Ҷонибдорӣ аз сиёсати дурнигорона

Имрӯзҳо тибқи нақшаи баргузории мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон оид ба мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коргоҳу муассисаҳо мулоқоту сӯҳбатҳо бо кормандон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида истодааст.

Дирӯз дар толори литсейи 1-и шаҳри Бӯстон (Чкалов) бо иштироки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, фаъолони маҳал ва дар толори муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Аҳмадов баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода оид ба баргузории чунин мулоқотҳо ва иқдомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ибрози назар намуда, дар ин самт аз иқдомоти пешгирифта ёдоварӣ намуд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Аҳмадов оид ба мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таваҷҷӯҳ равона намудан ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда,  оид ба таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати мамлакат ба дастгири давлатии ҷавонон ва дигар масоили мубрам андешаронӣ намуд.

Дар интиҳои мулоқотҳо масъулини сохторҳои гуногуни шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳодот оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуданд.

Мамнури МЭЛС

шаҳри Бӯстон (Чкалов)

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh