Лигаи волейбол

Бо мақсади ҷалб намудани наврасон ва ҷавонон ба бозиҳои  олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилояти Суғд бахши волейбол ташкил карда шудааст, ки он аз соли 2013 инҷониб амал мекунад.

Дар даври дуюми мусобиқаи Лигаи вилоятӣ, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, 7 дастаи духтарон ва 10 дастаи писарон ширкат  варзиданд.

Сарҳад Fаниев - мураббии шўъбаи волейбол мегўяд,- имрўз мо дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд машқу тамрин мекунем. Дастаи волейболбозон ро аз ҳисоби духтарон ва писарон ташкил намудаем, ки дар мусобиқаҳо иштирок ва пайваста барои гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мешаванд. Ӯ ибороз дошт, ки  дар машғулиятҳо усулҳои муосири бозии волейболро ба шогирдонаш меомeзонад. Лигаи волейбол дар шаҳри Хуҷанд дар се ҳафта як маротиба аз тарафи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони вилоят гузаронида мешавад. Дар мусобиқа дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамоянд. Қобили қайд аст, ки ҳадаф аз  гузаронидани лигаи вилоятӣ ин муайян намудани дастаҳои беҳтарини волейбол аз ҳисоби духтарон ва писарон мебошад. Лигаи мазкур барои баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишгарон ва омода намудани онҳо ба бозиҳои ҷумҳуриявӣ  мусоидат мекунад.

Тавре аз Мактаби варзиши бачагон ва наврасони вилояти Суғд иттилоъ доданд, тӯли се соли охир дастаҳои яккачини вилояти Суғд дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ишитрок дошта, мақоми аввалро ишғол менамоняд. Ин натиҷаи ташкил додани лига мебошад. Даври сеюми Лигаи вилоятӣ оид ба волейбол аз моҳи декабри соли 2015 оғоз гардид ва он то тобистони соли 2016 идома меёбад.

Нақша дар Лигаи волейбол байни писарҳо дастаҳои Мастчоҳ, Шодоба (Ашт), “Агроинвестбонк”, Хиштхона (Ашт) Ҷ.Расулов, КТХ, Спитамен, КТГ ва Чкалов иштирок менамоянд.                  

Дастаҳое, ки дар Лигаи вилоятӣ байни духтарон иштирок мекунанд, инҳоянд – Ҷаббор Расулов (Янгиқишлоқ), Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Коллеҷи тиббии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов (Ғӯлакандоз).

Саодат ИСМОИЛӢ,

таҷрибаомӯз

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh