Ҳисси баланди масъулият дар иҷрои вазифа

Ҷаласаи мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд вобаста ба таҳлилу ҷамъбасти фаъолияти мақомот оид ба таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давраи се моҳи аввали соли 2016-ум баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов доир гардид.

Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов изҳоро намуд, ки вазъи иҷрои қонунгузориҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон, замин, буҷет, моликият, ҳифзи саломатӣ, танзими асъор ва назорати он, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист, санитарию эпидемиологӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, нафақаи шаҳрвандон ва ғайраҳо санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 437 амр дода, 228 эътироз оварда, 211 пешниҳод бароварда, 1501 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 197 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  ва  аз натиҷаи баррасии санадҳои эътиноӣ 331 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 98 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1501 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 23,5 млн.сомонӣ зарарҳои моддӣ рӯёнида, 135 сар чорво ва 214 парванда ба тариқи аслӣ барқарор карда шуданд.

Аз он ҷумла, дар самти иҷрои қонунгузории замин 62 амр, 37 пешниҳод, 51 эътироз оварда, 159 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 56 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда дар натиҷа 40 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 159 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 4025,3 гектар қитҳаҳои замини дар истифодаи ғайриқонунӣ буда, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Вазъи иҷрои қонунгузорӣ оид батанзими асъор ва назорати он мунтазам санҷида, дар раванди онҳо 80 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 43 ҷиноят марбут ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ошкор шудаанд.

ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пайваста мавриди санҷиш қарор дода, 33 нафар ба чавобгарии маъмурӣ, 12 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, ба унвони мақомоту комиссияҳои дахлдор 14 пешниҳод бароварда, 4 амр дода шуд.

Ҳангоми ба амал баровардани назорат ба иҷрои қонунгузории андоз диққати асосӣ ба иҷрои қонунгузориҳо оид ба пешгирӣ  намудани қарзи андозҳо, кам кардани бақияи онҳо, ошкор кардани маблағи андозҳои пинҳонкарда ва ситонидани онҳо равона гардида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 214 амр, 32 пешниҳод, 44 эътироз оварда, нисбат ба 192 нафар шаҳрвандон парвандаҳои маъмурӣ ва 16 нафар кормандони мақомоти андоз истеҳсолоти интизомӣ оғоз гардида, 14,2 млн. сомонӣ маблағҳои андоз ба буҷет ситонида шуданд.

Дар раванди назорат ба иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ҳамагӣ 51 санҷиш гузаронида, натиҷаи онҳо 26 амр, 41 эътироз, 48 пешниҳод бароварда, 139 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 27 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 134 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 65 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 16,5 ҳазор сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Аз ҷумла, марбут ба ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 4 амр, 40 пешниҳод, 12 эътироз оварда, 90 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 65 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ, ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида, иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ, бадқасдона саркашӣ  намудани падару модар аз таъминоти фарзандон  оғоз карда, инчунин ҷавобгарии интизомии 67 нафар гузошта шудааст.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ  1138 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии ҷиноятҳо 82,22 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар истеҳсолоти муфаттишони мақомоти прокуратураи вилоят 509 адад парвандаҳои ҷиноятӣ қарор дошта, аз онҳо тафтишоти 298 адад ба итмом расонида, 286 ададашон ба суд фиристода шуданд, ки назар ба давраи қиёсӣ 66 адад зиёд мебошад.

Дар самти мубориза бар зидди экстремизму терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 121 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта ошкор гардидааст. Аз миқдори умумии парвандаҳои ҷиноятии тафтишшуда 25 адад нисбати 45 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристонида, аз он 18 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 40 нафар аз ҷониби муфаттишони прокуратура тафтиш карда шудааст.

Бо иштироки прокуророн аз тарафи судҳои марҳалаи аввал ҳамагӣ 594 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 737 нафар баррасӣ гардида, бо 552 адади онҳо нисбат ба 690 нафар ҳукми айбдоркунанда бароварда, ба 41 адад санадҳои ғайриқонунии суд эъ-тирозҳо оварда, 26 адади  он қонеъ шудааст.

Прокуратураи вилояти Суғд оид ба рӯёнидани зарарҳои ба муассисаву корхонаҳои давлатӣ расонидашуда ба судҳои умумӣ 27 аризаи даъвогӣ ба маблағи 8,85 млн. сомонӣ ва ба суди иқтисодӣ 8 аризаи даъвогӣ ба маблағи 8,04 млн. сомонӣ пешниҳод гардидааст, ки 21 адади  он ба маблағи 4,65 млн. сомонӣ қонеъ карда шудааст.

Дар самти таблиғи қонунҳо прокуратураи вилоят баҳри фаҳмонидани моҳияту нуқтаҳои асосии Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузориҳо дар бораи масъулияти падару модар ва омӯзгорон дар тарбияи ноболиғону ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии во-ситаҳои нашъаовар ва ғайраҳо бо аҳолӣ 538 сӯҳбату вохӯрӣ баргузор гардиданд. Бо воситаи телевизиони маҳалливу ҷумҳуриявӣ 77 ва радио 51 барнома ва баромадҳои ҷолиб омода ва пахш карда, бо воситаи рӯзномаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ 71 мақола ба нашр расонида шуданд.

Дар ҷаласа  муовини Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Валӣ Ваҳҳобов ширкат дошт.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

Add comment


Security code
Refresh