Паём - роҳнамои ҷомеа

Дирўз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори ташкилоти ибтидоии Бобоҷон Ғафуров дар назди Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ–амалӣ таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ– Роҳнамои ҷомеа» баргузор гардид.

Дар конфронс раиси ташкилоти ибтидоии Бобоҷон Ғафуров А.Мақсудов., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд С.А.Юнусов., сармутахассиси шўъбаи тарбияи донишгоҳ , дотсент  Ў.Умаралиева ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ доир ба мвзўъҳои гуногун суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ раиси ташкилоти ибтидоии Бобоҷон Ғафуров А.Мақсудов таъкид кард, ки ҲХДТ аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёдро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт ва Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон идомаи он тадбирҳои нек ба ҳисоб рафта моро ба сўи фардои дурахшон роҳнамоӣ мекунад. Дар ин чорабинӣ устодон, олимон ва муҳаққиқони ҷавон  ва донишҷўён  иштирок доштанд.

Боҳир  РАҶАБОВ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh