Абдураҳмон Қодирӣ дар Форуми байнипарламентӣ иштирок кард

Санаҳои 20 – 24 октябри соли 2014 ҳайати бонуфузи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати иштирок дар Форуми чаҳоруми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерўи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.

 Аз ҷумла, аз вилояти Суғд Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва гурўҳи намояндагони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг ширкат варзида, дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии дорои аҳамияти минтақавӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси ҷониби россиягии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Россия Игор Шувалов масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд, ки ба манфиати рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат хоҳанд кард.

Аз ҷумла, мулоқоти мазкур, ки бо иштироки васеи ҳайати Тоҷикистон сурат гирифт, масоили ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи нуқсонҳои ҳуқуқию техникӣ дар ин хусус, содда кардани низоми имтиҳонсупории муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар ҳудуди Тоҷикистон низ кушодани бахши сохторҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия барои қабули имтиҳон, дар лоиҳаи нави қонуни дахлдори Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ намудани масъулияти корфармоён нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодии байниминтақавӣ, таҳлили воқеии ҳолати амалкарди созишномаҳои дуҷонибаи сатҳи гуногун дар муҳити корию касбӣ матраҳ карда шуданд.

Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷараёни мулоқотҳо тақвияти ҳамкориҳои судманди минтақавиро ҷонибдорӣ намуд.

Форуми чоруми байнипарламентии «Тоҷикистон - Россия: нерўи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия дар биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов доир гардид, ки аз намоишгоҳи дастовардҳо ва лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон таҳия шуда буд.

Фаъолияти Форуми чоруми байнипарламентии «Тоҷикистон - Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон» ва Россия бо баррасии масъалаҳои «Рушди ҳамкориҳои иқтисодии байниминтақавӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва системаи бонкӣ дар чаҳорчўбаи татбиқ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ», «Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Россия» ва «Самтҳои рушди минбаъдаи робитаҳои башардўстонаи Тоҷикистону Россия» дар чаҳор сўҳбати атрофи мизи мудаввар сурат гирифт.

Бо хулоса аз натиҷаи баррасии масъалаҳо дар мизҳои мудаввар дар ҷаласаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар фарҷом миёни вилоятҳои ҳарду кишвар, аз ҷумла вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Астрахану Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Барои иштирокдорони Форум барномаи консертии «Тоҷикистони соҳибихтиёр саодатмандии мост» аз ҷониби санъаткорони тоҷик пешниҳод карда шуд, ки боиси қабул ва болидарўҳии тамошобинон гардид.

Бисёр иқдоми нек буд, ки санаи 21 октябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Президент-отел»-и шаҳри Москва бо намояндагони диаспораи тоҷикон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, донишҷўён ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвари дўст мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот, аз ҷумла муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарони кумитаҳои дахлдор, як қатор аъзои Маҷлиси миллӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.

Роҳбарони диаспораи тоҷикон ва дигар иштирокчиён аз иқдом ва ғамхориҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тавсеаи тадбирҳо оид ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои будубоши онҳо дар Федератсияи Россия изҳори сипос намуданд.

Зикр бояд дошт, ки ҳамкориҳои минтақавӣ бо вилоятҳои Федератсияи Россия дар вилояти Суғд як самти муҳими фаъолият арзёбӣ гардида, то ин дам 5 меморандум ва созишномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо вилоятҳои Федератсияи Россия ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти кишвари Олтойи Федератсияи Россия дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Астрахани Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, Меморандум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Ивановои Федератсияи Россия оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ ва Меморандум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати вилояти Оренбурги Федератсияи Россия ва Меморандум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати вилояти Саратови Федератсияи Россия дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ алҳол амал мекунанд.

Тибқи ин созишномаҳо, як қатор корҳои назаррасу мутақобилан судманд ба анҷом расида, бахусус, дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар “Минтақаи озоди иқтисодии Суғд” ба фаъолият оғоз намуда, робитаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию омўзишӣ густариш меёбанд.

Дар ин раванд санаи 9 июли соли равон Раиси вилояти Суғд бо сафари расмӣ ба кишвари Олтойи Федератсияи Россия ташриф овард, ки он дар асоси Созишномаи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Олтойи Федератсияи Россия оиди густариш додани ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.

Ҳангоми сафар зикр гардид, ки байни ду минтақа имкониятҳо хеле зиёданд, ки барои рушди ҳамкориҳои мутақобила мусоидат менамоянд. Дар ин росто ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳким бахшидани равобити фарҳангӣ байни кишвари Олтой ва вилояти Суғд муҳим арзёбӣ шуд. Алҳол дар кишвари Олтой, бинобар маълумоти оморӣ, зиёда аз 5000 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои тоҷиконе, ки зиндагии доимиро ихтиёр намудаанд, кор ва зиндагӣ доранд. Дар шаҳри Барнаули кишвари Олтой аз вилояти Суғд беш аз 200 нафар донишҷўён таҳсили илм доранд, ки қисми зиёди онҳо дар Донишгоҳи тиббии Барнаул таълим мегиранд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифтани Форуми чоруми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерўи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия аҳли меҳнат ва ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов саҳм гузоштанд. Дар Намоишгоҳи марказии Россия маҳсули дастони ҳунармандон, аз ҷумла ҳунарҳои сўзанидўзӣ, кашидадўзӣ, атласу адрасбофӣ, маҳсулоти қаннодӣ, анвои таомҳои миллӣ пешкаши иштирокдорон ва меҳмонони чорабинӣ гардид.

Кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ба аҳли иштирокчиён ва меҳмонону сокинони шаҳри Москва наздик 13 тонна маҳсулоти босифати кишоварзӣ пешниҳод намуданд, ки на танҳо аз ҷониби иштирокдорони форум, балки меҳмонону сайёҳон ва сокинони шаҳр баҳои баланд гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh