Президент ва сиёсати забон дар Тоҷикистон

Фаро расидани Рўзи Истиқлолият ҳар сол ба халқи кишварам шодмониҳои зиёд меорад. Аз сол ба соли дигар дар китоби таърих бо зикри дастовардҳои намоёни моддиву маънавӣ саҳифаҳои тоза кушода, моро ба ояндаи нек дилгарм ва ба бунёдкориҳои нав ҳидоят менамояд. Яке аз назаррастарин комёбиҳои маънавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон маҳсуб меёбад, ки он аз баҳои давлатӣ ба забон, муайян кардани ҷойгоҳи забон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар, қабул ва амалӣ кардани тадбирҳо оид ба таҳким ва рушди забон ба миён меояд.

 Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ буд. Аз рўйи диди сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсии онҳо муайян мегардид. Нуқтаи назари сарвар ва ходимони давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият, тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои иҷрои он сиёсати забонро дар мамлакат фароҳам меорад.

Ин иддаоро таҷрибаи таърихии Тоҷикистони тозаистиқлол собит кард, зиёда аз он бо бурҳону далелҳои воқеӣ ғанитар намуд. Падидаи Тоҷикистон дар бобати ҷойгоҳи иҷтимоию сиёсии забон дар давлатдорӣ ғанитар аст. Он дар гузоришоти Сарвари давлати мо бисёрҷабҳа, яъне дар робита бо таърихи миллат, дар давлатдорӣ, ташаккули маънавияти ҷомеа, ифтихори миллӣ, масъалаҳои бузургдошт, тозаву беолоиш маҳфуз доштани забони модарӣ маънидод мешавад.

Дар суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегардад. Чунончӣ, ў дар Паёми телевизионии худ ба муносибати 20-солагии Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 июли соли 2009) чунин гуфта буд: «Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пурнишебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад».

Дар ин як ҷумла сухан аз арзиши миллӣ, пояи давлатдории миллӣ, нишони возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик будани забони тоҷикӣ меравад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки андешаҳои Сарвари давлат дар амалияи зиндагиву фаъолияти халқи тоҷик таҷассум ёфт, ки ин падидаи серҷабҳаро дар таърихи забон бояд аз дастовардҳои пурарзиши илми забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика) шумурд. Алҳол метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ба туфайли ташаббус ва кўшишҳои пайгиронаи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳи таърих дар фаҳмиши моҳият ва корбурди забони миллӣ нуқтаи назар ва таҷрибаи ғаноманди амалӣ ба даст омад, ки аз он дар маҷмўъ сиёсати забон фароҳам мегардад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит кард, ки сиёсати забон аз се масъалаи ба ҳам марбут фароҳам меояд:

1.Нуқтаи назари давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият. Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълом дошт. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Дар воқеъ, чаро забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ бардошта шуд? Он дар қисмати халқи тоҷик чӣ нақши боризе дорад? Чанд масъалаи муҳими ҷавоби ин суолро номбар мекунем:

-забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус, таърихи қадимаи халқи мо аз рўйи далелҳои забонӣ маънидод шудаанд;

-забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик аст;

-забони модарӣ дар таърихи тўлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд;

-дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст;

-забони модарӣ яке аз чаҳор аломати шинохти миллати тоҷик мебошад.

Бо мақсади он ки нақши муҳими забони тоҷикӣ дар таърихи халқамон аёнтар шавад, яке аз ин масъалаҳо-банди охирро андак тавзеҳ менамоем: дар илми ҷамъиятшиносӣ мусаллам аст, ки ҳар як халқият дар мавриде ба мақоми миллат мерасад, ки ҷавобгўи чаҳор шарт бошад:

1) соҳиби сарзамин будан, яъне ватан доштан;
2) иқтисоди барқарор доштан, яъне бо сарвати моддию истеҳсолӣ таъмин будан;
3) дорои суннатҳои мардумӣ, яъне адабиёти хаттию шифоҳӣ, урфу одатҳои хоса будан;
4) соҳиби забони адабӣ будан.

Чунонки мебинем, яке аз аломатҳои шинохти миллат соҳибзабон будан аст. Баъд аз Инқилоби соли 1917, вақте ки дар сарзамини собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба созмони ҷумҳуриятҳои мухторӣ шурўъ шуд, бадхоҳони халқи тоҷик нахостанд, ки тоҷикон ҳамчун миллат шинохта, соҳиби давлат шаванд. Мусаллам аст, ки онҳо бо ин мақсад иддао пеш овардаанд, ки гўё таърих «тоҷикӣ» ном забонеро намедонад ва забоне, ки бо он тоҷикон гуфтугў мекунанд, як лаҳҷаи забони форсии Эрон мебошад.

Ин даъво дар шароити мафкураи болшевикӣ, ки оламро ба ду ҷаҳони оштинопазир – сотсиалистӣ ва сармоядорӣ ҷудо карда, бо дуюмӣ ҷанги шадид эълон карда буд, дар зимн маънои сиёсӣ низ дошт: диққати сарварони давлати шўравиро ба он равона мекард, ки аҳолии камшумор бо номии «тоҷик» дар Туркистон ҳам ба сабаби камнуфусӣ ва ҳам аз боиси забону мафкураи эронӣ доштан миллати алоҳида, зиёда аз он дар шароити сотсиалистӣ миллати соҳибдавлат шуда наметавонад.

Бадхоҳон ин «бозёфт»-и худро пас аз шинохти миллати тоҷик ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба кор бурданд. Дар солҳои таъқиботи сиёсӣ аз сарварони давлат ва аҳли зиёи Тоҷикистон ҳар киро нест карданӣ мешуданд, «хоини Эрон» гўён тўҳмат мекарданд ва ин кифоя буд, ки он шахс ё ҳукми паррон гирад ё умрбод бадарға шавад.

Дар ибтидои асри ХХ дар замони инқилоби хуношом, ки аҳли зиёи тоҷик дар шароити нав чандон осуда набуданд, ба қувваи пуртавони зиддихалқӣ суботкорона истодагарӣ кардан ҳунари ҳар кас набуд. Барои ин ба ҷуз дониши ҳарҷониба боз фидоии миллат будан ва шуҷоатмандии фавқулодда лозим буд, ки таърих чунин қаҳрамонро дар шахси устод Садриддин Айнӣ бозёфт.

Устод Садриддин Айнӣ барои ҳимояти забони тоҷикӣ пайваста на танҳо чандин мақолаи илмӣ ва публисистӣ навишт, балки дар муддати кўтоҳ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тартиб дода, соли 1926 дар Маскав чоп кунонд, ки он намунаи осори адибони тоҷикро аз Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сар карда, то Пайрав Сулаймонӣ дар бар мегирад ва ин на танҳо намунаи адабиёт, балки намунаи забони тоҷикӣ низ ба шумор меомад. Ин китоб зарбаи рустамона ба рақибони миллат буд.

Ҳамин тариқа, дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихи халқ нақши бориз доштани забони тоҷикӣ борҳо собит гардидааст. 2. Масъалаи дигаре, ки ба фаҳмиши моҳияти сиёсати забон марбут аст, андешидани тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо дар мамлакат мебошад. Муҳимтарин ҳуҷҷате, ки дар асоси он фаъолияти забон ба роҳ монда шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон мебошад, ки онро Иҷлосияи даҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул карда буд.

Дар Қонуни забон дар 8 бобу 37 модда мавқеи забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунанд, муайян карда шудааст. Қонун як забон – тоҷикиро забони давлатӣ эълон дошт. Чунончӣ, дар моддаи 1 омадааст: «Забони давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад».

Аввалин талаби Қонун ин буд, ки коргузории мақомоти ҳокимият, идораҳои давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба забони давлатӣ сурат бигирад.

Қабули Қонуни забон ҳанўз як тарафи масъала аст, вале татбиқи он тарафи дуюм ва ба карат душвори масъала ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дере нагузашта, 11 августи соли 1989 таҳти №142 «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон» интишор, барои амалӣ кардани онҳо комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дод. Дар «Тадбирҳо» вазифаҳои комиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вазоратҳои маориф, маданият, хидмати маишӣ, Госплан, Госснаб, кумитаҳои давлатӣ оид ба нашриёт ва савдои китоб, сарварони корхонаву муассисаҳо бо зикри мўҳлати иҷро гузориш дошт.

«Тадбирҳо» дастури барномавӣ буд, вале дере нагузашта дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, имкон надод, ки барнома пурра амалӣ гардад. Гузашта аз ин иддае аз ашхоси кўтоҳназар бўҳрони иқтисодии давраи гузаришро ба масъалаи аз Тоҷикистон фирор кардани мутахассисони русзабон вобаста карда, чўбро ба сари Қонуни забон шикастанӣ мешуданд ва ин иддао низ ба иҷрои барнома халал расонд. Дар асл бошад, қонун дар масъалаи амали забонҳо на танҳо ҳуқуқи конститутсионии халқу миллатҳои дигари маскуни Тоҷикистонро маҳдуд намекард, балки барои амали озодона ва такомули ҳамаи забонҳо мусоидат дошт.

Дар идораҳои давлатӣ, корхонаву муассисаҳо барои омўзиши забони тоҷикӣ курсҳои кўтоҳмуддати таълимӣ ташкил карда шуданд, ки барномаҳои он ба усули дар муқоиса бо забони модарии муҳассилин омўхтани забони давлатӣ асос ёфта буд, ки он ба такмили забони модарии ғайритоҷикзабонон низ муфид буд.

Бо рафъи бўҳрони иҷтимоӣ дар кишвар ва фароҳам омадани шароити мусоиди кору зиндагӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди татбиқи Қонуни забон соли 1996 бо сарварии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ комиссияи нав таъсис дод. Бо назардошти бурду бохт дар иҷрои «Тадбирҳо»-и соли 1991 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, таҳти №459 «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Мақсад ва вазифаҳои Барнома дар муқаддимаи он чунин баён гаштааст: «…барои он ки рафти иҷрои Қонуни забон ба талаботи рўзгори сиёсию иқтисодии имрўзаи мо мувофиқ бошад, зарурати барномае пеш омад, ки самтҳои асосии такмил ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намояд». Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарори худ аз 31 октябри соли 1995 № 662 ҳайати комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷдид ва тасдиқ карда, дар доираи ин комиссия дар ҳайати 5 нафар дастгоҳи корие таъсис дод, ки ба зиммаи он назорати татбиқи Қонуни забон ва тартиб додану амалӣ намудани барномаи тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 1999-ум ва баъди он вогузор намуд.

Азбаски ҷумҳурии мо давлати демократии ҳуқуқбунёд аст, дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷониба ва истифодаи озодонаи забони модарии ҳамаи бошандагон эътибор дода шудааст. Вале дар шароити давлатдории миллӣ зарурияте ба миён меояд, ки ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ забони халқеро, ки номи ҷумҳурӣ ба он алоқаманд асту мақоми давлатӣ гирифтааст, аз худ кунанд.

Мақсади Барнома аз он иборат аст, ки моддаҳои Қонуни забони ҷумҳурӣ пайгирона дар амал татбиқ гардида, тавассути тадбирҳои мушаххас дар таҳкими муносибатҳои миллӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳои забонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Тадбирҳое, ки дар Барномаи ҳукумат пешбинӣ шудаанд, шароит ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ, муайян намудани асосҳои илмию усулии омўзиши он дар ҳама навъи мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, тадвину танзим ва нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълим, табъу нашри адабиёт ба забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва соҳаҳои дигар, беҳтар кардани иштироки воситаҳои ахбори умум дар бобати тараққӣ ва омўзиши забони давлатӣ, боло бурдани сатҳи маданияти нутқ ва ғайраро дарбар мегиранд.

Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ ҳамеша ҳамқадами замон буда, дар баробари ҷамъият дар таҳаввулоти доимӣ қарор дорад. Сиёсати забон дар ҷумҳурии мо дигаргуниҳои воқеиро зуд дар худ инъикос менамояд. Чунончи, пас аз дувоздаҳ соли қабули Қонуни забон ҳаёт зарурати беҳтар донистани забони русӣ ва англисиро ба миён овард ва ин тақозои айём нақши худро дар сиёсати забон ёфт. Ба ин муносибат фармони Президенти мамлакатамон «Дар бораи такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз 4 апрели соли 2003 интишор ёфт, ки зарурати тасвиби он чунин арзёбӣ гаштааст: «Ҷиҳати рушди робитаҳои байналмиллалӣ, ғанӣ гардонидани дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқҳо, фароҳам овардани шароит барои суръатбахшии пешрафти илму техника, аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад».

3. Масъалаи дигари сиёсати забонро усулҳои ба амал баровардани нақшаву тадбирҳои давлатӣ ташкил менамоянд. Бо ин мақсад як силсила корҳои ташкилӣ андешида шудаанд, аз ҷумла:
-таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба татбиқи Қонуни забон дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;
-таъсиси комиссияҳои корӣ дар идора, корхона ва муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва ғайра;
-танзими нақшаҳои корӣ (аз мақомоти давлатӣ то муассисаҳо) баҳри татбиқи Қонуни забон;
-тарҳрезии барномаҳои нави таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанни забон барои мактабҳои миёна ва олӣ;
-ташкили дарсҳои забономўзӣ дар корхонаву муассисот ва ғайра. Қонуни забон баррасии як қатор масъалаҳои илмиро, амсоли таҳқиқи қонуниятҳои инкишофи забони давлатӣ дар шароити истиқлолияти миллӣ, муносибати давлат ва забон, равобити забони давлатӣ (тоҷикӣ) бо забонҳои дигар (русӣ, форсӣ ва ғайра) ба миён гузошт.

Қонуни забон, ки 22 июли соли 1989 қабул шуда буд, 20 сол амал кард. Суоле ба миён меояд, ки дар бобати сиёсати забон чӣ гуна комёбиҳо ба даст омаданд? Гуфтан ҷоиз аст, ки комёбиҳо хеле назаррасанд, аз ҷумлаи онҳо гузаштан аз забони ғайр ба забони миллати худ дар давлатдорӣ, дар ташкили истеҳсолот, илм, фарҳанг, таълиму тарбия комёбии бузург аст, ки аз дурустии сиёсати давлат нисбати забон ва тадбирҳои дар ин ҷода андешидашуда дарак медиҳад. Худи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷойи як забони пуртавон (русӣ) забони миллиро забони ягонаи давлатӣ эълом дошта, онро дар амал ҷорӣ намуд, таҷрибаи пурарзишу нотакрор аст.

Ҳаёт муттасил пеш меравад. Он дар назди ҷомеаву давлат ва рукнхои он вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Ин буд, ки Сарвари давлат зарурати қабули қонуни нави забонро ба миён гузошт, ки он таълиф гашт ва пас аз муҳокимаву таҳрир 3 октябри соли 2009 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро, ки «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, бояд қонуни комилан нав ҳисобид. Қонуни мазкур ба мисли пештара на ба ҳамаи забонҳои роиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад, балки он вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи танҳо забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд. Дар Қонуни мазкур ба ҷуз забони давлатӣ ва дар як маврид забонҳои бадахшонӣ (помирӣ)-ю яғнобӣ дигар забонҳо ном бурда нашудаанд. Аз ҷумла, моддае, ки дар Қонуни пештара нисбати забони русӣ вуҷуд дошт ва забони русиро «забони муоширати байни халқҳо дар ҳудуди Тоҷикистон» эълом дошт, фурўгузор шудааст.

Нотавонбинони миллат инро баҳона карда иғво намуданд, ки гўё ҷониби Тоҷикистон дар қонуни нав ба маҳдуд кардани амали забони русӣ пардохтааст. Иддаи иғвогар нодида мегиранд, ки дар қонуни нав сухан танҳо дар бораи забони давлатии ҶТ меравад, аз ҷониби дигар, дар банди алоҳидаи моддаи 4-и Қонун таъкид шудааст, ки «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд».

Ҳамчунин дар моддаҳои 8-забони таҳсил, 10-забони илм, 11-забони чорабиниҳои фарҳангӣ, 12-забони воситаҳои ахбори омма, 13-забони эълону рекламаҳо омадааст, ки дар ҳамаи ин мавридҳо истифодаи забонҳои дигар иҷозат дода мешавад. (1)

Каҷназарӣ ё ба ибораи дигар, таҳрифи иғвогаронаи мазмуни қонуни нави забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Русия, бахусус сарвар ва сиёсатмадорони он бетаъсир намонд. Аз ин рў, ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки дар чанде аз марказҳои илмию фарҳангии он давлати абарқудрат ба асли масъала рўшанӣ андозад. Муҳтавои сухани Президенти Тоҷикистон иборат аз он буд, ки ў ҳанўз дар соли 2008 ба муносибати Рўзи забон иброз дошта буд: «Дар бораи забони давлатӣ сухан ронда, мо ҳеч гоҳ роҳ намедиҳем, ки ба забонҳои миллатҳои дигари ҳамватанамон беъэтиноӣ сурат гирад. Баръакс, мо ба забон, фарҳанг, мактабҳои миллатҳои бародари худ эҳтиром дорем ва ҳамеша ғамхорӣ хоҳем кард, зеро бо онҳо тақдири мо, ватани мо, ифтихори мо муштарак мебошад».

Қонуни нав ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шудааст. Он вазифаҳои навбатии давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компутеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурўҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳарҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими навбатӣ маҳсуб меёбад.

Президент андешаҳои худро дар бораи густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба таври мухтасар ва ҷамъбастӣ чунин баён кардааст: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳараки қимматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».

Аз ин ҷост, ки барои татбиқи қонуни нав аз мақомоти давлатӣ сар карда то муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд ва дар садади иҷро қарор доранд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди мақомоти иҷроияи Ҳукумати Тоҷикистон бо 20 воҳиди корӣ аз далелҳои равшани ғамхории Сарвари давлат дар рушду нумўи забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Алҳол доираи васеи мутахассисон аз рўйи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 оид ба иҷрои дастуру супоришоти Президенти кишвар дар мулоқот ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 ба тасвиб расидааст, кор бурда истодаанд. Ба сатҳи талаботи илму техникаи муосир бардоштани забони тоҷикӣ, бо ин забон ба роҳ мондани технологияи нави соҳаи компютеркунонӣ ва шабакаи интернет, ҳамчунин таъмини таълими фанҳои замонавӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии барномаи мазкур ба шумор меравад.

Бо қарори мазкур вазорати идораҳо, ташкилоту муассисаҳо вазифадор шудаанд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва махсуси худ иҷрои чорабиниҳо барномавиро таъмин намоянд. Бо ин мақсад аз вазорат сар карда то муассисаҳои илмию таълимӣ нақшаи корӣ танзим ва роҳандозӣ гардидааст.

Як чашмандози иҷмолӣ ба комёбӣ ва таҷрибаи таърихии Қонуни забони ҷумҳурӣ басанда аст, ки чанд нуктаи муҳими илмӣ аз натиҷаи амали он дар Тоҷикистон ба назар расад ва минбаъд барои халқҳое, ки ба роҳи истиқлолият ворид мешаванд, ибратомўз бошад.

1. Забони давлатӣ бояд заминаи аҷдодӣ дошта бошад. Он дар амиқбурди таърихи миллат мусоидат ва чун яке аз аломатҳои шинохти миллат хидмат намояд. Таҷрибаи таърихи ташкили ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта низ зарурати ин омилро собит намуд.

2. Забони давлатӣ бояд забони модарии бузургони миллат: олимон, шоирон, нависандагон, санъаткорон, сиёсатмадорон бошад. Онҳо соҳибу бонии забону халқу миллати худ мебошанд. Бахусус адибон, ки устодони сухан ба шумор меоянд, забони халқро меомўзанд, онро софкориҳо карда, ба меъёр дароварда, дар ташаккул ва ғаномадии забони адабии миллати худ пайваста дар хидматанд.

3. Дар забони давлатӣ бояд руҳи миллӣ эҳсос гардад. Дар истифодаи рамзҳо, маҷозҳо, ташбеҳҳо, истиораҳо, дар калимасозӣ, калимабандӣ ва оҳанги гуфтор табиати хоси забони миллӣ риоя шавад.

4. Забони давлатӣ бояд дорои шохаҳои услубии халқиасос бошад, ки муҳимтаринаш услубҳои адабии китобӣ, халқии гуфтугўӣ ва шевагӣ ба шумор меравад. Моҳияти услуби адабии китобиро забони адабиёти классикӣ ташкил менамояд, асоси услуби гуфтугўйӣ ва шевагӣ бар забони халқ аст. Забони давлатӣ аз ин ду сарчашма ҳамеша шодоб гардида меистад. Ғановати забон ба сарчашмаҳои дигар низ алоқаманд аст, вале сарчашмаҳои мазкур ҷанбаи миллии забони адабиро фароҳам меоранд.

5. Забони давлатӣ воситаи инкишофи шуур ва тафаккури миллӣ мебошад. Ин аз нахустин вазифаи забони модарӣ маҳсуб меёбад. Шуур ва тафаккури инсон тавассути забон шакл мегирад ва вусъат мепазирад. Ба ибораи дигар, забон аломатҳои зоҳирӣ, ҷиҳати моддии шуур ва тафаккур ба шумор меравад.

Тоҷикистони тозаистиқлол дар сари роҳи бузурги тараққиёт қарор дорад. Албатта, дар ҳар соҳа норасоиҳо ҳастанд, дар масъалаи татбиқи Қонуни забон ва рушди забони давлатӣ низ корҳои заҳматталаби зиёд дар пешанд, аз он ҷумла, сифати таълими забонҳо дар мактабҳои миёнаву олӣ беҳбудӣ мехоҳад, ҳанўз ба дараҷаи кофӣ китобҳои дарсиву дастурҳои таълимии хуб надорем, қоидаҳои имло ва истилоҳоти соҳавӣ ба таҷдиди назар ниёз доранд, дар баъзе идора ва корхонаву муассисаҳо дафтардорӣ бо забони давлатӣ дар сатҳи матлуб нест ва монанди инҳо. Шубҳае нест, ки чунин норасоиҳо тадриҷан бартараф хоҳанд гашт.

Таъкид бояд кард, ки саҳми Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати забон ниҳоят бузург аст. Зикри мақоми бузурги забон дар таърихи халқи тоҷик, қонуниятҳои умумии инкишофи забон дар марҳилаи ҳозира, тадбирҳои беҳтар кардани таълими забонҳо ва бисёр масъалаҳои дигар дар гуфтаи зерини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ифода ёфтааст: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад”.

Муҳимтарин натиҷаи ташаккули сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон дар баёни муҷази Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтааст: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.

Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати сиёсати забон ба яке аз қисматҳои муҳими забоншиносии умумӣ – сотсиолинвистикаи умумиҷаҳонӣ маводи пурарзиши тадқиқотӣ манзур менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои Барнома дар муқаддимаи он чунин баён гаштааст: «…барои он ки рафти иҷрои Қонуни забон ба талаботи рўзгори сиёсию иқтисодии имрўзаи мо мувофиқ бошад, зарурати барномае пеш омад, ки самтҳои асосии такмил ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намояд». Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарори худ аз 31 октябри соли 1995, № 662 ҳайати комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷдид ва тасдиқ карда, дар доираи ин комиссия дар ҳайати 5 нафар дастгоҳи корие таъсис дод, ки ба зиммаи он назорати татбиқи Қонуни забон ва тартиб додану амалӣ намудани барномаи тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 1999-ум ва баъди он вогузор намуд.

Азбаски ҷумҳурии мо давлати демократии ҳуқуқбунёд аст, дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷониба ва истифодаи озодонаи забони модарии ҳамаи бошандагон эътибор дода шудааст. Вале дар шароити давлатдории миллӣ зарурияте ба миён меояд, ки ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ забони халқеро, ки номи ҷумҳурӣ ба он алоқаманд асту мақоми давлатӣ гирифтааст, аз худ кунанд.

Мақсади Барнома аз он иборат аст, ки моддаҳои Қонуни забони ҷумҳурӣ пайгирона дар амал татбиқ гардида, тавассути тадбирҳои мушаххас дар таҳкими муносибатҳои миллӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳои забонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Тадбирҳое, ки дар Барномаи ҳукумат пешбинӣ шудаанд, шароит ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ, муайян намудани асосҳои илмию усулии омўзиши он дар ҳама навъи мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, тадвину танзим ва нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълим, табъу нашри адабиёт ба забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва соҳаҳои дигар, беҳтар кардани иштироки воситаҳои ахбори умум дар бобати тараққӣ ва омўзиши забони давлатӣ, боло бурдани сатҳи маданияти нутқ ва ғайраро дарбар мегиранд.

Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ ҳамеша ҳамқадами замон буда, дар баробари ҷамъият дар таҳаввулоти доимӣ қарор дорад. Сиёсати забон дар ҷумҳурии мо дигаргуниҳои воқеиро зуд дар худ инъикос менамояд. Чунончӣ, пас аз дувоздаҳ соли қабули Қонуни забон ҳаёт зарурати беҳтар донистани забони русӣ ва англисиро ба миён овард ва ин тақозои айём нақши худро дар сиёсати забон ёфт. Ба ин муносибат фармони Президенти мамлакатамон «Дар бораи такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз 4 апрели соли 2003 интишор ёфт, ки зарурати тасвиби он чунин арзёбӣ гаштааст: «Ҷиҳати рушди робитаҳои байналмилалӣ, ғанӣ гардонидани дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқҳо, фароҳам овардани шароит барои суръатбахшии пешрафти илму техника, аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад».

3. Масъалаи дигари сиёсати забонро усулҳои ба амал баровардани нақшаву тадбирҳои давлатӣ ташкил менамоянд. Бо ин мақсад як силсила корҳои ташкилӣ андешида шудаанд, аз ҷумла:
-таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба татбиқи Қонуни забон дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;
-таъсиси комиссияҳои корӣ дар идора, корхона ва муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва ғайра;
-танзими нақшаҳои корӣ (аз мақомоти давлатӣ то муассисаҳо) баҳри татбиқи Қонуни забон;
-тарҳрезии барномаҳои нави таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанни забон барои мактабҳои миёна ва олӣ;
-ташкили дарсҳои забономўзӣ дар корхонаву муассисот ва ғайра.

Қонуни забон баррасии як қатор масъалаҳои илмиро, амсоли таҳқиқи қонуниятҳои инкишофи забони давлатӣ дар шароити истиқлолияти миллӣ, муносибати давлат ва забон, равобити забони давлатӣ (тоҷикӣ) бо забонҳои дигар (русӣ, форсӣ ва ғайра) ба миён гузошт.

Қонуни забон, ки 22 июли соли 1989 қабул шуда буд, 20 сол амал кард. Суоле ба миён меояд, ки дар бобати сиёсати забон чӣ гуна комёбиҳо ба даст омаданд? Гуфтан ҷоиз аст, ки комёбиҳо хеле назаррасанд, аз ҷумлаи онҳо гузаштан аз забони ғайр ба забони миллати худ дар давлатдорӣ, дар ташкили истеҳсолот, илм, фарҳанг, таълиму тарбия комёбии бузург аст, ки аз дурустии сиёсати давлат нисбати забон ва тадбирҳои дар ин ҷода андешидашуда дарак медиҳад. Худи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷойи як забони пуртавон (русӣ) забони миллиро забони ягонаи давлатӣ эълом дошта, онро дар амал ҷорӣ намуд, таҷрибаи пурарзишу нотакрор аст.

Ҳаёт муттасил пеш меравад. Он дар назди ҷомеаву давлат ва рукнхои он вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Ин буд, ки Сарвари давлат зарурати қабули қонуни нави забонро ба миён гузошт, ки он таълиф гашт ва пас аз муҳокимаву таҳрир 3 октябри соли 2009 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро, ки «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, бояд қонуни комилан нав ҳисобид. Қонуни мазкур ба мисли пештара на ба ҳамаи забонҳои роиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад, балки он вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи танҳо забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд. Дар Қонуни мазкур ба ҷуз забони давлатӣ ва дар як маврид забонҳои бадахшонӣ (помирӣ)-ю яғнобӣ дигар забонҳо ном бурда нашудаанд. Аз ҷумла, моддае, ки дар Қонуни пештара нисбати забони русӣ вуҷуд дошт ва забони русиро «забони муоширати байни халқҳо дар ҳудуди Тоҷикистон» эълом дошт, фурўгузор шудааст.

Нотавонбинони миллат инро баҳона карда, иғво намуданд, ки гўё ҷониби Тоҷикис-тон дар қонуни нав ба маҳдуд кардани амали забони русӣ пардохтааст. Иддаи иғвогар нодида мегиранд, ки дар қонуни нав сухан танҳо дар бораи забони давлатии ҶТ меравад, аз ҷониби дигар, дар банди алоҳидаи моддаи 4-и Қонун таъкид шудааст, ки «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд».

Ҳамчунин дар моддаҳои 8-забони таҳсил, 10-забони илм, 11-забони чорабиниҳои фарҳангӣ, 12-забони воситаҳои ахбори омма, 13-забони эълону рекламаҳо омадааст, ки дар ҳамаи ин мавридҳо истифодаи забонҳои дигар иҷозат дода мешавад. (1)

Каҷназарӣ ё ба ибораи дигар, таҳрифи иғвогаронаи мазмуни қонуни нави забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Русия, бахусус сарвар ва сиёсатмадорони он бетаъсир намонд. Аз ин рў, ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки дар чанде аз марказҳои илмию фарҳангии он давлати абарқудрат ба асли масъала рўшанӣ андозад. Мўҳтавои сухани Президенти Тоҷикистон иборат аз он буд, ки ў ҳанўз дар соли 2008 ба муносибати Рўзи забон иброз дошта буд: «Дар бораи забони давлатӣ сухан ронда, мо ҳеч гоҳ роҳ намедиҳем, ки ба забонҳои миллатҳои дигари ҳамватанамон беэътиноӣ сурат гирад. Баръакс, мо ба забон, фарҳанг, мактабҳои миллатҳои бародари худ эҳтиром дорем ва ҳамеша ғамхорӣ хоҳем кард, зеро бо онҳо тақдири мо, ватани мо, ифтихори мо муштарак мебошад».

Қонуни нав ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шудааст. Он вазифаҳои навбатии давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компутеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурўҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳарҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими навбатӣ маҳсуб меёбад.

Президент андешаҳои худро дар бораи густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба таври мухтасар ва ҷамъбастӣ чунин баён кардааст: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳараки қимматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».

Аз ин ҷост, ки барои татбиқи қонуни нав аз мақомоти давлатӣ сар карда то муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд ва дар садади иҷро қарор доранд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди мақомоти иҷроияи Ҳукумати Тоҷикистон бо 20 воҳиди корӣ аз далелҳои равшани ғамхории Сарвари давлат дар рушду нумўи забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Алҳол доираи васеи мутахассисон аз рўйи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 оид ба иҷрои дастуру супоришоти Президенти кишвар дар мулоқот ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 ба тасвиб расидааст, кор бурда истодаанд. Ба сатҳи талаботи илму техникаи муосир бардоштани забони тоҷикӣ, бо ин забон ба роҳ мондани технологияи нави соҳаи компютеркунонӣ ва шабакаи интернет, ҳамчунин таъмини таълими фанҳои замонавӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии барномаи мазкур ба шумор меравад.

Бо қарори мазкур вазорати идораҳо, ташкилоту муассисаҳо вазифадор шудаанд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва махсуси худ иҷрои чорабиниҳо барномавиро таъмин намоянд. Бо ин мақсад аз вазорат сар карда то муассисаҳои илмию таълимӣ нақшаи корӣ танзим ва роҳандозӣ гардидааст.

Як чашмандози иҷмолӣ ба комёбӣ ва таҷрибаи таърихии Қонуни забони ҷумҳурӣ басанда аст, ки чанд нуктаи муҳими илмӣ аз натиҷаи амали он дар Тоҷикистон ба назар расад ва минбаъд барои халқҳое, ки ба роҳи истиқлолият ворид мешаванд, ибратомўз бошад.

1. Забони давлатӣ бояд заминаи аҷдодӣ дошта бошад. Он дар амиқбурди таърихи миллат мусоидат ва чун яке аз аломатҳои шинохти миллат хидмат намояд. Таҷрибаи таърихи ташкили ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта низ зарурати ин омилро собит намуд.

2. Забони давлатӣ бояд забони модарии бузургони миллат: олимон, шоирон, нависандагон, санъаткорон, сиёсатмадорон бошад. Онҳо соҳибу бонии забону халқу миллати худ мебошанд. Бахусус адибон, ки устодони сухан ба шумор меоянд, забони халқро меомўзанд, онро софкориҳо карда, ба меъёр дароварда, дар ташаккул ва ғаномадии забони адабии миллати худ пайваста дар хидматанд.

3. Дар забони давлатӣ бояд руҳи миллӣ эҳсос гардад. Дар истифодаи рамзҳо, маҷозҳо, ташбеҳҳо, истиораҳо, дар калимасозӣ, калимабандӣ ва оҳанги гуфтор табиати хоси забони миллӣ риоя шавад.

4. Забони давлатӣ бояд дорои шохаҳои услубии халқиасос бошад, ки муҳимтаринаш услубҳои адабии китобӣ, халқии гуфтугўӣ ва шевагӣ ба шумор меравад. Моҳияти услуби адабии китобиро забони адабиёти классикӣ ташкил менамояд, асоси услуби гуфтугўйӣ ва шевагӣ бар забони халқ аст. Забони давлатӣ аз ин ду сарчашма ҳамеша шодоб гардида меистад. Ғановати забон ба сарчашмаҳои дигар низ алоқаманд аст, вале сарчашмаҳои мазкур ҷанбаи миллии забони адабиро фароҳам меоранд.

5. Забони давлатӣ воситаи инкишофи шуур ва тафаккури миллӣ мебошад. Ин аз нахустин вазифаи забони модарӣ маҳсуб меёбад. Шуур ва тафаккури инсон тавассути забон шакл мегирад ва вусъат мепазирад. Ба ибораи дигар, забон аломатҳои зоҳирӣ, ҷиҳати моддии шуур ва тафаккур ба шумор меравад.

Тоҷикистони тозаистиқлол дар сари роҳи бузурги тараққиёт қарор дорад. Албатта, дар ҳар соҳа норасоиҳо ҳастанд, дар масъалаи татбиқи Қонуни забон ва рушди забони давлатӣ низ корҳои заҳматталаби зиёд дар пешанд, аз он ҷумла, сифати таълими забонҳо дар мактабҳои миёнаву олӣ беҳбудӣ мехоҳад, ҳанўз ба дараҷаи кофӣ китобҳои дарсиву дастурҳои таълимии хуб надорем, қоидаҳои имло ва истилоҳоти соҳавӣ ба таҷдиди назар ниёз доранд, дар баъзе идора ва корхонаву муассисаҳо дафтардорӣ бо забони давлатӣ дар сатҳи матлуб нест ва монанди инҳо. Шубҳае нест, ки чунин норасоиҳо тадриҷан бартараф хоҳанд гашт.

Таъкид бояд кард, ки саҳми Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати забон ниҳоят бузург аст. Зикри мақоми бузурги забон дар таърихи халқи тоҷик, қонуниятҳои умумии инкишофи забон дар марҳилаи ҳозира, тадбирҳои беҳтар кардани таълими забонҳо ва бисёр масъалаҳои дигар дар гуфтаи зерини мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ифода ёфтааст: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад”.

Муҳимтарин натиҷаи ташаккули сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон дар баёни мўъҷази Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтааст: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.

Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати сиёсати забон ба яке аз қисматҳои муҳими забоншиносии умумӣ – сотсиолингвистикаи умумиҷаҳонӣ маводи пурарзиши тадқиқотӣ манзур менамояд.

Абдусаттор АБДУҚОДИРОВ,
профессор, раиси Комиссияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров оид ба татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh