Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент

Маълум, ки моҳи феврали соли 2015 - ум мўҳлати ваколати вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ ба итмом мерасад. Дар назар аст, ки барои интихоби вакилон ба парламент ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихобот баргузор мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба интихоботи қарибулвуқўъ дар толори маҷлисҳои Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуот» бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон маҳфили навбатии «Ҳамкориҳои иҷтимоӣ»-и Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардида, ба мавзўи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент дар Тоҷикистон» бахшида шуд.

 

Котиби Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ҷаласаро ифтитоҳ карда, дар бораи мақсади баргузории он мухтасар маълумот дод.

Муовини аввали Раиси вилоят, намояндаи ваколатдори Раиси вилояти Суғд дар Шўрои ҷамъиятӣ Ҷумъабой Сангинов намояндагони Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ хайрамақдам гуфт ва ба кори ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятӣ барор хост.

Вай, ҳамчунин, дар хусуси дастовардҳои меҳнатии мардуми вилоят маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки дар нўҳ моҳи соли равон ду маротиба сафари кории Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сурат гирифт ва меҳнаткашон баҳри амалӣ гардонидани супоришу ҳидоятҳои Президенти кишвар, ҳамчунин, таъмини иҷрои ҳадафҳои асосии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ – таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба кор даровардани корхонаҳои саноати сабук, амалӣ гардондани Барномаи «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» корҳои мушаххасро ба сомон расонданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар қаламрави вилоят 31 ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолияти доманадор доранд.

Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Қурбоналӣ Раҳмонзода аз ҷумла иброз дошт, ки дар Тоҷикис-тон 8 ҳизби сиёсӣ, ки дар асоси қонун ба қайд гирифта шудааст, фаъолият доранд. Ҳамаи онҳо баҳри пешбурди корашон Барномаҳои алоҳида доранд ва иштироки ҳизбҳо дар интихоботи парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ дар ҳамин доира ҷараён мегирад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қарибӣ халқи тоҷик 20-солагии қабул шудани онро таҷлил хоҳад кард, кафолат медиҳад, ҳар шаҳрванди кишвар ҳуқуқ дорад, дар идоракунии давлат бевосита ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Роҳбари намояндагии Дафтари САҲА дар шаҳри Хуҷанд Келси Харри Смит доир ба Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон имкон фароҳам меоваранд, шаҳрвандон дар маъракаи сиёсӣ – интихобот фаъолона ширкат варзанд. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои дар асоси қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ баргузор шудани интихоботи парламентӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ назорат хоҳад бурд.

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев дар хусуси натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ дар соли 2010-ум маълумот дод. Гуфта шуд, ки моҳи феврали соли 2010-уми интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ доир гардид. Онро бештар аз 500 нафар нозири байналхалқӣ ва 24 ҳазор нафар нозири маҳаллӣ, ҳамчунин 300 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи хориҷӣ назорат бурданд. Баъди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон нисбати ба таври демократӣ, шаффоф ва ҷавобгўй ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқӣ гузаронидани интихобот 25 пешниҳод дода шуд. Аз ҷумла созмонҳои байналхалқӣ пешниҳод карданд, ки сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Бояд гуфт, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихо-бот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва аксари пешниҳоди созмонҳои байналхалқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Абдуманнон Додоев гуфт, ки ҳаҷми гаравпулии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон панҷоҳ фисад кам карда, дар ҷамъ кардани имзои интихобкунандаҳо низ тағйирот ворид шудааст. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандата ҳуқуқ доранд, барои тарғибу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботиашон дар вақти муайян аз эфири телевизионҳои давлатӣ бидуни пардохт истифода баранд. Ба пур кардани варақаи интихобот ҳам тағйирот ворид шудааст.

Ҳамчунин Абдуманнон Додоев дар бораи дигаргуниҳое ҳарф зад, ки баъди пешниҳоди Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар ворид ва дар интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси онҳо амал карда мешавад. Котиби КМИР ба суолҳои иштирокдорони ҷаласа доир ба омодагиҳо ба интихоботи қарибулвуқўъ посух дод.

Дар ҷаласа раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикис-тон Дилбар Самадова, раиси шўъбаи вилоятии Ҳизби сотсиалистии Тоҷи-кистон Маъруфҷон Юсуфов, котиби кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Мубинҷон Маҳмудов, раиси созмони вилоятии Ҳизби демократи Тоҷикистон Абдуҷаббор Юлдошев, раиси созмони вилоятии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Абдулатиф Раҳимов, коршиноси маҳаллӣ, директори ташкилоти ҷамъиятии «Насл» Орзу Fаниева, раиси Шўрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусейн Мўсозода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова, мушовири маҳфили «Ҳамкории иҷтимоӣ» Абдуалӣ Тоҳиров ва дигарон дар атрофи масъалаи баррасишуда фикру мулоҳизаашонро иброз доштанд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh