Истиқлолхоҳию ваҳдати тоҷик – алайҳи терроризму ифротгароӣ

Мардуми меҳнатқарини кишварамон як силсила ҷашнҳои таърихиро таҷлил намуданд, ки онҳо дар таърихи навини тоҷикон нақши ҳалкунанда доранд. Таҷлили бошукўҳи рўзи Ваҳдати миллӣ ва бо шукўҳу шаҳомат ва ифтихори баланди миллӣ пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Бечуну чаро ин ду санаи таърихӣ ду ҳалқаи ногусастании таърихи навини Тоҷикистон буда, яке дигареро тақвият мебахшад ва онҳо зинаҳои муайяни рушди ҷомеаи тоҷиконро инъикос менамоянд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии мардум хеле боло рафт. Нуқтаи ибтидоии ҳамагуна тағйиротҳое, ки ба вуҷуд омаданд, ин Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он гардиши куллӣ дар таърихи давлату миллатсозии тоҷикон маҳсуб меёбад. Тоҷикон дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба музаффариятҳои калон ноил гаштанд.

Аммо бархе намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ин музаффариятҳоро нодида мегиранд. Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон суханпардозиҳои онҳоро шунида, ба андеша меравам, ки оё онҳо низ тоҷикистонианд? Боиси хурсандист, ки дар мафкураи аксари мардуми тоҷик як ҷаҳиш ба вуҷуд омадааст. Ман мушоҳида накардаам, ки дар вохўриҳои Пешвои миллат, фарде дар бораи муаммоҳои рўзгори хеш, вазниниҳои зиндагии имрўза, ки дар ҷомеа кам нестанд, сухан карда бошад. Кулли мардум дар бораи ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ, сиёсати хирадмандонаи созандагиву бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегўянд. Чунин тағйирот дар мафкураи миллӣ хеле ҷолиби диққат аст.

Яъне, мардум рўз аз рўз ба беҳшавии зиндагӣ умед доранд.

Аз ин рў, мо итминони комил дорем, ки тоҷикон дигар ба суханпардозиҳои гурўҳҳо ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез гўш намекунанд, зеро миллати тоҷик аз имтиҳону мушкилоту ихтилофоти замон сарбаландона берун омад. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. То замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ қувва қудрати тоҷикро зери назари худ қарор дода наметавонад.

Миллати тоҷик то истиқлол мустақилияти нисбӣ дошт, вале имон дошт, фарҳангу тамаддун дошт. Он чи, ки миллати моро ба пирўзӣ овард, муҳаббат ба Ватан буд. Ин муҳаббат, имрўз чашмҳоро боз ва забонҳоро гўё кард. Истиқлол моро бедор кард, истиқлол дасти душманро кўтоҳ кард ва Тоҷикистонро дар озодӣ қарор дод ва ин озодиву истиқлолу ваҳдат, ки зуҳури ҷамъ аст, то абад боқӣ хоҳад монд, агар мо худогоҳ бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Истиқлолу ваҳдати Тоҷикистон мавҷи ҷадид аст, ки акнун ҳаракати навин ёфтааст ва насли ҷавонро огоҳӣ медиҳад. Истиқлолу ваҳдати Тоҷикистон ҷаҳонбинии фарох, бозгашт ба давлату давлатдорӣ аст. Акнун, ки истиқлолу ваҳдат миллати тоҷикро баъди солҳои интизорӣ ба марҳалаи пирўзии давлатдорӣ овард ва масъулияти мо дар ҳифзи он сангинтар гардид, дар назди ҳар яки мо вазифаҳои навро низ ба бор овард. Дар чунин марҳала, ки миллат аз эҳсосияти замона бархурдор аст, ҳар ҳаракати истиқлолиятхоҳии мо дар ҳукми вазифа дар талош, дар афзунгардонии падидаҳои ваҳдат ёрест баҳри густариши истиқлолияти давлатӣ.

Ҷомеаи Тоҷикистон чун соири ҷомеаҳои демократӣ нахустин қадамҳоро дар эъмори давлатдории худ гузошт. Пас ҷомеае, ки аз ҳаракату таҳвили худ огоҳ аст, дучори парешонӣ намегардад, ба суханони дурўғу зерипардагии душманон бовар намекунад ва намегузорад, ки афроде, қуввае оромиву суботи ҷомеаро халалдор созад. Таҳким бахшидани истиқлолият ва вусъат додани Ваҳдати миллӣ шаҳдевори бузурги пешгирии ҷараёнҳои номатлуб ба мисли терроризм, бунёдгароӣ ва ифротгароӣ мебошад.

Р.СОЛИҶОНОВ,
доктори илмҳои фалсафа, устоди Донишкадаи иқтисод
ва савдои ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh