Рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар даврони Истиқлолият

Илму дониш дар назди халқи фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём мақому манзалати хоса дошт. Имрўз мо дар остонаи арафаи  таҷлили ҷашни истиқлолияти кишварамон қарор дорем. Ва дар ин муддати 26 сол дар кишвар натиҷаҳои хуби илмӣ дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба даст омадааст.

Ин муддати ниҳоят кам аст ва албатта, илм чизе нест, ки дар як муддати кўтоҳ натиҷа диҳад. Баръакс, он заҳмати пайваста мехоҳад, вале мо дар ҳар сурат бояд дар роҳи рушди илм ба натиҷаҳои муайян умед бандем. Дар Тоҷикистон ба  вуҷуд омадани марказҳои бузурги илмӣ ба монанди институтҳои физикаю техникаи ба номи академик С.У.Умаров, институти химия, ботаника ва физиологияи растаниҳои Академияи фанҳо, астрофизика, математика, геология ва дигарҳо  минбаъд ба рушди илму маориф дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид.

Самтҳои асосии таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва улуми дақиқу тиб ташаккул ёфтанд ва баъди ба фаъолият шурўъ намудани як қатор  институтҳо  дар муддати кўтоҳ доираҳои илмии бонуфуз низ ба вуҷуд омаданд.

Дар давраи истиқлолият  дар кишварамон фаъолияти олимон дар таҳқиқи проблемаҳои илмии қариб ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, биология, геология, ситорашиносӣ, риёзиёт, физикаи таҷрибавӣ ва назариявӣ, сохтмони ба зилзила тобовар, физиология ва биофизикаи растаниҳо хеле назаррас аст. Дар яке аз вохўриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо аҳли зиё гуфта буданд, ки дар нимаи дуюми асри гузашта ва солҳои истиқлолият  бозёфту кашфиёти олимони тоҷик, алалхусус, дар соҳаҳои зилзиласанҷиву ситорашиносӣ ва риёзиёту тиб таваҷҷуҳи аҳли илми оламро ба худ кашида буданд ва таҷрибаи илмии онҳоро мавриди истифода қарор медоданд.

Имрўз низ мо боварӣ дорем, ки нерўи зеҳнии халқи тоҷик имкон медиҳад, то олимони мо ин анъанаи некро идома дода, дар самтҳои гуногуни илм минбаъд ҳам парчамбардор бошанд. Дар айни замон қайд кардан лозим аст, ки барои рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ шароити мусоид лозим аст, яъне, барои инкишофи онҳо бояд заминаи кофии моддиву техникӣ вуҷуд дошта бошад. Шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳияву қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамояд. Аз ин рў, ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ омода ва тасдиқ кард, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои илмии кишварамон ва рушди ҳамаҷонибаи илм мусоидат менамоянд. Сиёсати давлатӣ дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ  ба ҳифз ва пурмаҳсул гардонидани фаъолияти марказҳои асосии илми тоҷик - Академияи илмҳо равона гардида, илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ ба муассисаҳои Академияи илмҳо сол ба сол афзуда, фақат дар 5 соли охир қариб 3 баробар зиёд гардид.
Барои ба фаъолияти пурсамари илмӣ ҷалб намудани кормандони Академияи илмҳо маоши онҳо бо фармони Президенти мамлакат аз 1 сентябри соли 2011 ду баробар баланд бардошта шуд.

Бо мақсади дастгирии молиявии таҳқиқоти бунёдӣ ҳанўз соли 1996 Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ таъсис ёфт. Дар давоми солҳои 2000-2007 бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади омўзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишварамон дар Академияи илмҳо муассисаҳои нави илмӣ дар соҳаи  илмҳои техникӣ– марказҳои илмӣ оиди  масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ташкил карда шуданд.

Олимони мо дар тўли солҳои истиқлолият дар соҳаҳои мухталифи илм ба натиҷаҳои муҳим ноил шудаанд. Масалан, аз тарафи олимони зилзилашинос бо истифодаи технологияҳои навтарини рақамӣ харитаи хатари сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Дар асоси мушоҳидаҳои олимону коршиносон дар нерўгоҳҳои барқи обии Норак ва Сарбанд шабакаи назорати ҳолати сарбанди онҳо ҳангоми заминҷунбӣ ташкил гардидааст. Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи канданиҳои фоиданоки мамлакат ва ташаккули конҳои бузурги маъданӣ маълумоти наву ҷолиб ба даст овардаанд.

Дар соҳаи илмҳои биологӣ доир ба гуногуншаклии биологии наботот ва ҳайвонот, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон таҳқиқоти ҷомеъ анҷом дода шуд.

Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, ба вуҷуд овардани низоми муосири тухмипарварӣ ва агротехнологияҳои пешрафта густариш пайдо кард.

Беш аз 300 навоварӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳо барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд ва ҳоло аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб амалӣ шуда истодаанд.

Хеле хуб аст, ки ҳамкориҳои Академияи илмҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илм дар доираи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 ва Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 сол ба сол вусъати бештар меёбанд.
Имрўз мехоҳам якчанд фикрҳои худро оиди масъалаҳои муҳим дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ баён намоям. Масъалаи аз ҳама муҳим ва асосӣ дар назди инсоният ин муаммои энергетикӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ ва дорои захираҳои бои энергетикӣ аст, ба ин масъала пеш аз ҳама бояд диққати ҷиддӣ дод. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи пешгўии коршиносони байналмилалӣ захираҳои нафту газ дар сайёра дар зарфи 40-50 соли оянда ба охир мерасанд.

Дигар ин, ки дар натиҷаи торафт афзудани ҳаҷми партови гази карбон ба атмосфера ва гармшавии иқлим офатҳои табиӣ, аз қабили камобиву хушксолӣ ва монанди инҳо зуд – зуд такрор шуда истодаанд.
 Илова бар ин, аҳолии сайёра босуръат зиёд шуда, имрўз ба беш аз ҳафт миллиард нафар расидааст. Аз ин рў, талабот ба маводи озуқа ва сўзишворӣ торафт меафзояд, ки ҳамаи ин омилҳо боиси болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ мегарданд.

Дар чунин шароит истифодаи васеъ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, пеш аз ҳама, сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ, ки нерўи нисбатан арзон, бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол мекунанд, тақозои рўз мебошад. Аз рўи маълумоти олимон захираҳои гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ 554 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки ҳаҷми бештарини онҳо ба Тоҷикистон рост меояд. Тибқи таҳқиқоти гурўҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баъд аз 15 сол дар минтақа талабот ба нерўи барқ 206 миллиард киловатт-соатро ташкил хоҳад дод. Бинобар ин, мо ба ҷуз сохта, ба истифода додани нерўгоҳи Роғун ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ роҳи дигар надорем. Мардуми Тоҷикистон тибқи асноди мўътабари байналмилалӣ ҳуқуқ доранд, ки аз сарватҳои табиии худ ба хотири рушди мамлакат истифода баранд. Зеро, ҳалли аксари масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, қабл аз ҳама, бо ҷои корӣ таъмин кардани аҳолӣ ва умуман рушди ояндаи Тоҷикистон ба нерўи барқ вобастагии мустақим дорад. Дар баробари ин, рў овардан ба манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия тақозои ҳаёт аст. Дар Тоҷикистон барои истифодабарии чунин манбаъҳо барномаи махсус қабул шудааст, вале татбиқи он хеле суст ҷараён дорад.
Мо захираҳо нафту газ надорем, бинобар ин барои мо яке аз дастрастарин манбаъҳои энергия нерўи офтоб мебошад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 фоиз кам кардан мумкин аст. Тоҷикистон қариб 300 рўз рўзҳои офтобӣ дорад ва
ҳамчунин аз захираҳои энергетикии бодӣ низ пурмаҳсул истифода кардан мумкин аст.

ҳамчунин, бояд ба тайёр кардани олимон ва мутахассисон дар соҳаҳои муосири илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, аз ҷумла дар соҳаву бахшҳои зилзилашиносӣ, геоэкология, технологияи иттилоотӣ, биотехнология, генетика, энергетика ва иқлимшиносӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд, ки аз манфиати давлатию миллӣ холӣ нахоҳад буд.

Ш. Шерматов,
дотсенти кафедраи СИА

Add comment


Security code
Refresh