Мусобиқаи муҳорибаи дастӣ

Дар толори варзишии “Ҷашни”-и шаҳри Хуҷанд санаҳои 27-28 мусобиқаи муҳорибаи дастӣ байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор гардид.

Мусобиқаи вилоятӣ бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят баргузор карда шуда,  дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дастаи меҳмон аз вилояти Хатлон ширкат намуданд.

Дар натиҷаи рақобати дӯстона муайян гардид, ки дастаи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилоят ҷойи аввал,  дастаи шаҳри Исфара ҷойи дуввум ва дастаи н. Бобоҷон Ғафуров бошад ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гардиданд. Дар мусобиқа дастаҳои бонувон низ иштирок намуда, дастаи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилоят ба гирифтани ҷойи аввал, дастаи ноҳияи Ашт ба гирифтани ҷойи дуввум ва дастаи ноҳияи Спитамен бошад  сазовори ҷойи севвум гаштанд-афзуд Зариф Мирдадоев.

Дар мусобиқа ҳудуди 283 нафар варзишгарон иштирок намуданд ва ғолибон бо мукофот қадрдонӣ гардиданд.

Саодат ИСМОИЛӢ,

таҷрибаомўз

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh