Иқтидори зеҳнӣ - сармояи давлати миллӣ

Ҳар як ҷомеа ва давлат барои рушду нумўи худ аз имконияту захираҳои гуногун истифода менамояд. Агар дар давраҳои пешина иқтидори асосии давлатро нерўи ҳарбӣ ва ҷисмонӣ ташкил медод, пас дар асри ХХI иқтидори фикрӣ ва зеҳнии инсон нисбат ба ҳар нерўи дигар афзалият пайдо намудааст. Бо назардошти аҳамияти баланд доштани сармояи инсонӣ дар пешрафти давлат кишварҳои мутараққӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, якум, сифати нерўи инсонии давлатро баланд бардоранд ва, дуввум, бо истифода аз барномаҳо ба давлати хеш нерўи инсонӣ ворид намоянд.

Бо роҳи таъсиси барномаҳои таълимӣ барои ҷавонон, муҳайё намудани шароити хуб барои мутахассисони дараҷаи баланд ва барномаҳои дигар даҳҳо чунин барномаҳо айни ҳол амалӣ мегарданд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳарчи бештар сифати нерўи инсонӣ баланд бошад, ҳамон қадар заминаи рушди давлат фароҳам мегардад. Имрўз давлатҳои пешрафта ҳамон кишварҳоеанд, ки бо истифодаи нерўи инсонӣ ба дастовардҳои баланд ноил гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба шумор рафта, ҷавонон захираи муҳими давлат ва ояндаи Тоҷикистон ҳастанд. Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ин масъала таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди ҷавонон, баланд бардоштани донишу маърифат, малака, забондонӣ ва касбомўзии онҳо диққати махсус медиҳанд. ҳамин тавр, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба мавзўи ҷавонон ва рушди нерўи инсонӣ таъкиди махсус намуданд ва инро метавон яке аз нуктаҳои асосии Паёми имсола номид. Президенти кишвар бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Дар ҳақиқат, сармояи бузурги ҳар як давлат ҷавонони созандаву бунёдкор ва босаводу худшинос маҳсуб меёбанд. Пас, мавзўи инкишофи таълиму тарбия ва баланд бардоштани нерўи ҷавонон масъалаи ҳамешагии давлат буда, барои рушду нумўъ ва ояндаи давлат аҳамияти басо муҳим дорад.

Давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳаёти ҷавонон, ҳам аз нуқтаи назари қонунгузорӣ, ҳам аз лиҳози маориф, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, рушди варзиш ва касбомўзӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Вале баробари ин то ҳол ба таври зарурӣ барои инкишофу баланд бардоштани нерўи инсонӣ корҳои ба анҷом расида кофӣ намебошанд. Ба андешаи мо, дар самти баланд бардоштани нерўи ҷавонон бояд чунин корҳои муҳим ба анҷом расонида шаванд: наврасону ҷавонон мунтазам бо варзиш фаро гирифта шаванд; марказҳои рушди ҷавонон таъсис дода шавад; тафаккури созандагӣ, ки нерўи зеҳниву ҷисмонии ҷавононро ба ободкорӣ равона мекунанд, тарғиб карда шавад; фарҳанги меҳнатдўстӣ тарбия карда шавад.

Таълиму тарбияи ҷавонони худшинос, худогоҳ, бомаърифат ва хештаншинос барои ҳар як ҷомеа вазифаи муҳим мебошад. Падару модар, ҷомеа ва давлат метавонанд, бо кўшишу талош ҳамеша барои ҷавонон шароити хуб фароҳам оваранд. Вале, гузашта аз ин, омода намудани ҷавонон барои зиндагии фардо ва ояндаи давлат аз ҳама муҳим мебошад.

Шўҳрат САИДОВ,
раиси Шўрои олимони ҷавони
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh