Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон

15-уми апрели соли 2016 дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Мушовараи якҷояи мақомотҳои корҳои дохилии ҳар ду кишвар бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласаи якуми Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, эктремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишвари дўст ва ҳамсоя ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони масъули Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари бародар зимни баромад аз таъсиси чунин Мушовараи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мушовараҳои ояндаро василаи наздик намудани муносибатҳои пайвандӣ ва кории ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои марбут ба ҷаласаи якҷоя ба тавофуқ расиданд, ки муборизаи дастаҷамъонаи мақомотҳои ду кишвар барои решакан намудани ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризму эктремизм, нақши арзанда хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки баргузории ҷаласа боз як қадами қатъӣ дар тақвият бахшидани ҳамкориҳои самарабахш ва сермаҳсули ин ду кишвари дўсту бародар дар муқовимат бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мебошад.

Дар қисмати дуюми ҷаласа аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон ҳамро ва ҳамтои қирғизаш генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович тавофуқномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тавофуқномаҳои нави баимзорасида фарогири масъалаҳои ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳо, ташкил ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони милитсияи Тоҷикистону Қирғизистон, мусоидат намудан дар самти дастгиркунии ҷинояткорони дар ҷустуҷў қарордошта мебошад.

Дар фарҷом зикр гардид, ки минбаъд низ баргузории чунин ҷаласаҳо ба манфиат хоҳад буд.

Бино ба иттилои роҳбарияти мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар ҷаласаи дуввуми Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон соли 2017 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.    

Пас аз анҷоми Мушовараи якуми муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон ва ба имзо расидани созишномаҳои нави ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, нахуст Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба натиҷаҳои бадастомадаи Мушовараи муштарак суханронӣ намуд.

Сипас, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович оид ба созишномаҳои нави ҳамкорӣ маълумот дода, зикр кард, ки ҳамкориҳои кормандони милитсияи ду кишвари ҳамсоя боз ҳам қавитар шуда, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ дар ҳамбастагӣ мубориза хоҳанд бурд.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh