Ташаккулёбии фарҳанги сиёсии ҷавонон ва муаммоҳои он

Тавре маълум аст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 соли ҷавонон эълон карда шуд.

Мақсад аз чунин иқдом баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани иштироки ҷавонон дар кори бунёди ҷомеаи демократӣ мебошад. Эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон давоми мантиқии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавонбахшии насли ҷавон мебошад. Яъне аз рўзҳои аввал Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон тавҷҷўҳи хоссаи худро равона намудааст, ки инро мо метавонем ҳам дар суханрониҳои Раиси ҷумҳур ва ҳам дар сиёсати амалии пешгирифта мушоҳида намоем.   

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 омадааст: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд…, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд…».

Воқеан, чунин таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест. Зеро имрӯз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин бунёди ҷомеаи демократӣ дар мамлакат аз иштирок ва саҳми ҷавонон вобастагии калон дорад.

Бояд зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа аҳамият дода, дар ин самт тадбирҳои судманд меандешад. Бо мақсади пурзӯр кардани кор бо ҷавонон дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон соли 1997 кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати мамлакат таъсис дода шуда буд.

Ба ғайр аз доир ба ҷавонон якчанд қонунҳо ва барномаҳо қабул гардидаанд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми онҳо нигаронида шудаанд. Албатта ин ҳама иқдомҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби ҷавонон беҷавоб намондааст.

Ҷавонони тоҷик дар солҳои Истиқлолият дар кори ҳимояи ҳокимияти Конститутсионии мамлакат ва дар мубориза бар муқобили қувваҳои бадхоҳ ва зиддимиллӣ фаъолона иштирок намудаанд.

Дар солҳои барқароршавии сулҳу субот дар мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро барои обод кардани Ватан, инкишоф додани иқтисодиёт, фарҳанг ва илм даъват намуд.

Имрӯз дар мамлакат садҳо корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо ҷавонон фаъолона саҳмгузорӣ мекунанд. Ҷавонони кишвар бо завқи баланд ба омўзиши илм ва касбу ихтисосҳои муосир машғуланд. Фаъолияти 39 мактаби олӣ дар кишвар ва ҷалб шудани  170 000 нафар ҷавонон ба таҳсил аз ин далолат медиҳад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад ва аз ҳисоби ҷавонони таҳсилдида дар оянда ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.

Бинобар ин дар шароити кунунӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифро яке аз соҳаҳои муҳим ва калидӣ ҳисобида сол аз сол маблағгузориро ба он зиёд менамояд.

Дар оянда ҷавонони босаводу соҳибмаърифат метавонанд парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд ва симои кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Равандҳои сиёсии ҷомеа ва мураккабияти муносибатҳо дар сатҳи байналхалқӣ  тақозои онро дорад, ки ҷавонони мо дар рўҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ тарбият ёфта, барои манфиатҳои миллати хеш хизмат намоянд. Дарк намудани қадру манзалати миллати хеш ҷавононро барои ҳимоя намудани манфиатҳои миллати хеш ҳидоят менамояд.

Ҷавонони имрӯзаи тоҷик вазифадоранд, ки дар раванди пурталотуми ҷаҳонишавӣ барои ҳимояи манфиатҳои сиёсию-иқтисодӣ ва фарҳангии миллати хеш, ҳамчунин ҳифз намудани якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба монанди гузаштагонамон ҷаҳду талош намоянд. Зеро рушди давлатдории миллии Тоҷикистон аз ҳамаи ҷавонон рафтору муносибати ҷавобгӯй ба ормонҳои миллатро интизор аст.

Бояд ҷавонон бо кору фаъолияти худ дастовардҳои давлаташонро ғанӣ гардонида, миллати хешро боз ҳам сарбаланд намоянд.

Аммо дар баробари ин имрӯз бархе аз ҷавонон бо корҳои номатлуб машғул гардида, барои худ, падару модар ва ҷомеа ташвишҳои зиёд меоранд.

Дар мафкураи гурӯҳи ҷавонон арзишҳои пулпарастию чизпарастӣ мавқеъ пайдо кардааст ва онро барои худ зарурияти асосӣ меҳисбанд. Чунин мавқею муносибат комилан хато буда, он ҷавононро барои даст задан ба қаллобию қонуншиканӣ оварда мерасонад.

Яке аз муаммоҳо шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аст.

Тавре маълум аст, дар ҳудуди мамлакат ба таври ғайриқонунӣ ҷонибдорони «ҳизби Таҳрир», «ҳаракати исломии Туркистон», салафия, ваҳҳобия, аҳмадия, таблиғот ва ғайраҳо пинҳонӣ фаъолият менамоянд.

Ба ғайр аз ин гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия дар ҳайати ҷангиёни гурўҳи бо ном давлати исломӣ аз рӯзҳои аввал иштирок карда истодаанд. Чунин рафтори ҷавонон хатогии сиёсие мебошад, ки ислоҳу баррасиро талаб мекунад. Зеро ҷавонони бехабар ва ноогоҳ ба симои мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфии худро расонидаанд. Онҳоро ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро барои мақсадҳои нопоки худ истифода карда истодаанд, ки дар оянда низ барои амнияту суботи кишвари мо хатарзо мебошанд.

Ҷавонони гумроҳшуда, ки дар сафи гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ қарор доранд иддаои онро доранд, ки барои ҳимояи дини Ислом ва ё бунёди давлати исломӣ меҷанганд. Аммо онҳо бехабар аз он ҳастанд, ки симои мусалмононро дар сатҳи ҷаҳонӣ паст мекунанд ва ҳамаи кўшишҳои уламои исломро дар муаррифии симои сулҳдўстонаи мусалмонон ва дини мубини Ислом ба ҳеҷ баробар месозанд.  

Ҳамчунин бо чунин рафтори хиёнаткорона ва разилонаи худ ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик барои миллати сулҳдўст ва бостонии мо иснод меорад.

Миллати мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ҳаёти осоишта, бо инкишофи илм, адабиёт ва санъат, бо сулҳдўстиву мардумсолорӣ худро муаррифӣ намудааст.  Мо ҷавононро низ, имрўз зарур аст, ки муаррифгари фарҳанги сулҳу дўстӣ бошем ва ҳамаи он арзишҳои олии аз гузаштагонамон ба мерос гирифтаро пос дорем ва амонатдори он бошем.  

Барои мо тоҷикон ифтихори бузург он аст, ки чунин нобиғаҳои миллатамон чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Fафуров ва даҳҳо дигарон аз ҷониби аҳли башар эътироф шудаанд ва асарҳои онҳо ба саҳифаҳои ганҷинаи ҷаҳонӣ дароварда шуда, бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума гардидаанд.

Ҷавонон бояд донанд, ки тоҷикон дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ ба муқобили ягон халқу миллат ҷанг накардааст ва ҳамеша сулҳдўстиро пеша сохтаанд. Набардҳои миллати тоҷик танҳо барои ҳимояи давлати худ дар асрҳои гузашта сурат гирифтааст.

Муаммои дигаре, ки имрӯз дар миёни ҷавонон зуҳур намудааст, ин зоҳирпарастию бегонапарастии гурўҳе аз онҳо мебошад. Зуҳуроти бегонапарастӣ миёни ҷавонон дар оянда метавонад боиси паст гардидани ғояҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни онҳо гардад.

Бояд қайд кард, ки ҳамаи иллатҳои дар боло зикргардида дар натиҷаи паст будани фарҳанги сиёсии ҷавонон ба амал меоянд.

Дар кори ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, дӯстии халқҳо, сулҳу ваҳдат, аз худ намудани сабақҳои таърих, омӯхтани дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ аҳамият додан лозим аст. Танҳо чунин тарзи корбарӣ имконият медиҳад, ки ҷавонон ватандӯсти ҳақиқӣ ташаккул ёфта, дар кори бунёди ҷомеаи демократӣ фаъолона ширкат варзанд ва саҳми арзандаи худро дар рушди Тоҷикистон гузоранд.

  С.Солихоҷаева,
 устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh