Қадри устод беш аз падар медонист

Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили сулҳ, тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, рукнҳои ҳокимияти давлатиро такмил ва обрўю нуфузи хосаи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ афзоиш дод. Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

 Баробари ҷашнгирии 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи саодатманди кишварамон 90-солагии таъсисёбии мақомоти судӣ-муҳофизатгари инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро таҷлил дорад.

Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми мавҷудияташ худ адолати судиро ҳадафи асосии худ қарор дод. Чун зина ба зина саҳафоти таърихи 90-солаи мақомоти судиро дар кишвар варақ мезанем, аз рушду такомул, мустаҳкамшавии низоми он бохабар мегардем ва бароямон возеҳ мешавад, ки дар марҳилаи соҳибистиқлолии кишвар он хело мукаммал ва ҷавобгўи замони муосир гардида, давра ба давра ислоҳоти судӣ–ҳуқуқӣ таҳким ёфтааст. Одатан дар зиндагӣ кас ба чеҳраҳои дурахшоне дучор меояд, ки абаддудаҳр дар хотираш нақш мебандад. Чунин чеҳраҳо, пеш аз ҳама, устодон, волидону мураббиён, дўсти бачагӣ, ҳамкорон, ки чун ситораҳо дар хотири инсон нақш мебанданд.

Агар судяҳо, ҳомиёни ҳуқуқро низ дар ин радиф ҷой медодем, аз рўи адолат мебуд. Чунки маҳз онҳо роҳи рост, риоя кардану ба рўи қонун пой нагузоштан ва ғуломаш буданро талқин ва баҳри тарбияи инсони ботаҷриба кўшиш ба харҷ медиҳанд, қилро аз хамир ҷудо ва адолати судиро барқарор менамоянд.

Ҳақ бар ҷониби Сарвари дурбину абармарди миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудааст: «Фаромўш насозед, ки Шумо на ба хотири айбдоркунӣ, балки барои тантанаи адолат маҳкум менамоед ва ҳомии қонуни таъминкунандаи волоияти он дар ҷомеа мебошед». Воқеан, дар раванди созмон додани ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷроишаш ниҳоят бузург аст. Дар саргаҳи раванди бунёди он як зумра ҳуқуқшиносоне қарор доранд, ки зикри исми муборакашон баҳри бунёди қасри адл шоистаи садҳо достонанд.

Онҳо кўшиши зиёд ба харҷ додаанд. Поси хотираҳои рафтагони ин ҳомиёни арзандаи ҳуқуқ ва давлат фарз асту суннат. Дар қатори чунин шахсиятҳои нотакрор фидоии касби хеш, дилсўзи миллат, месазад, исми мубораки Салимбой Фатҳиллоевро зикр намоем.

Ин қонундони варзида соли 1951 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, дастпарвари факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти кориаш дар мақомоти адлия ва судҳо соли 1977 оғоз гардидааст. Солҳои 1978-1988 ба ҳайси судяи Суди халқии шаҳри Панҷакент, сипас раиси он адои вазифа намудааст. Солҳои 1988-1993 раиси Суди вилояти Хатлон, солҳои 1993 то соли 2000 раиси Суди шаҳри Панҷакент, солҳои 2000-2005 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2009 муовини аввали Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Вақте, ки зиндагиномаи ин марди шарифро варақгардон менамоем, маҳз ҳамин маъно бармеояд. Аз ин сафҳоти китоби ҳаёт меҳри самимии беғаши фарзандона бар ин сарзамину диёр ҳувайдо мегардад. Ботамкинӣ, чеҳраи кушод, самимияту маърифати баланд, некроӣ хислати ин марди шариф буд. Салимбой Фатҳиллоев бо хушчақчақиву зиндадилиаш гули сари сабади маҳфилҳо буд. Дўстон сўҳбатҳои пурмўҳтавояшро интизору аз он барои худ маънои зиёд мебардоштанд.

Ин марди саропо нуру эҳсон, ҳуқуқдони варзида, боз дўстдори шеъру шоирӣ аз наздик бо Лоиқи зиндаёд, ҳамнишину риштаҳои дўстӣ дошт.

Дар бораи Лоиқ ҳарф, зада Салимбой Фатҳиллоев бо меҳри хосае меафзуд, ки ҳувияти миллӣ, ифтихор аз ватану миллат, забону фарҳанги тамаддунофари тоҷик, сарнавишти наслҳои он мавзўи шеърҳои баландпарвози ин нобиғаи назм буд. Мисраъҳоеро аз абёти дўсти соҳибзабони худ бо некӣ зикр мекард:
Дар ғами номуси миллат,
Камтарин тоҷик агар чун ман бисўзад.
Аз фурўғи рўзи миллат,
Бе муҳобот хонаи душман бисўзад.

Магар эҳсос карда буд, ки мисраъҳои зеринро такрор ба такрор мегуфт:
Ало, эй асри бисту як, аҷаб нест,
Ки оғозаш бувад анҷоми Лоиқ.

Қарни ХХI интиҳои умри Лоиқу Фатҳиллоев гашт. Рафтанд пешу қафо зи даҳр дилсупурдаҳои шеъру муборизи адолат.

Хусусиятҳои хосаи ин марди ҳуқуқшинос забондониву эҳтироми махсус нисбат ба он буд. Бисёр ба мушоҳида мерасид, ки ново-баста аз пешаи душвор С.Фатҳиллоев бештар рў ба адабиёту шеъру шоирӣ меовард.

Аҷаб не ин табиати хосаи зодагони диёри Рўдакӣ бошад. Зимни суханронӣ кам набуданд лаҳзаҳое, ки ў суханонашро бо мисраъҳои нобиғаҳои забон Рўдакиву Лоиқ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил хулоса мекард.

Ба ҷавонон бештар талқини як нуктаро дошт: бештар хонанд, омўзанд, забони зебову шеваи тоҷикиро беҳтар донанд.

- Забон ҳастии миллат ва пояи давлат аст ва бояд ин поя ва ҳастиро эҳтиром кунем, - таъкид мекард ў ба ҳамкасбон ва шогирдони худ. Вақте навиштаеро бо қарорҳои судӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ баҳри шиносоӣ ва ё машварат кормандони суд манзураш мекарданд, пеш аз ҳама, ба мўҳтавою мундариҷа, шаклҳои ҷумлабандиву истифодаи калимаҳои ноби забони давлатӣ эътибори махсус медод.

Нафаре аз ҳамкорон ёдовар мешавад, ки чӣ тавр пас аз шиносоӣ бо навиштаҳояш ин марди фозил ўро наздаш шинонида, оид ба тарзу услуби забондонӣ ва бо ифшо овардани он дар санадҳои судӣ сўҳбати пурмўҳтаво мекунад.

Рўи мизи кориашро то рўзи вопасини ҳаёташ мисраъҳои зерин оро медоданд:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.

Дар пештоқи утоқи кориаш мисраъҳои Лоиқ сабти худро ёфта буданд:
Он яке дашту даман гумкардае,
Он яке боғу чаман гумкардае.
Аз забони модарӣ гумкарда лек,
Мерасад рўзе ватан гумкардае.

Саҳифаҳои зиндагиномаи ў пур аз рушду нумўъ аст. Барои то чӣ андоза воқеият будани гуфтаҳои боло як саҳифаи ҳаёти Салимбой Фатҳиллоевро варақ мезанем.

Мусаллам аст, ки ҷомеа ба омўзгор ниёз дорад ва ҳурмату эҳтироми устод амрест воҷиб. С.Фатҳиллоев ба ҳама талқини як вочаро насиҳат дошт:

«Ҳар касе, ки устод дорад, то охири ҳаёташ бояд ин шахси мўътабарро ҳурмату эҳтиром кунад. Қадри устод аз падар ҳам зиёд аст. Ў ба шогирд ғайр аз илму адабу ҳунар боз бахту саодат меомўзад». Боре шоҳид гардидам, ки ба наздаш устоди давраҳои таҳсилоташ, ки аз забони модарӣ таълим медод, ташриф овард. Ў либоси оддӣ дар бар дошт. Баробари ворид шуданаш ба утоқи кориаш шогирд новобаста аз он, ки дар вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон менишаст, хушҳолона аз ҷой бархеста, ба пешвози устодаш шитофт, гарм ба оғўш гирифт ва ба курсии боло ҷой дода, худ поён нишаст. Пас аз каме сўҳбат бо устоду гусели самимиаш мисраъҳои ноби шоири дўстдоштааш Абдураҳмони Ҷомиро зикр намуд:

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бехирад рўзгор.

-Таълиму тарбия ба маърифату маънавиёти ҳар фарди ҷомеа вобастагӣ дорад,- таъкид мекард ў.

Мисоли дигар аз ҳаёти С. Фатҳиллоев худ ифшогари шахсияти ўст. Хело ва хело афсўс мехўрд аз он, ки дар ҷомеа ёфт мешаванд, ашхосе, ки барояшон сарвату дороӣ аз ҳама чиз боло, ҳатто, аз падару модар меистад.

Ў нисбат ба чунин ашхос тараҳҳумро намепарастид. Боре парвандаи ҷиноятиро нисбати қотиле баррасӣ кард, ки теғ бар сари падар бардоштааст. Қиблагоҳӣ ҷоми шаҳодат аз дасти фарзанди нохалаф нўшид. Модар илтиҷо дошт, ки ў барояш ягона аст ва нисбаташ тараҳҳум созанд. Фарзанд даст бар сари падар бардошт ва сабаб он буд, ки ў оилаи дигар барпо ва соҳиби фарзанд гардидааст. Баҳри мероси падар бо дасти зодаи худ аз ҳаёт маҳрум карда шуд ва, албатта, барои ин куштор қотил дар симои фарзанд ҷазои худро бо дасти қонун гирифт.

Эй, ки меорӣ гуноҳи бас азим,
Гар гунаҳ киштӣ, барӣ ҷаври алим.

Чун шогирд шоҳиди он будам, ки баррасии чунин парвандаҳо барояш хело вазнину дилхарош буданд. Харобкунанда аз он лиҳоз, ки аз ҳаёт маҳрум мешаванд нафароне, ки қиблагоҳашон меномему ҷаннатро зери қудумаш пойандоз карданием.

-Даст бардоштан бар сари ин ду офаридгор гуноҳест нобахшиданӣ на аз ҷониби он яздони поку на аз ҷониби қонун, - мегуфт ў андешамандона.

Мисолҳои зайлро аз пайкори ин ҳомии қонун метавон садҳо зикру баён сохт ва ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳеч ягон амали хайр, ки ба суботу оромии ҷомеа, мубориза бо бадӣ равон гаштааст, аз хотираҳо зудуда нахоҳанд гашт. Онҳо лоиқи лавҳаю очерк ва достонҳои зиёданд.

Имрўзҳо садҳо шогирдони инсони бузург Салимбой Фатҳиллоев дар ҳокимияти судӣ ва дар дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ адои вазифа намуда, гуфтаҳои устодро сармашқи фаъолият мекунанд. Гарчанде умр бевафогӣ карду дар синни 59-солагӣ, дар авҷи камолоти фаъолият ў реҳлат зи дунёи фонӣ кард, дар таърихи садҳо шахсиятҳои нотакрор мунодии ҳифзи қонуну адолат номаш чун фидоии касби хеш, дилсўзи миллат боқӣ монд.

Гарчӣ имрўз нест андар қатор,
Ҳар замон биншаста ёдаш мекунем.
Баҳри ў шоиста мо ҳарфе зада,
Дар даруни хок шодаш мекунем.

Дилбари Маҳмадшароф, судяи Суди вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh