Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Имрӯз, 22 апрели соли 2016 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти Раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Чуноне зикр гардид, дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакилон 62 нафар иштирок намуданд. Аз тарафи вакилони иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сараввал Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҳадафҳои олии роҳбарияти давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ бобати андешидани тадбиру ташаббусҳои нек дар ҷодаи вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз масъулин, алалхусус вакилони халқ даъват ба амал овард, ки ба беҳбуди зиндагии мардум ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат намоянд.

Муовини Раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, № АП-681 «Дар бораи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд гузориши пурмӯҳтаво дод. Мавсуф зикр дошт, ки ҷиҳати амалӣ гаштани Амри мазкур қарори дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, як қатор корҳои судманд ба фарҷом расонида шудааст.

Озмуни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар 4 марҳала баргузор гардида, санаи 20 август, дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Барои ғолибони озмун Шаҳодатнома, Шоҳҷоиза ва маблағи пулӣ, аз ҷумла барои вилояти беҳтарин ду мукофот бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ, барои шаҳру ноҳияи беҳтарин ду мукофот бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ, барои шаҳраку деҳоти беҳтарин ду мукофот бо маблағи 20 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Дар ин давра барои ободу зебо намудани маҳалли зист дар вилоят беш аз 1,5 миллион адад гулҳои гуногун, 337 ҳазор бех ниҳолҳои мухталиф шинонида шудааст.

- Бояд ҳар як раиси шаҳру ноҳия, ҷамоату шаҳрак ободу гулзоркуниро аз хонаи худ, маҳаллаи худ оғоз намояд, таъкид дошт Раиси вилоят. – Зеро ин иқдом боиси рӯҳбаландӣ дар ҷомеа мегардад.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки иҷрои амиқи қарорҳои раисони баъзе шаҳру навоҳӣдар ин самт беҳбудӣ металабад. Марбут ба ин масъала ба фаъолияти масъулини шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Деваштич аз тарафи роҳбарияти вилоят эрод гирифта шуд. Камбудиҳои асосӣ ин вазъи ҳузнангези баъзе аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, ҳолати бади партовгоҳҳо, бесарусомонӣ дар истгоҳҳои нақлиётӣ, набудани лавҳаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ арзёбӣ гардид.

Бояд раисони шаҳру навоҳии вилоят дар ҳалли ин камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида, бобати тармиму таъмири роҳҳо, дастрасӣ ба оби нӯшокии босифат, ободонии маҳал ва доир намудани мулоқоту вохeриҳои судманд чораҷӯӣ намоянд.

Доир ба ин масъала Сатториён Матлубахон - вакил аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум - 15, Fайбулло Боҳирӣ - вакил аз ҳавзаи интихоботии Эргаш Шарифов – 22, Бобоева Мавҷуда - вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ- 39, Fайрат Азиззода - вакил аз ҳавзаи интихоботии Оббурдон – 52 ба минбар баромада, фикру андешаҳОяшонро бобати корҳои доир ба ин самт амалишуда баён доштанд.

Абдураҳмон Қодирӣ раисони шаҳру навоҳии вилоятро вазифадор кард, ки бобати дар сатҳи баланд амалӣ гардонидани Амри мазкур Ситоди доимоамалкунанда ташкил дода, ба масъалаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, алалхусус маорифу тандурустӣ ва ободиву озодагии муҳити зист, фаъолияти пурсамари боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Дар иҷлосия Анвар Мақсудов – вакил аз ҳавзаи интихоботии Чилгазӣ - 14 роҷеъ ба фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гузориш дод.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Шаҳристон» - № 70 Ёқубзода Умар оид ба рафти иҷрои ваколати вакилиаш ҳисобот дод.

Вакилони иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, ҳамчунин масъалаҳоро дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаҳои интихоботии алоҳида, дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баррасӣ намуданд.

Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ суханронӣ намуда, дар бораи номгузорӣ намудани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30, ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 Аҳмадҷон Собиров, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40, ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба номи собиқадори меҳнат Хайриниссо Шодиева, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3, шаҳри Конибодом ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҳабибахон Каримова, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, шаҳри Конибодом ба номи академик Рауф Баротов ва иваз намудани шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба номи Томирисро пешниҳод намуд. Вакилон нисбати масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҳамзамон, дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз 2 июли соли 2015, № 20 «Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон» ва як қатор қарорҳои Раиси вилоят тасдиқ гардиданд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фарҷом, вазъи феълии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро таҳлил намуда, ба масъулин, аз ҷумла ба раисони шаҳру навоҳии вилоят бобати иҷрои саривақтии нақшаи андоз, пардохти саривақтии музди меҳнат, бунёди корхонаҳои саноатӣ, вусъати корҳои кишоварзӣ, алалхусус кишти сабзавоту пахта, таъмини босифати нақшаи даъвати ҳарбӣ, сафари ҳаҷ, таҷлили солгарди иди Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳкими корҳои неку хайр, эътибор ба амалишавии Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим», бобати дар сатҳи баланд доир намудани Раъйпурсии умумихалқӣ дастуру супоришҳо дод.

- Ман боварии комил дорам, ки мардуми вилояти Суғд соли таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд ва саҳми амиқи худро дар ободии Ватани азизамон, боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа мегузоранд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh