Моҳияти терроризм

Истилоҳи терроризм аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънои тарс ва  даҳшатро доро мебошад. Бо ин калима «ҳаракати зўроваронаи гуногунмақсад, ба монанди гирифтани асирон, таъқибкунии рақибони сиёсӣ, вайрон намудани биноҳои истиқомативу ҳадамотӣ ва куштор маънидод карда мешавад».

Баъзан терроризмро ба чунин фарқиятҳо, яъне индивидуалӣ ва гурўҳӣ тақсим менамоянд. Аввалин маротиба мафҳуми терроризми байналҳалкӣ  солҳои 70 – 90-уми қарни ҶҶ пайдо шудааст. Дар луғатҳо мафҳумҳои «террор» ва «терроризм» ҳаммаъно омадааст. 

Фаъолияти террористон на ҳама вақт бо  куштор вобаста бошад ҳам, дар аксар ҳолат таҷовуз, зўроварӣ ва тарсониданро мавриди истифода қарор медиҳанд. Фарқият танҳо дар мақсади ниҳоӣ дида мешавад. Фаъолияти террористон ба даст даровардани маблағи муфт ва мақсадҳои сиёсӣ, ки метавонад барои барҳам задани сохти конститутсионӣ равона шуда бошад, фаъолияти террористӣ танҳо барои ноил шудан ба мақсад дар амал татбиқ карда мешавад. Дар бисёр ҳолат шахсоне, ки ақидаи террористиро пайгирӣ менамоянд,  ватанпараст, мубориз барои озодӣ ва мухолифин ном мебаранд.

Терроризм бо роҳҳои маҳв сохтан ва ё кўшиши маҳви объектҳои гуногун таҷассум мегардад.  Инҳо маҳв ё нобуд намудани тайёраҳо, биноҳои идоракунӣ, биноҳои истиқоматӣ, киштиҳои баҳрӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим буда метавонанд. Яке аз роҳҳои ноил шудан  ба мақсад барои террористон ин тарсонидан ва ё муҳити тарсро ба вуҷуд овардан  барои амнияти худ ва хешовандону аҳли табор мебошад.  Нобуд шудани моликияте, ки дар натиҷаи он касе қурбон нашудааст, ҳамчунин терроризм маънидод карда мешавад. Инчунин,  ҷинояте, ки як фард бар зидди фарди дигар ё гурўҳе ва ё бар зидди ҷомеа содир намудааст, терроризм ном мегирад.

Мутахассиси варзидаи америкоӣ оид ба ҳуқуки байналҳалқӣ Ричард Фалк ду мафҳуми терроризми байналҳалқиро баён намудааст: «ҳамагуна намуди таҷовузи сиёсиро, ки сафедшавии зарурии ҳуқуқиву маънавиро надорад ва бевосита аз тарафи кӣ содир карда мешавад, ҳоҳ гурўҳи инқилобӣ бошад ва ё ҳоҳ ҳукуматӣ, терроризм номидан мумкин аст». «Экстремизми сиёсие, ки таҷовузро бевосита бар зидди ҳаёти осудаи мардуми оддӣ равона кардааст, терроризм мебошад». Табиист, ки ин маънидодкуниҳои мафҳум шартӣ буда, на ҳама вақт хусусияти аслии онро дар назар дорад. Аз тарафи дигар депортаменти давлатии ИМА тероризми байналхалқиро чунин маънидод намудааст: «Таҷовузи пешакӣ ба нақша гирифташудае, ки мақсадҳои сиёсиро доро мебошад ва ба сўи нуқтаҳои дар амалиёти ҳарбӣ иштирок намекарда (noncomeatant targets) равона шудааст ва аз тарафи гурўҳҳои субмиллӣ ва ҷосусони давлатҳои хориҷа содир карда мешавад», терроризми байналхалқӣ маҳсуб меёбад.

Имрўз мафҳуми ягонаи терроризми байналхалқӣ чи дар ҳуқуқу қонунгузории миллӣ ва чи дар байналмилалӣ вуҷуд надорад, зеро он ба омилҳои гуногун вобастагӣ дорад, ки дар бобати аз ҷиҳати мантиқӣ муайян намудани он душвориҳоро  пеш меоварад.

Дар адабиёт мафҳумҳои «террор» ва «терроризм» бо мақсади муайян намудани фаъолиятҳои гуногун, ки ба ҳамдигар монанданд ва бар зидди аҳолии осоишта, шахсиятҳои алоҳида, гурўҳи калони мардумон ва ҳатто ба синфҳои муайян равона карда шудааст, истифода мебаранд. Таърихчиён дар бораи намудҳои гуногуни террор ҳарф мезананд, ки инҳо терроризми якобиниҳо, террори сурх, террори сафед, террори фашистӣ ва ғайра мебошад. Рўзноманигорони муосир дар бораи террори чиноӣ, яъне рабурдани тайёраҳо ва гирифтани асирон ҳарф мезананд.

Мафҳуми дуруст ва пурратарини илмии терроризмро олим ва таърихнигори америкоӣ Д. ҳадман дар мақолаи «Терроризм», ки аввалин маротиба соли 1934 чоп шудааст,  дар ҷилди чаҳордаҳуми «Қомуси илмҳои иҷтимоӣ» пешниҳод намудааст. «Терроризм, - менависад ҳадман – мафҳуме мебошад, ки барои баррасии метод ва ё назария, дар асоснокии методӣ, бо воситаи  гурўҳи муташаккил ва ё ҳизб мехоҳад ва ҳаракат менамояд, мақсадҳои эълоннамудаи худашро бо истифодаи систематикии қувва ба даст оварад. Актҳои террористӣ бар зидди инсон ва шаҳрвандон равона шуда, онҳоеро бартараф менамояд, ки ҳамчун шахсият, ҷосусон ва ё намояндагони ҳокимияти сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии  гурўҳи террористон  монеа мешаванд». Бартарияти мулоҳизаронӣ ва хулосабарории ҳадман боз дар он аст, ки ў менависад: «терроризм ҳамчун методи мубориза, ҳамеша кўшиш ба ҳарҷ медиҳад, ки хусусияти ҳукумати вақтиро бо умумияти давлатӣ дар назари ҷамъият бо ҳоҳиши намоиш додани он, ки ҳокимияти қонунии вақтӣ дигар қудрати бартараф  намудани масъалаҳои иҷтимоиро надорад, такон бидиҳад, ва хулосатан на танҳо шаҳрвандон, балки ҳукумати анъанавӣ дигар дар амнияти воқеӣ карор надорад».

Оиди кай пайдо шудани терроризм ақидаи таърихчиён ва сиёсатшиносон  мухталиф мебошад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар замони пеш терроризм ба низоми мураккаби такмилёфта мубаддал гашта наметавонист, зеро барои он пешрафти босуръати технологиву информологӣ зарур буд. Дар ҳамин ҷода кашф шудани динамиту дигар воситаҳои ахбороти омма қобилияти ваҳмангезии терроризмро зиёд намуд.

Ҷума Ёқубов,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти
кафедраи сиёсатшиносиии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh