Семинар дар мавӯи “Таҳсилоти фосилавӣ”

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» баргузор гашт.

Тавре аз Маркази иттилооти донишкада хабар доданд дар семинар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ва устодони донишгоҳҳо иштирок намуданд. Бо ташаббуси ширкати мобилии ТСЕЛЛ  як қатор донишгоҳҳои кишвар аз ҷумла, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии шаҳри Қeрғонтеппа ва  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар муассисаҳои худ истода, тариқи интернет мустақиман дар семинар иштирок намдунанд. Ба кори семинар директори  донишкадаи мазкур, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова ҳусни оғоз бахшид ва афзуд- «Баланд бардоштани сифати таълим, вориди технологияи наву замонавӣ ва истифодаи бамавриди он, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби ҷавонон ба таҳсил аз ҳадафҳои асосии давлат ва {укумати мамлакат мебошад»

Устодон ва иштирокдорон баргузории семинарро дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» айни муддао донистанд. Дар мавзӯи «Сомонаи fosilavi.tj» заминаи таҳсилоти фосилавӣ дар ДПДТТ бошад сардори маркази таҳсилоти фосилавии донишкада Р.Исомаддинова, мутахассис - барномасоз Назирҷон Муллоҷонов, устодони донишкада Хуршед Худойбердиев ва Парвиз Солиев гузориш доданд. Дар охир  Анвар Мақсудов, ректори ДДХ ба номи академик Бобоxон Fафуров зимни маърӯзаи худ зарурияти роҳандозии низоми таҳсилоти фосилавиро бо мисолҳои дақиқ баён намуд.

Хотирасон менамоем, ки чор сол ин ҷониб дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Саодат ИСМОИЛӢ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh