Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат байни табибон

Имрӯзҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аъзоёни гуруҳи тарғиботию ташвиқотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқотҳо ороста, муҳтавои Паёмро ба мардум фаҳмонида истодаанд.

Чунин як мулоқот чанде пеш бо иштироки сардори Раёсати тадқиқоти проблемаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳирхон Баротов, мудири шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров, раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Гавҳар Мухторова ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Мулоқотро раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда зикр дошт, ки “дар Паёми Роҳбари давлат дар канори дигар масоили мубрами ҷомеа масъалаҳои аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муборизаи дастаҷамъона бо неруҳои бадхоҳ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, густариш ва инкишофи минбаъдаи бонизоми рукнҳои давлатдории навини миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини зиндагии шоиста, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таваҷҷуҳ ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон, софдилонаву садоқатмандона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ва ба ин монанд масоили марбут ба рушди ҷомеаи муосир масъалагузорӣ ба миён гузошта шуда, ин санад  барои соли 2017 раҳнамову рохкушои мушкилоти мову шумо арзёбӣ мегардад”.

Сипас, аз ҷониби ҳозирин оид ба аҳамият ва моҳияти Паёми Пешвои миллат, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»», афзалиятҳои рушди кишвар дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»», рушди сармояи инсонӣ ҳамчун пояи рушди устувори кишвар, таҳкими қонунгузорӣ ва тақвияти адолати судӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, масъалаҳои амнияти миллӣ ва амсоли инҳо суханронӣ карда шуд.

Дар интиҳо Туҳфа Хисравбекова – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ва Алишер Эргашев – мудири шуъбаи ҷарроҳии амбулатории муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ҷиҳати татбиқи нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат зикргардида изҳори назар намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh