Конститутсия – бахтномаи миллат

Ба қарибӣ халқи Тоҷикистон ҷашни фархундаю хуҷаста – 20 – умин солгарди ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рўзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳим- тарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар ме гардад».

Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Дар таърихи кишвари мо ҳамагӣ панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар, аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Дар ин рўзҳои пур аз шодиву сурури таҷлили ҷашни 20 – умин солгарди Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудан аз саъю талошҳои созандаи Сарвари давлат ҷиҳати таҳия ва қабули Қонуни Асосии кишвар басо муҳим аст.

Дар ҷодаи бунёди заминаҳои давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, қабули Конститутсияи суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи ХVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Дар ҷаласа масъалаи таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ гузоштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ҳайати нави комиссияи конститутсионӣ тасдиқ шуд.

Қайд шуд, ки дар Раёсати Шўрои Олӣ гурўҳи корӣ таъсис ёфтааст. Дар маърўза Сарвари давлат дар бораи Сарқонун зикр ёфтани масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократияи сиёсӣ, шаклҳои идораи давлатӣ, андешаҳои хосаи хешро иброз намуданд. Масалан, дар мавриди гуногунандешии сиёсӣ чунин таъкид ёфт: «Табиист, ки давлати тозабунёди тоҷикон, агар он аз қатори давлатҳои мутараққӣ ва мутамаддин ҷой гирифтанӣ бошад, бояд аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ кунад. Гуногунандешии сиёсӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳост, ки мо онро қабул дорем». Дар Иҷлосияи ХIХ Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (20 июли соли 1994) мавриди муҳокима қарор ёфт. Дар маърўза марҳилаҳои асосии таҳияи лоиҳаи Конститутсия зикр ёфтанд. Ҳайати корӣ аз аввали моҳи ноябри соли 1993 ба кор оғоз намуд ва бо истифода аз таҷрибаи бойи ҷаҳонӣ лоиҳаро таҳия намуд. Аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Сарқонун ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардид. Дар тўли зиёда аз ду моҳи муҳокима беш аз 8,5 ҳазор пешниҳодҳои ҳамватанон ворид гардиданд. Аз ин лиҳоз Конститутсияро халқӣ меноманд, зеро дар таҳияи он худи халқ ширкат варзидааст.

Дар рафти таҳлили лоиҳа Сарвари давлат доир ба такмили он пешниҳодҳои зерин ба миён оварданд:
-номи қонуни асосӣ-Конститутсия (Сарқонун) номида шавад;
-Дар Сарқонун иродаи халқ ҳамчун асоси қабули Сарқонун ва таъсиси давлати нави Тоҷикистон эълон шудааст;
-Таъкид меёбад, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар лоиҳаи Конститутсия масъулияти давлатро дар назди ҷамъият ва шаҳрванд пешбинӣ мекунад ва ба ҳамин тартиб афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсонро сабт менамояд». Дар рафти баррасӣ Сарвари давлат доир ба дигар нуктаҳои Сарқонун, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Сарқонун аҳамияти бузурги таърихӣ доштанд. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид, барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минъбадаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия чунин ибрози ақида кардаанд: «Муҳимтар аз ҳама Конс-титутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем». Мақсади мардуми кишвар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар ин замина бояд:

Якум, дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон низ бунёди чунин давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ мақсад дорад.

Дуввум, дар асоси ҳамин принсип Тоҷи-кистон давлате бунёд мекунад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, зиндагии шоистаи онҳо дар заминаи арзишҳо ва суннатҳои миллӣ таъмин гардад.

Саввум, нисбати принсипи давлати иҷтимоӣ зикр мегардад, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Дар заминаи ин арзиш имрўз тамоми тадбирҳои Ҳукумат барои беҳбуди рўзгори мардум равона гаштааст.

Чорум, рукни муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Дар заминаи Сарқонун ҳаёти ҷамъият дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ин принсип аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд. Панҷум, Конститутсия ормон ва андешаи дунявии мардуми тоҷикро ифода намудааст. Дар асоси он ташкилотҳои динӣ дар асоси принсипи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти диниашон таъсис дода мешавад. «Дин ва муносибатҳои динии одамон кори хусусӣ мебошад. Дар ҷое, ки масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои истиқлолият ва амнияти давлат пеш меояд, дин бояд дар хизмати онҳо қарор гирад», - таъкид кардаанд Сарвари давлат.

Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар соҳаи сиёсии ҳуқуқӣ он фарогири принсипи ҳокимияти халқӣ (моддаи 6), принсипи волоияти қонун ва озодии инсон (моддаи 5), принсипи тақсимоти ҳокимият (моддаи 9) мебошад. Дар соҳаи иқтисодӣ– иҷтимоӣ бошад, принсипҳои гуногунӣ ва баробарии шаклҳои моликият (моддаи 12), самти иҷтимоии сиёсати давлат (моддаи 1, қисми 2) инъикоси худро ёфтаанд. Тибқи Конститусия (Сарқонун) дар соҳаи фарҳангию мафкуравӣ принсипҳои гуногунии мафкуравӣ (моддаи 8, қисми 1), ҷудо будани мафкура аз давлат (моддаи 8, ыисми 2) татбиқ мегарданд. Шоистаи тазаккур аст, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар соҳаи байналхалқӣ принсипҳои ошкоро будани системаи ҳуқуқии Тоҷикистон нисбат ба принсип ва меъёрҳои байналхалқӣ (моддаҳои 10-11) муайян мешаванд.

Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд. Дар қатори онҳо ин дастовардҳоро дар кишвари азиз ном бурдан мумкин аст:
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллиро эҳё намуда, ба волоияти ҳокимияти давлатӣ замина гузошт.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсиониро эҳё намуд.

Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Ин аст, ки дар заминаи муқаррароти Конститутсия халқи кишвар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, парлумони касбиро таъсис дод. Вобаста ба талаботи ҷомеаи имрўза дар асоси Конститутсия сохторҳои нави идоракунӣ ташкил ва сохторҳои пешина тағйиру такмил дода шуданд. Ба ҷои Шўрои Олӣ ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷои Президиуми Шўрои Олӣ Раёсати Маҷлиси Олӣ, ба ҷои Раиси Шўрои Олӣ Раиси

Маҷлиси Олиро муқаррар кард. Дар асоси муқаррароти Конститутсияи соҳибистиқлол дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ – рукни муҳимтарини сохти мардумсолорӣ бунёд ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ низ дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд. Гуногуншаклии моликият ва рушди озоди соҳибкорӣ аз ҷониби давлат ва ҷамъият пуштибонӣ меёбад. Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар со- ҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.

Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд. Имрўз баъди сипарӣ гардидани 20 сол аз қабули Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Ҷамшед Ҷўрабоев,
номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh