти давлатӣ ва сўиқасд ба ҷони Президентро метавон зикр кард. Албатта, ба зикри санаҳо, номҳо ва дигар далелҳо ҳоҷат нест, зеро ин ҳама дар ёди ҳамагон ҳаст. Ва Президент дар ҳамаи ин гуна ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омадааст, ягонагӣ ва тамомияти давлату коромадии онро ҳифз кардааст.

Гузашта аз ин, дар ин марҳала обрўву эътибори Президент афзуд, худи ў аз ин бўҳронҳо маънан қавитар ва аз нигоҳи сиёсӣ тавонмандтар бурун омад, дар ниҳоди вай эътимоду боварӣ ба роҳе, ки интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид. Ин дар ҳоле буд, ки душманони мағлубшудаи миллат бори дигар ба шикаст рў ба рў шуданд ё ба ҷисмҳои беҷони сиёсӣ табдил ёфтанд.

Дар он замон аз ҷониби сарон ва масъулони кишварҳои хориҷӣ ба унвони Сарвари ҷавони давлати Тоҷикистон суханҳои тавсифомезу сипосгузориҳо садо доданд. Ин суханон дар навбати худ баёнгари эътирофи камолоти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат, ба сифати дипломати моҳиру сарвари сатҳи олӣ буданд.

Зимнан, чунин суол бамаврид аст: ба корманди идорӣ ва арбоби сиёсӣ, ки дар соли 1992 ҳанўз ҷавон буд, чӣ имкон дод, то ба чунин парвози баланду босуръат мушарраф шавад? Ин ҷо сухан чандон дар бораи пешрафт дар мартабаҳои баланди давлатӣ нест, балки бештар дар мавриди маҳорату камолоти сиёсӣ, ҳунару хиради дипломатист. Пас, асрори он дар чист?

Дар урфият чунин таъбирҳо роиҷанд: "ба халқ наздик", "аз миёни мардум баромадааст", "фарзанди халқ", "вакили мардум" ва ғайра. Ин суханон ҳосили мушоҳидаву таҷрибаи мардуманд ва ҳар кадом дорои маънии амиқ аст. Мардум таҷрибаи андўхтаи худро ба наслҳои минбаъда, қабл аз ҳама, аз тариқи он намояндагони худ, ки нисбат ба хираду заковати мардум бештар таъсирпазиранд, мунтақил месозад; аз тариқи касоне, ки ҳамеша бо халқанд, касоне, ки онҳоро "фарзанди халқ" меноманд.

Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин гуна фарзанди халқ аст. Вай дар хонаводаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар омўзишгоҳи ҳирфавии техникӣ таҳсил кардаву муддате дар завод ба сифати мутахассиси барқ хизмат намудааст. Дар флоти Уқёнуси Ором адои хизмати низомӣ кардаву сипас дар колхоз заҳмат кашидааст. Дар мактаби олӣ таҳсилро идома додааст, бо фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ машғул шудааст. Ў дар солҳои 1987-1992 вазифаи директори совхозро ба ўҳда дошт.

Ҳамин тариқ, вай ҳамеша бо халқ ва дар миёни халқ буд. Аз ин рў, Президенти мо хислати мардумӣ дорад, ки он бо сифатҳои халқи тоҷик, аз қабили заҳматдўстӣ, иродаи қавӣ, хушзеҳнӣ, сабурӣ, дили кушод, хайрхоҳӣ, оштинопазирӣ бо душманони миллат, сарбаландӣ, устуворӣ дар рўбарўи мушкилот, тахайюлу тафаккури бадеӣ, шавқи шеърдўстӣ, идораи эҳсосот, ҳамбастагии нияти неку саъю кўшиш тавъам аст. Ин сифатҳо на фақат марбут ба мардуманд, балки аз хислатҳои зарурии сиёсатмадор ва раҳбари сиёсианд.

Инак, асрори муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳақиқат содда аст: зарурати дорои сифатҳои мардумӣ будан. Зимнан, чунон ки гуфтем, вай чунин сифатҳоро дорост. Сирри дигари муваффақияти ў (ба сифати идомаи мустақими сирри аввал) аз сиёсат иборат аст. Ба ин маънӣ, ки вай на фақат беҳтарин сифатҳоро аз мардум қабул намудааст, балки ба халқ хидмат низ мекунад. Хидмате бо шўру шавқ, хидмате бо эътимод ва пайгирона! Ў бо тамоми нерў ва ҷаҳду кўшиш, ки лаёқаташро дорад, хидмат мекунад ва лаёқату маҳорати вай камназир аст. Вақте ки чунин манбаи қавии нерӯ - хидмат ба халқ вуҷуд дорад, дар он сурат самараи он бидуни интизорӣ зуд зоҳир мешавад.

Самараи ҷаҳду кўшиш - барори сиёсӣ, муваффақияти сиёсист. Нуктаи муҳими дигар: кору иқдоми мардум ҳамеша кору иқдоми мутмаъин аст. Он на ҳамеша бисёр зуд самари худро намоён мекунад, балки чунон ки мегўянд, муваффақияту самарабахшии он ногузир аст. Пас кору иқдоми касе, ки барои таъмини манфиатҳои халқ саъю талош мекунад, низ судманду самаровар хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҷумлаи чунин сиёсатмадорони мардумист.

Савумин шохиси симои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аз омўхтану сабақ гирифтан иборат аст. Дар ҷараёни кор ва сари роҳ ҳамзамон бо дарку шинохти воқеият омўхтану дониш андўхтан сифати муҳими сиёсатмадор маҳсуб мешавад. Яъне, омўхтан аз ҳама: аз ҳамсафон, ҳамтоён, аз рақибони сиёсӣ, ҳамкорони собиқадору соҳибтаҷриба, дўстони ҳамкор, шаҳрвандони мансуб ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ва аз ҳамаи касоне, ки дар майдони пуртаҳлукаи идораи давлат рў ба рў меоянд. Сабақ гирифтан аз хатову иштибоҳҳои худ. Кӣ иштибоҳ намекунад?! Ҳамеша ва дар ҳама ҷо бояд омўхт: дар сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ, дар боздидҳо бо мардум, дар ҷаласаву ҳамойишҳо, дар ҷараёни кор бо мушовирону ёварон, ҳангоми таҳияи суханрониҳо ва аснод, дар аснои мутолиаи матбуот ва адабиёт.

Дар бисёре аз маворид мегўянд: одам сарбоз ба дунё намеояд, балки чун сарбоз ташаккул меёбад. Ин ҳақиқат аст, аммо сиёсат чизест дигар. Барои сиёсатмадори асил шудан сиёсатмадор ба дунё омадан лозим аст. Ҳатман нисбат ба сиёсат шавқу ҳавас ва иштиёқ бояд дошт. Президенти мо сиёсатмадори модарзодест. Ин сифат шохиси чаҳоруми симои ўст ба ҳайси сиёсатмадори баландпоя, сифатест, ки муваффақиятҳои ўро афзун месозад. Ва ниҳоят, шохиси панҷум. Ҷаҳду талош дар роҳи хидмат ба халқ, ҳифзи манфиатҳои мардум ҳанўз наметавонад, зомини он бошад, ки манфиатҳои мардум дар ҳақиқат амиқ дарк мешаванд ва ба таври амиқ дар зиндагӣ татбиқ мегарданд. Дар ин бобат иловатан ҳисси дурӣ ҷустан аз иштибоҳи сиёсиро низ доштан зарур аст.

Президенти мо чунин идроку эҳсосро дорост. Чунин идрок дар вай ҳангоми андешаронии густурда, дида тавонистани дурнамо, таъйину ташхиси воқеият, тасмимгирии мушаххас дар заминаи пешниҳоду тавсияҳо, татбиқи пайгиронаи тасмимҳо зоҳир мешавад. Натиҷаҳои ҷаҳду талоши сиёсии Президенти мо чӣ гуна аст? Роҳе, ки ў пеш гирифтааст, ба чӣ гуна дастоварду комёбиҳо расониду ҷамъбасти фаъолияти вай то ба имрўз аз чӣ иборат буд? Ин ҳамаро бо овардани санаву масоил зикр мекунем.

1. Истиқрори низоми конститутсионии кишвар дар соли 1993.
2.Татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ, аз ҷумла қабули Конститутсияи нав, интихоботи Президент бар асоси алтернативӣ ва интихоби порлумони нав.
3. Илқои хусусиёти миллӣ ба сохтори нави давлатии Тоҷикистон, интихоби роҳи таъсиси давлати демокративу ҳуқуқбунёд, сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи махсусиятҳои дунявӣ ва ягонагии давлат.
4. Татбиқи пайгиронаи аҳдоф дар бобати амалӣ сохтани гуногунандешӣ дар бахши иқтисод бо назардошти шаклҳои моликият ва шаклҳои фаъолияти истеҳсолӣ, ҷорӣ кардани усулҳои демократӣ дар бозор: бунёди низоми наву мутмаъини асъору молия; барқарор намудани саноат ва соҳаи кишоварзӣ, ки аз бўҳрон осеб дидаанд; рушди ҳамаҷонибаи равобити байналмилалии иқтисодӣ ва шаклҳои ҳамкорӣ; такя бар сиёсати қавии иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеаи Тоҷикистон.
5. Ишғоли ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба сифати давлати соҳиб-истиқлоли миллӣ.
6. Хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, имзои созишномаи сулҳ бо мухолифини мусаллаҳи тоҷик, таъмини бозгашти ҳамаи оворагони иҷборӣ аз Афғонистон ва минтақаҳои дигар.
7. Эҷоди шароити мусоид барои татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ, баргузории интихоботи нави порлумон ва президент бар заминаҳои демократӣ дар вазъияти босуботи ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоию сиёсӣ.

Бояд дар назар дошт, ки тамоми натиҷаву муваффақиятҳои мазкур дирўз ба даст омадаанд ва имрўз ҳам бо камтарин талафот ба даст меоянд. Дар ин роҳ ба мавқеи усулӣ низ зиёне нарасидааст, зеро аз мавқеи усулӣ дур рафтан хоси рафтори Президенти мо нест. Ин нукта ҳанўз дар аснои интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии кишвар иброз шуда буд. Муҳимтарини ин усулҳо чунинанд:

1) ҳифзи ваҳдати миллати тоҷик;
2) ҳифзи ягонагии Тоҷикистон дар ҳудудҳои имрўзӣ;
3) ҳифзи сулҳу созиши шаҳрвандӣ дар ҷомеа, ҳалли тамоми ихтилофот бо роҳи осоишта ва сиёсӣ;
4) бартарӣ додан ба манфиатҳои миллӣ ва умумихалқӣ дар қиёс бо манфиатҳои ин ё он ҳизб, ҳаракат, шахсият, гурўҳи ашхос ва ғайра.

Содиқ будан ба ин гуна усулҳо кори осон нест. Бо чунин роҳ пеш рафтан, аз чунин усулҳо пайравӣ намудан, албатта, ба ин ё он андоза талафот, гузашту созишро тақозо мекард ва мекунад. Ин ҳама ба манзури гузашту мадорои андак, вале ҳифзи том, ҳифзи садоқат ба усулҳои мазкур ба кор гирифта мешавад. Мутаассифона, на ҳама инро мебинанд, на ҳама инро дарк мекунанд ва аксарият дунболагири танҳо чунин усуланд: "ё ҳама чиз ё ҳеч!" Вақте ки ҳамсафони собиқ ва шарикони собиқи роҳи мубориза чунин усулро пеш мегиранд, агарчӣ талх ҳам бошад, аз онҳо дурӣ гузидан лозим меояд.

Бале, на ҳамаи муборизон ва қаҳрамонони роҳи мубориза барои ҳақиқат ва барои истиқрори низоми конститутсионӣ дар Тоҷикистон тавонис-танд вазифаҳои нав ва шароити навро ба дараҷаи бояду шояд дарк намоянд, бифаҳманд. Ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар сиёсат ҳамеша чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Лозим меояд, ки аз ин ё он шахс дур шавӣ. Ин ё он фард ба майдони душманони кори халқ мегузараду пас аз он ҳам худро гоҳе самимона, гоҳе бо чоплусӣ ва гоҳе риёкорона ҳомии мардум мешумораду муаррифӣ мекунад. Аммо ба Президент муяссар шуд, то аксари ҳамсафону ҳаммаслакони худро нигаҳ дорад ва ин ба шарофати хидмати ҷонибайн аст.

Ҳамсафони нав низ арзи ҳастӣ намуданд ва аз тарафи Президент тими мунсаҷами ҳамфикру ҳаммаромон - ислоҳотгарон ва созандагони ояндаи Тоҷикистон эҷод мешавад. Ҳамин тариқ, бидуни шубҳа метавон гуфт, ки дар тўли ин солҳо мамлакат боре ҳам ба Президенти худ хиёнат накардаву аз Президент ҳам чунин рафторе сар назадааст.

Яке аз хидматҳои Президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки маҳз дар давраи Истиқлолият имконпазир шуд, ба таври махсус бояд зикр кард. Яъне, хидмат дар роҳи тарбияи насли ҷавон дар рўҳи ватанпарастӣ ва меҳру муҳаббат нисбат ба таърихи халқи тоҷик, таърихе, ки саршор аз воқеаҳои машҳуру қаҳрамониҳост. Дар ибтидои асри гузашта пояҳои аввалини бинои худшиносии миллӣ аз тарафи нависандаву донишманди бузург, устод Садриддин Айнӣ бунёдгузорӣ шуда буд. Бо гузашти замон ба ин раванд асари пурарзише чун китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров такони нерўманде бахшид. Аммо аз рўи адолат бояд зикр кард, ки танҳо бо саъю кўшиши Президент Эмомалӣ Раҳмон ғояи худшиносии миллӣ ба сатҳи сиёсати давлат боло бардошта шуд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳамарўзаи хеш, суханони таъсирбахш ва таҳқиқоти амиқ дар бахши таърихи бостонии халқи тоҷик ба шаҳрвандони кишвар намунаи қобили таваҷҷўҳи ватанпарастӣ, посдории хотираи гузаштагон, ифшои асолати фурўзони гузаштаи дурро нишон медиҳад, то бо нуру таровати таърихи пурифтихори халқ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар созад. Зимнан, ў ба хубӣ дарк менамояд, ки асоси шукуфоии ҳар як давлатро ваҳдату дўстии ҳамаи халқҳо ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ўро намояндагони ҳамаи қавму миллатҳои муқими Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд. Ин боз як далели дигарест бар он, ки тамоми афкор ва омоли Сарвари давлат ба таъмини ҳаёти сазовори ҳамватанони худ, некўаҳволии тамоми қишрҳои ҷомеа аз тариқи рушди устувори кишвар равона шудааст. Маҳз бо чунин ниятҳои нек иқдоме ба амал омад, ки натиҷаи он қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба шарофати ибтикори Президент буд. Ин санаде, ки аз бисёр ҷиҳат мунҳасир ба фард аст, тасодуфан таҳия нашудааст. Сабаб ин аст: дар ҷараёни чандин сол хатнасуру тўйҳои арўсии бошукўҳ, вале миёншикан, ҷашнҳои пурхарҷ, ки дар баргузории онҳо, қабл аз ҳама, худнамоӣ, тақлид ва нафсоният зоҳир мегардиданд, бори сангине бар дўши ҷомеаи кишвар буданд.

Алалхусус, ин бори сангин барои хонаводаҳои камбизоат, ки буҷаи онҳо имкони таъмини чунин хароҷотро надошт, тоқатфарсо буд. Президент хуб мефаҳмид, ки "тўйҳои бошукўҳ" дар кишвар боиси афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ мешаванд ва қисми зиёди аҳолиро ба вартаи камбизоатӣ мекашанд. Маҳз бад-ин сабаб Президент дар мавриди манъи тўйҳои пуршукўҳ ва маросимҳои пурхароҷоти ёдбуд қарор қабул кард. Сарфи назар аз он, ки қарори Сарвари давлат ифодаи нияти нек ва тадбири оқилона буд, ба шикваи хомўшона ва мухолифати бесару садои доираҳои муайян рў ба рў шуд.

Ин ҳолатро чунин шарҳ додан мумкин аст: аввалан, коҳилии тафаккуру назари консервативии баъзеҳо монеъи навгониҳо мешавад ва, сониян, созмондиҳандагони маъракаву маросимҳои пуртантанаву бошукўҳ аксаран худи маъмурон ва кормандони идораҳои давлатӣ буданд. Аммо иқрор бояд шуд, ки Президент як ваҷаб ҳам аз роҳи худ ақиб барнагашт ва бо устуворӣ ба татбиқи ин қонуни моҳиятан инқилобӣ шурўъ намуд. Вай бовар дошт, ки ўро халқ, заҳматкашони оддӣ ва равшанфикрон ҷонибдорӣ мекунанд. Ў дар умедвории хеш иштибоҳ накарда буд. Имрўз ин қонун ба меъёри ҳаётӣ, ки пеши роҳи исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёдро мегирад, табдил ёфтааст ва ба аҳолии кишвар имкон медиҳад, то пасан-дозҳои худро ба зарурати иҷтимоӣ, таҳкими оилаҳои ҷавон ва омўзишу парвариши фарзандон харҷ намояд.

Дар мавриди ин, ки қарори Президент Эмом-алӣ Раҳмон ба кадом андоза дуруст ва мутобиқи тақозои замон буд, он далел низ шаҳодат медиҳад, ки ба таҷрибаи Тоҷикистон баъзе аз кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Ўзбекистон, таваҷҷўҳ зоҳир мекунанд ва онро пайравӣ менамоянд. Албатта, маҳдудияти ин очерки мухтасари мо имкони бештар таваққуф кардан, васеътар тавзеҳ додани нуктаҳои болоиро намедиҳад, вале бо вуҷуди ин мо хостем, то ба баъзе аз нукот таваққуф намоем:

1. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори асосии бинои сулҳу созиш дар кишвар (ки ўро ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақиман ҷонибдорӣ мекард) дар ин арса боз як хидмати хосаеро адо намудааст. Кори ниҳоят душворе чун раванди оштии миллӣ бидуни нобарории муваққатӣ ва бўҳронҳои марҳилавӣ поён намепазирад. Аз ҷумла, ҳолатҳое ба миён меомаданд, ки мухолифин гоҳе аз идомаи музокирот даст мекашиданд, гоҳе ҷаласаи Комиссияи оштии миллиро таҳрим ва тарк мекарданд. Дар чунин асно маҳз Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, ба пешвози мухолифин мерафт, ҳусни ният нишон медод, вале дар зимн аз усули риояти манфиатҳои тамоми миллат, тамоми халқи Тоҷикистон ақибнишинӣ намекард.

2. Артиши кишвар ё худ Қувваҳои Мусаллаҳи он яке аз замонатҳои истиқлолияти мамлакат аст. Дар Тоҷикистон артиш ба таври бояду шояд бо омадани Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат ташаккул ёфт.

Президент ба таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун ба яке аз вазифаҳои дараҷаи аввал на фақат ба хотири зарурати ин иқдом (зимнан, мулоҳизаҳои дигаре ҳам буданд) шурўъ намудааст, балки ин корро ба сифати қарзи конститутсионии хеш анҷом додааст. Зиёда аз ин, мутобиқи моддаи 69-уми Сарқонуни мамлакат Президент Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, қумондонҳои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳро ба вазифа таъйин ва аз вазифа сабукдўш менамояд; дар сурати хатари воқеӣ ба амнияти кишвар дар ҳудуди кишвар ё вилоёт ҳолати низомӣ эълон мекунад, Шўрои амният таъсис медиҳаду ба он роҳбарӣ менамояд, дар бораи тарфеъи дараҷаи қумондонҳои олирутба дастур медиҳад, шаҳрвандон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегардонад.

Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрои чунин ваколатҳои олӣ ва пурмасъулият ба раванди таъсису ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳамаи марҳалаҳо роҳбарӣ кардааст. Зимнан, махсусиятҳои ин равандро дар Тоҷикистон бояд ба назар гирифт. Ин махсусиятҳо хеле муҳим ва дар баъзе ҳолатҳо камназиранд. Гуфтани он кофист, ки дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва умуман кишварҳои узви ИДМ, ки нерўҳои мусаллаҳи худро дар заминаи ҷузъу том ва қисмҳои собиқ артиши шўравӣ таъсис додаанд, Тоҷикистон артиши худро дар ҷои холӣ таъсис доду ташаккул-ёбии онро аз сифр шурўъ намуд. Агар ба Қазоқистону Ўзбекистон васоити ҳарбии техникӣ ва моликияти округҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ комилан мерос монда бошанду Туркманистону Қирғизистон вориси васоити техникию моликияти ду сипоҳ шуда бошанд, пас ба Тоҷикистон чизе нарасид: на техника, на пойгоҳи низомию таълимӣ. Бар замми он, ки артишро мусаллаҳ кардан зарур аст, онро бо либосу ҷойгоҳ таъмин намудану сарбозону афсаронро таълим додан низ ҳатмист. Ин имконро бо роҳе ва аз ҷое бояд фароҳам кард. Баъд аз он, ки ҷабҳаи мардумӣ дар задухўрдҳои низомӣ ғолиб омад, силоҳу техникаи он - танк, норинҷак, радиостансия ва амсоли онҳо таҳти қайду назорат қарор гирифтанд.

Ва ин асоси муҳими аслиҳа ва пояи техникии Артиши Тоҷикистонро ташкил дод. Сипас он чӣ зарур буд, харидорӣ шуд: чархбол, танк, мошини нафарбари зиреҳпўш ва дигар намудҳои аслиҳаи сақил.

Тоҷикистон аз Вазорати мудофиаи Русия техникаи низомӣ гирифт, дар дигар бахшҳо низ кўмакҳое расиданд. Аммо техникае, ки Русия ба Тоҷикистон дод, асосан аз ҷумлаи васоити техникии низомие буд, ки дар ҷабҳаҳои ҷанги Афғонистон истифода шудааст ва тармими доимиро тақозо мекард. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон ёфтанду ба пои худ устувор истоданд. Имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қавианд ва тавонмандии дифоъ аз Ватану истиқлолияти онро доранд. Эмомалӣ Раҳмон ба ситодҳову ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба таври мунтазам ташриф мебарад, дар дидбонгоҳҳои марзӣ, хобгоҳҳои сарбозон ва тамрингоҳҳо бо низомиён боздиду мулоқот мекунад. Вай ҳар саре чанд дар машқҳои гуногуни низомӣ, тамринҳои тирандозӣ, сафороии низомиён ва маросими савганди сарбозон ширкат меварзад. Худи Президент низ барои хидмати содиқона ба Тоҷикистони азизаш, ба халқи кишвар савганд ёд намудааст ва ҳам ба сифати Сарвари давлат, ҳам ба сифати Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат савганди хешро ба ҷо меорад.

Эмомалӣ Раҳмон, бидуни шак, дар миёни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойгоҳи баланду сазовор дорад. Албатта, ин тасодуф нест. Вай пуштибонии халқи қадимаву соҳибхиради худро сазовор шуда, ба истиқрори сулҳ ва таҳкими тафоҳуму созиш дар мамлакат ноил гардид ва бо ин амалу ибтикори хеш ба эътирофи байналмилалӣ низ ноил шуд. Гуфтаҳо ва арзёбиҳои сиёсатмадорони машҳур, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ гувоҳи чунин маъруфиятанд.

Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан дар яке аз мусоҳибаҳои матбуотии худ ин гуна иброз доштааст: "Тоҷикистон ба дигар кишварҳо дар масъалаи ҳалли ихтилофоти дохилӣ мисоли беназире нишон дод. Ба андешаи ман, ин саҳми муҳими Тоҷикистон ба таърихи сулҳофаринист".

Владимир Путин - Президенти Федератсияи Русия дар ҷараёни яке аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон татбиқи ислоҳот ва раванди демократиро дар кишвари мо чунин арзёбӣ кардааст: "Он чӣ дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат аст".

Бешубҳа, имрўз бо гузашти бист сол аз он рўзи таърихӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада буд, метавон ҳамаҷониба тасдиқ кард, ки ташаккули давлати мустақили тоҷикон дар поёни ҳазорсолаи гузаштаву оғози ҳазорсолаи нав бо номи ў ва фаъолияти гуногунпаҳлуи вай робитаи мустаҳкам дорад. Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Ватан ва миллат бо саҳме, ки Авраам Линколн, де Голл, Камол Отатурк ва дигар шахсиятҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ дар замонҳои гуногун дар роҳи рушди кишварҳои худ гузоштаанд, метавон қиёс намуд. Ва имрўз ин воқеият комилан мусаллам аст.

Саидмурод ФАТТОЕВ,
Мансур САЙФИДДИНОВ

Add comment


Security code
Refresh