Русия ва Тоҷикистон: болоравии завқи интегратсионии ду халқ

Қайдҳои сокини Федератсияи Русия аз сафар ба Тоҷикистон
Тобистони соли 2014-ум бо таклифи Парвиз Абдуқодир Ҷабборзода ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадам. Парвиз аз рўи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва мунитсипиалӣ» дар Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия дар шаҳри Иваново таҳсил кард. Ман он ҷо аз фанни сотсиология дарс медиҳам ва вазифаи мудирии кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодиро бар дўш дорам.

 Парвиз вақти даъват намудан ваъда дод, ки ба ман Тоҷикистонро «дар нуру равшанӣ ва таровати нав», на ба он намуде, ки ман дар ватани худам шунидаам, нишон хоҳад дод ва гуфт, ки ин сафар барои ман басе хотирмону таассуротбахш хоҳад буд. Ва… воқеан, чунин ҳам шуд.

Аз лаҳзаҳои нахустини ба Тоҷикистон қадам ниҳоданам ман хеле мутаассир будам: Тоҷикистон дар назари ман сарзамини тозаву озода, замонавӣ ва монанди мардумонаш меҳмоннавоз ҳувайдо шуд. Тафриқаи байни пазироӣ дар шаҳрҳои Москва ва Хуҷанд ҳамоно дар фурудгоҳ ба мушоҳида мерасад. Мусофирон дар шаҳри Хуҷанд дар қиёс бо шаҳри Маскав нисбатан ботаҳаммуланд. Ва як рафтори ба назар ҷузъӣ, вале хеле муҳим он буд, ки ҳангоми бақайдгирии мусофирон мардҳо бонувонро пеш мегузаронданд.

Шаҳри Хуҷанд дар пеши назари ман бо биноҳои бисёри хуштарҳу зебояш шаҳри нав, тозаву озода ва дилкаш, ҷаззобу дилрабо ҷилвагар гашт. Дар қаҳвахонаҳои шаҳр, ки дилкашу озодаанд, фарҳанги хизматрасонӣ хеле баланд аст, ҳамчунин ин ҷо аз гўшти гўсфанд таомҳои лазиз омода мекунанд.

Табиати Тоҷикистон низ аҷоиб аст. Ин диёр, дар ҳақиқат, офтобӣ аст ва мардумони он меҳрубону дасткушод ва монанди хуршед гармрўву гармқалб, некхоҳу накўкоранд. Дар ин мамлакат куҷое биравӣ (Хуҷанд, Чкалов, Душанбе, обанбори Қайроққум)- гўё ҳама ҷо туро офтоб ва нуру ҳарорати он роҳнамоӣ мекунад ва ба тану ҷонат ҳаловат мебахшад. Маро он чиз ба ҳайрат овард, ки бисёр мардуми тоҷик, ки кам ба Русия мераванд, ҳавои сард ва боронро ёд мекунанд! Сардӣ ва бориш дар сарзамини беканори Русия зуд-зуд ба амал меояд, дар баъзе маҳалҳои он, бахусус дар шимол, хунукиҳо доимист. Ба назари ман чунин намуд, ки барои мардуми тоҷик ба табиати сербориши Русия, хусусан манотиқи шимолии он одат кардан хеле душвор будагист.

Аммо чӣ тавре ки вазъи имрўзаи муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳодат медиҳад, аксари тоҷикон ба иқлими нами Русия натанҳо хуб одат мекунанд, балки он ҷо солиёни дурудароз зист ихтиёр карда, оила барпо намуда ва кору фаъолият доранд.

Зиёда аз ин, зикр кардан лозим аст, ки тоҷикон мардуми дар меҳнат обутобёфтаанд. Ҳангоме мо дар ноҳияи Шаҳристон будем, азбаски минтақаи баландкўҳ аст, вазъи саломатиам якбора тағйир ёфт, ман оҳиста роҳ мегаштам, ҳатто, вуҷудамро тарсу ҳарос фаро гирифт. Роҳбаладони тоҷики ман бошанд, ба ҳавои баландкўҳ аҳамият намедоданд ва чун дар шаҳри Хуҷанд бепарвоёна роҳ мегаштанд.

Ман аз тамошои обанбори Қайроққум ба ваҷд омадам: баҳри ҳақиқӣ бо оби тозаи ошомиданӣ (чунин ҳолат зуҳуроти хеле нодир аст, монанди кўли Байкал).

Дар шаҳри Чкалов Абдуқодир Ҷабборов маро дар манзили худ пазироӣ кард. Ман ба Маҷмааи меҳмонхонаи «Сино»-и ў мафтун гаштам: биноҳои зебову хуштарҳ, ороиши дилрабои дохилу намои онҳо, сохтори хеле моҳиронаи меҳмонхонавӣ. Ба ақидаи ман, чунин имороти олиро Маҷмааи меҳмонхонавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан арзанда мебуд ва онҳоро барои пазироии меҳмонони олиқадр истифода бояд бурд. Он ба маҷмааи иншооти президентии мавзеи Стрелнийи назди шаҳри Санкт - Петербург шабоҳат дорад. Муҳим ва хуб аст, ки маҷмаа на дар шаҳри Душанбе, балки маҳз дар Хуҷанд ҷойгир аст. Чунин иншоотҳо ҳам барои Тоҷикистон, ҳам баҳри шаҳри Хуҷанд, ҳамчун шаҳри дуюми азими мамлакат, муҳим аст.

То боздид Тоҷикистон дар назарам мамлакати на он қадар пешрафта метобид. Аммо ҳақиқат дигар будааст. Дар ин сарзамин ман мамлакати аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ бою сарваташ пурғановатро ва, албатта, зиёи-ёни тоҷикро дучор шудам: Абдуқодир Ҷабборович Ҷабборов - директори Маҷмааи меҳмонхонаҳои «Сино»-и шаҳри Чкалов ва бисёр дигаронро…

Хато намекунам, агар гўям, ки бисёр сокинони Русия аз тоҷикон тарс доранд ва на танҳо аз тоҷикон, балки аз тамоми Тоҷикистон. Ва, албатта, чунин ақида нати- ҷаи тарғиботу дарҷи бардурўғи баъзе маълумоти васоити ахбори умум аст. Ба назари шаҳрвандони Русия, тоҷикон мардуми камбизоат, нодор ҳастанду гўё забони русиро тамоман намедонанд ва чун одамони хавфнок, ки барои музди ночиз ба ҳама гуна ҷиноят даст зада метавонанд, нишон дода шудаанд.

Албатта, чунин нест ва чунин буда ҳам наметавонад! Аввалан, аксари он тоҷиконе, ки дар Русия қарор доранд, аз ҳамкориҳо бо Русия ва мардуми рус хеле қаноатманданд, зеро онҳо он дастгириҳоеро, ки Русия дар замони шўравӣ мерасонд, хуб дар хотир доранд. Дуюм, мардуми Тоҷикистон ҳам ба Русия ва русҳо муносибати хуб доранд ва ақидаҳояшон мусбат аст. Зеро идрок карда метавонанд, ки Русия ба шавҳарони онҳо, бародаронашон, падарон ва фарзандон ҷои кор муҳайё мекунад ва, аз ҳама асосиаш, маош медиҳад, ки бо он аҳли хонадонашонро таъмин мекунанд ва сабаби асосии дар ин сарзамин қарор доштанашон низ ҳамин аст.

Ҳамчун устоди донишгоҳ зикр карданӣ ҳастам, ки муносибат ба донишҷўёни тоҷик низ дар макотиби олии Русия хеле эҳтиёткорона аст, бахусус дар солҳои аввали таҳсил. Бо мурури таҳсил ҳам омўзгорон, ҳам донишҷўён фаҳмида мегиранд, ки тоҷикон мардумони беғаразанд, дар дил кина намепарваранд, онҳо одамони сулҳхоҳ, ботаҳаммуланд. На ҳамаи тоҷикон дар Русия мувофиқи маҳорату малакаи худ бо кор таъмин карда шудаанд. Аксари онҳо асосан дар корҳои вазнин ва маошаш кам заҳмат мекашанд. Вале, гуфтан лозим аст, ки чунин ҳолат бартарафшаванда аст ва, ҳатто, он тоҷиконе, ки дар корҳои душвор меҳнат мекунанд, мардумони камсавод ва ё «ваҳшӣ»-и аз кўҳ фаромада нестанд, чуноне ки бисёр шаҳрвандони Русия чунин гумон мекунанд. Бисёр аз тоҷиконе, ки дар Русия ба корҳои назарногир, вале душвор машғул ҳастанд, дар Ватани худ - Тоҷикистон дар вазифаҳои чашмрас фаъолият мебурданд.

Воқеан, бисёр мардуми Русия ба чунин вазъ дар солҳои 90-уми асри гузашта дучор гардида буданд, ки аз афташ, хеле зуд фаромўш кардаанд. Баъди пошхўрии Иттиҳоди абарқудрати Шўравӣ теъдоди калони дар гузашта муҳандис, духтур, омўзгори рус аз ночорӣ дар бозор ба савдо баромада буданд. Аз он ҷумла нависандаи ин сатрҳо низ 4 сол дар иншооти сохтмонӣ дар шаҳри Санкт – Петербург, вақте ки дар аспирантураи Донишкадаи сотсиологияи АУ Русия таҳсил доштам, сардори участка шуда кор кардаам. Алҳол чунин рўз ба сари тоҷикон фуромадааст ва он ногузир сипарӣ хоҳад шуд ва ин қавми шариф чи дар Ватани худ ва чи Русия мақоми арзандаи хештанро ҳатман меёбад!

Аз сафар, ҳамчунин ҳини фаъолияти омўзгорӣ бо тоҷикон муошират намуда, ба ақидае омадам, ки тоҷикон халқи ботаҳаммул, соҳибфазилат, меҳнатдўст, бурдбор ва Дилкушоданд. Ин калимаро бо ҳарфи калон дидаву дониста навиштам, зеро чунин мешуморам, ки ин сифати асосии халқи тоҷик аст. Муносибатҳои мураккаби савдову тиҷорат инсонҳоро дарундор ва аксаран, бадхашм мекунад. Кушодадиливу кушодачеҳрагии тоҷиконро бояд қадр кард ва инро мардумони дигар халқҳо низ бояд омўзанд, ки тоҷикон давоми асрҳо, ҳатто, таҳти таъсири тиҷорати имрўзаи капиталистӣ чунин сифати худро гум накардаанд.

Имрўз, ба ақидаи ман, Тоҷикистон мамлакати ояндадор дар самти рушди соҳаи туризми ҷаҳонӣ ва сайёҳӣ аст. Аммо барои он ки туризм равнақ ёбад, зарур аст, ки бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар мамлакат аз байн бардошта шавад. Чунонки дар Русия чунин ҳолат мушоҳида мегардад, он вазъи рафтуомади сайёҳонро мушкил мегардонад.

Ман мефаҳмам, ки давра ба давра баъзан дар муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон мушкилиҳо ба миён меоянд. Ин бо сабабҳои воридшавии зумраи ҷинояткор аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс ба амал меояд. Аммо, бақайдгирии тоҷикон дар Русия бошад, ба пастшавии сатҳи ҷинояткории муҳоҷирони меҳнатӣ таъсире намерасонад. Ба андешаи ман, бақайдгирии шаҳрвандон дар ҷои исти онҳо ин ба нафъи ҳарду ҷониб ҳам нест ва завқи сайёҳиро ба мамлакатҳои мо паст мекунад.

На аз нуқтаи назари мавқеи шаҳрвандӣ ва на аз диди ходими илм робитаи байни бақайдгириро бо амнияти мамлакат дарёфта наметавонам. Вале, чунин вазъ, аниқ, рушди соҳаи сайёҳиро байни халқҳои мо бозмедорад. (Аз сайёҳони хориҷии ба Русия-омада низ шунида будам, ки аз боиси зарурияти бақайдгирӣ онҳо дигар хоҳиши сафари Русия намекунанд). Ба ғайр аз ин, ҷорӣ гардидани меъёри раводидӣ -визавӣ (агар чунин меъёр баногоҳ ҷорӣ гардад, ки он баҳри ҳарду халқ низ дилхоҳ нест) ба тариқи яктарафа ва ё дуҷониба муносиботи мардуми ҳарду кишварро заиф ва ҳамкориҳои иқтисодии байни онҳоро паст мекунад. Тадриҷан бошад, чунин ҳолат ба дуршавии халқҳои мо оварда мерасонад, ки ин дар вазъи им-рўзаи сиёсии ҷаҳон мувофиқи матлаб нест.

Таърихи муносибат ва равобити меҳнатии байни халқҳои рус ва тоҷик ба ҳазорсолаҳо рафта мерасад. Заминаи наздикии ин ду халқро пайванди решаҳои умумии қавми ҳиндуаврупоӣ, наздикии нажодӣ, алоқамандӣ ба гурўҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ташкил медиҳад.

Давра ба давра ба миён омадани мураккабшавии муносибот байни Русия ва Тоҷикистон появу асос надорад, чунки ин ду халқ ба ҳам хеле наздик ва қаринанд (тоҷикон ба гурўҳи забонҳои эронӣ якҷоя бо форсҳо, курдҳо, балуҷҳо, пуштуниҳо тааллуқ доранд, гурўҳи забони славянӣ бошад, якҷоя бо гурўҳи эронӣ ба оилаи ҳиндуаврупоӣ мутааллиқ аст). Аз ин рў, байни тоҷикон ва русҳо на танҳо решаҳои умумии иҷтимоӣ, балки этникӣ барқарор аст.

Имрўз барои Русия муносиботу равобит бо Аврупои Fарбӣ ва бахусус, ИМА хеле мураккаб гардидааст. Магар беҳтар нест, ки, ба ақидаи ман, ба дўсти дерин ва ҳамсояву хеш - Тоҷикистон рў оварем.

Ин бошад, ба ҳал гардидани як қатор муаммоҳо имконият фароҳам меорад, аз ҷумла: Русия тадриҷан дар бозорҳои худ мева ва сабзавоти табиӣ муҳайё мекунад, тоҷикон бошанд, дар сарзамини худ ҷои кор меёбанд. Онҳо нерўи худро барои аҳли оилаи худ ҳифз менамоянд, Русия бошад, шиддати иқтисодӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро дар шаҳрҳои калони худ паст менамояд. Ва ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бояд даст кашид.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамеша қувваи манфиатноканд, ки халқҳоро ба ҷойҳои бештар фоидаовари иқтисодӣ ҷобаҷо мекунанд. Аммо он вақт муҳоҷирати тоҷикон озодона ва ором хоҳад буд ва барояшон ба тарзи зиндагии сарзамини дигар одат кардан осон мебуд ва ба ҳукуматдорони Русия низ назорати ҷараёни муҳоҷират осонтар мегардид.

Бархўрди тамаддунҳои гуногун муаммоҳоро ба миён меорад. Аввалан, ин муаммои демографӣ аст. Русҳо аз он хавф доранд, ки тоҷикон ба ризқи русҳо зомин шуданашон мумкин аст (аммо аз ягон тоҷик на дар Русия ва на дар Тоҷикистон ман пурсиши кўмаки иҷтимоиро нашунидаам. Яъне, онҳо дар ҳама ҷо ҳаққи ҳалоли хештанро бар ивази меҳнаташон мехўранд!). Аммо таваллуди зиёди кўдак, ки бисёр русҳоро ба ташвиш овардааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Қафқоз низ мушоҳида мегардад. Вале бо вуҷуди он, ки Қафқози Шимолӣ ба тамоми имтиёзҳои иҷтимоии Русия дастрасӣ дорад, дар он ҷо ягон муаммо то имрўз ба назар нарасидааст.

Дуюм, русҳо ба омехташавии этникӣ бо тоҷикон изтиробомез назар мекунанд. Аммо ин ду халқ, ба қавле, аз азал пайвандии хунӣ доранд. Ва ин ҷо гап на дар сари омезиши этникӣ аст(омезиши русҳо бо туркҳо, булғорҳо, олмонҳо ва муғулҳо низ ҷо дошт), балки дар омехташавии тамаддунҳо аст. Омехташавии хуни гуногун ба решаи этникӣ таъсири мусбӣ мерасонад, омезиши тамаддунҳо бошад, метавонад, боиси ҷудо шудани халқҳо гардад. Аз ин лиҳоз, ба ақидаи ман, масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро на бо тарзу намудҳои сиёсӣ, бо роҳи ворид кардани маҳдудиятҳои иловагӣ барои ба мамлакатҳои ҳамдигар дохил шудан, балки тавассути роҳҳои иқтисодӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили мамлакат боис мешаванду ба пастшавии ҷараёни муҳоҷират ба Русия мусоидат мекунанд, ҳал намудан беҳтару мувофиқ мебуд. Ва ин муаммои на фақат Тоҷикистон, балки Русия низ аст.

Хатоии Русия дар он аст, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта роҳбарони вақт ба мустаҳкамкунии робитаҳо бо Fарб диққат доданд ва ба самти осиёгии сиёсати беруна беаҳамият монданд. Он вақт онҳо мумкин ба пуррагӣ фаҳмида наметавонистанд, ки Осиё ин сарчашмаи тамаддуни қадимии ҷаҳон, ватани тамоми динҳои олам аст. Онҳо пешравиҳо дар иқтисодиёти солҳои 80-90-уми ҷаҳон, рушди иқтисодии Чин, ба бозори ҷаҳон баромадани мамлакатҳои нав ба нави индустриалиро ба мушоҳида нагирифтанд.

Чини имрўзӣ боэътимод фа-зои иқтисодии Тоҷикистонро фаро мегирад, Русия бошад, дар симои Тоҷикистон танҳо шарики ҳарбӣ - сиёсиро мебинад. Ин баҳри рушди робитаҳои зичи байни мамлакатҳои мо, аниқ, ки кам аст. Ҳақиқатан имрўз дар сиришти элитаи сиёсии Русия боқимондаҳои даврони шўравӣ ҷой дошта, онҳо Тоҷикистонро  бародари хурдӣ, на шарики баробар мешуморанд. Ва ин ба рушди робитаҳои дўстии байни халқҳои мо монеъ гашта, имкон намедиҳад, ки дар симои Тоҷикистон шарики баробарҳуқуқи иқтисодӣ ва сиёсиро бинанд. Чунин вазъ ба суст гардидани таъсири иқтисодии Русия ба Тоҷикистон оварда расонданаш мумкин аст.

Манфиатҳои имрўзаи миллиро бо як халқ ва ё дин алоқаманд кардан мумкин нест. Манфиатҳои миллӣ бояд хусусияти этникӣ надошта бошанд ва бояд менталитети тамоми сокинони Русия, аз ҷумла тоҷиконро, ки бисёрии онҳо имрўз шаҳрванди Русия гаштаанд, инъикос намоянд. Онро ҳамчунин бо мутлақияти бозор ва нусхагирии механикии намунаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Fарб сохтан мумкин нест. Солиёни тўлонӣ иқтисодиёти Русия бо тарзи осиёгӣ, яъне қад-қади дарёҳо ба роҳ монда мешуд. Дар ин ҷо тафриқаҳои этникӣ ҷой надошт, зеро дарё роҳи асосии тиҷорат буд ва сокинони ин мамолик ва ҳудудҳоро ба ҳам меовард.

Дар Русия чунин иқтисодиёт қад - қади шоҳраги асосии нақлиётӣ - Волга идома меёфт; дар Мисри Қадим қад-қади рўди Нил, ки қавмҳои гуногунро ба ҳам мепайваст; дар Чин чунин дарёҳо, ки халқҳои гуногунро мепайвастанд, дарёҳои Хуанхэ ва Янцзы гардиданд; дар Ҳиндустон-рўди Ганг; дар Осиё бошад, муддати тўлонӣ, то инқилоби соли 1917 қад - қади рўди Сир идома ёфта, тамоми сокинони водии Фарғонаро ба ҳам меовард.

Он ҷое, ки рўд намегузашт ва роҳи тиҷорат набуд, он ҷо иқтисодиёти мустаҳкам инкишоф наёфт, давлатҳои пуриқтидор ташаккул наёфтанд.

Имрўз вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки тамоми халқҳои дар Русия ва атрофи он сокинбударо, ки ба намудҳои мухталифи тамаддунҳо мутааллиқанд, ба асоси ягонаи иқтисодӣ ба ҳам оварда ва роҳи баҳри тамоми халқҳо дастрасро пешниҳод кардан лозим аст. Имрўз тамоми табақаҳои ҷомеа зарурияти баромадани мамлакатҳояшонро аз бўҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавӣ эҳсос мекунанд. Ва эҳсос мекунанд, ки заминаи муҳим баҳри ин бояд баҳамоии халқҳо дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, идроки манфиатҳои стратегӣ ва иқтисодии ду давлатду халқи бо ҳам бародар бошад.

Ба андешаи муаллифи ин сатрҳо, дар ояндаи наздик афза-лиятҳои миллии Русия ва Тоҷикистон инҳо бояд бошанд: таъмини ягонагии марзҳо, соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлатҳо, бунёди иқтисодиёт дар асоси истеҳсолоти илмӣ, рушди фаъолонаи туризм дар Тоҷикистон, ки оғози онро бо бунёди роҳҳо, бахусус байни Душанбе ва Хуҷанд, шурўъ бояд кард. Ин ба мамлакат инвеститсияро ҷалб мекунад ва барои рушди таъсиси ҷойҳои корӣ боис мегардад. Тоҷикон бо чандин забон гуфгугў карда метавонанд, онҳо баҳри дохил шудан ба соҳаи хизматрасонӣ ва бо хориҷиён кор кардан мушкилӣ намекашанд. Баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат ба он мусоидат мекунад, ки таъсири исломи радикалии имрўз дар давлатҳои ақибмондаи мусалмонӣ босуръат паҳншудаистода торафт паст гардад.

Он чизе, ки дар Русия ба чашм мерасад – дар бораи тоҷикон ва тамаддуни онҳо кам маълумот доштани мардуми рус аст. Бисёрии русҳо нақлҳои маро дар бораи Тоҷикистон бо шавқу завқи зиёд гўш карданд. Ба назари ман, барои муовизаи озодонаи итти-лоотӣ байни Русия ва Тоҷикистон, муовиза дар соҳаи фарҳанг бояд шароитҳои мусоид фароҳам овард. Шояд таъсиси шабакаи махсуси телевизионӣ ва радио дар бо тарзи зиндагонӣ ва муаммоҳои муҳоҷирон дар Русия ба ин кор мусоидат кунад.

Дар ҷамъбаст мехостам, қонунбаророни ду мамлакат сари оддигардонии қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ҳарду давлат мусоидат мекунад, андеша намоянд. Соҳаи сайёҳӣ, дар навбати худ, имкон фароҳам меоварад, ки ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои шаҳрвандони беихтисос, таъсис дода шавад. Ҳамчунин асоси объективӣ барои равнақ ёфтани касбҳои нав дар самти хизматрасонӣ пайдо мегардид. Ба назари ман, сиёсатмадорони кишварҳои моро зарур нест, ки ба шаҳрвандон баҳри ҳалли муаммоҳои онҳо «кўмак» кунанд, танҳо ба онҳо барои дар доираи қонунгузории ҷорӣ, амалӣ намудани хоҳишҳояшон беҳтар аст, халал нарасонанд.

Демяненко Николай Валерйевич,
ходими калони илмии Пажўҳишгоҳи сотсиологияи АУ Русия, шаҳри Санкт-Петербург, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодии Донишкадаи давлатии гуманитарии Русия дар шаҳри Иваново

Add comment


Security code
Refresh