Танзими расму ойин – зарурати зиндагӣ

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба тасвиб расидааст, даҳ сол сипарӣ гашт.

Сабаби асосии қабули Қонуни мазкур аз он иборат буд, ки дар охири солҳои 80 ва солҳои 90-уми асри ХХ аксари аносири (элементҳои) расму оин, урфу одат, суннатҳои шариатӣ ва ғайра ба таври манфӣ – хараҷу мараҷ, худнамоишии баъзе ашхос, хароҷотҳои калони маблағӣ табдил ёфтанд ва ба гўё  чун «анъанаҳои нав» ба ҳаёти ҷомеа ҷорӣ гаштанд. Аммо ин гуна аносирҳо ба фарҳанги халқи тоҷик пурра бегона буд, яъне ифодаи анъанаҳои этнофарҳангии миллатамон маҳсуб намегардид. Он на ба новатсия (навоврӣ ба фарҳанги хеш) ва инноватсия ба фарҳангамон, анъанаи халқамон мансуб набуд.  Ин сабабҳо буданд, ки ин Қонун даҳ сол муқаддам бо зарурат ва ногузирии таърихӣ дар печутоби зиндагиамон қабул шуд.

Қонуни мазкур барои дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятии замони Истиқлолият шароит ва заминаи хуби зиндагии бофарҳанги моддию маънавӣ фароҳам овард.

Ҳадафи асосии қабули Қонун барқарор, пойдор ва инноватсияи замонавӣ додан ба расму ойин, анъана, маросиму ҷашнҳои қадимаи тоҷик, гум накардан мероси гаронбаҳои маънвии миллатамон аст, ки онро дар ифтитоҳи суханашон 11 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурмўҳтаво маънидод намуданд.

Маднияти халқӣ дар баробари умумиятҳо, дорои тафовутҳо низ мебошад ва сабаби асосии ин махсусиятро соҳиб шудани маданияти миллӣ – ин шароити мухталифи ҳаёту фаъолияти миллатҳо дар вазъи муайяни этникӣ-иҷтимоӣ дар даврони муайяни таърихӣ ба шумор меравад. Маданияти халқ, аз ҷумла тоҷикон, аз маҷмўи унсурҳои фарҳангии муносибатҳои этникӣ дар робита бо вазъи зиндагӣ фароҳам омадааст.

Дар ҳудуди этногенез халқ метвонад қабатҳои гуногуни этникӣ бо тазоҳури маданияти моддию маънавӣ, бахусус бо унсурҳои равшани тафовутҳо вуҷуд дошта  дучор шуда бошад. Дар айни замон маданияти халқӣ вобаста ба шароитҳои муайяни таърихӣ ва табиӣ метавонад хосияти минтақавӣ дошта бошад.

Яке аз бахшҳои таркибии маданияти халқӣ расму ойинҳо - маҷмўи маросимҳо мебошад, ки бо ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ алоқаманд аст. Расму оин дар асоси талабот ва манфиатҳои ҷамъият ва гурўҳҳои муайяни аҳолӣ ба миён меояд. Маънии русумро на аломатҳои зоҳирӣ, балки мазмуни  асосии худи маросимҳо ташкил медиҳад. Муҳитмтарин раванди ойинҳо дар он ифода меёбад, ки онҳо ҳамчун меъёрҳои маънавию ахлоқӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ аз насл ба насл мегузаранд. ҳамин тариқ, ҳадафи ойинҳо ба шаклҳои роиҷи муносибатҳои иҷтимоӣ ҷалб кардани насли наврас ба шумор меояд. Паҷўҳишгарони соҳаи оиншиносӣ дар Осиёи Миёна дуруст қайд мекунанд, ки – расму ойинҳо ин инъикоси ҳақиқати воқеӣ дар шуури инсон на дар шакли оддӣ, балки дар образ ва рамзҳо мебошад, ки дар тасаввурот, никоҳу оила, диди зиндагии одамон дар раванди ташаккули маданияти ин ё он ҷамъият ё халқият ифода меёбад.

Расму ойин яке аз тарафҳои муҳими ҳаёти оила аст. Тўй воқеияти рамзии тавлиди низоми хурди ҷамъиятӣ, яъне оила маҳсуб меёбад.

Махсусияти маданияти суннатии тоҷикон, ба мисли халқҳои дигари кишварҳои мусалмонӣ, аз арзиш ва меъёрҳои дини мубини Ислом маншаъ мегирад, ҳарчанд, ки таъсири он дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ баробар намебошад.

Халқҳои гуногуни мусалмон аз рўи расму оин дар шароити этникӣ- иҷтимоии давлатӣ ё кишвари муайян фарқ мекунанд. Чунин тафовут, ки қисман аз давраҳои тоисломии мероси мадании тоҷикон сарчашма мегирад, дар тарзи зиндагӣ дар тўли инкишофи таърихии мамлакатҳо устувор мемонад. Шароитҳои мухталифи таърихи сабаби асосии махсусияти маданияти мардумӣ мегардад.

Расму ойини оилавӣ аз ҷумлаи рукни муҳими маданияти миллӣ ба шумор мервад, ки асолати худро устувор нигоҳ медорад. Мутахассисон маросимҳои муайянеро дар робита ба тавлиди кўдак (гаҳворатўй, гаҳворабандон, номгузорӣ, хатнатўй (чукбурон), инчунин хонадоршавӣ ва вафотро аз шаклҳои асосии расму оини оилавӣ шуморидаанд.

Анъана ва маросимҳо қабл аз ҳама бо фаъолияти меҳнатии мардумон алоқаманд буда, вобаста ба ҳамин махсусияташон онҳо виҷагиҳои тақвимӣ касб кардаанд. Расму оинҳои тақвимӣ бошад ба идҳо марбутанд. Аз қадимулаём идҳо қисмати ҷудонопазири ҳастии ҷамъиятӣ, нахустин шакли маданияти мардумӣ маҳсуб гардида, худи калимаҳои «ид», «ҷашн» маънои фориғ будан аз заҳмат ва зистан дар хушнудиро дорад. Бо ибораи дигар, ид вақти холӣ доштанро ифода намуда, расм ойин бошад, фаъолияти одамонро дар ҷараёни чорабиниҳои муайян инъикос менамояд. Мураккабӣ ва серпаҳлўгии идҳо ҳамчун қисмати ҷудонопазири маданияти исломӣ дар гуногунмазмунии онҳо таҷассум пайдо мекунад.

Ҳолати муҳими дигаре низ вуҷуд дорад, ки бояд ба он ишорат намуд, яъне тадқиқотҳое низ мавҷуданд, ки дар онҳо мафҳуми расму ойин бо одоби муошират (этикет) ҳаммаъно ҳисобида мешавад. Одоби муошират ҳамчунин бо фаъолияти меҳнатии аъзои ҷамъият марбут аст. Аз ин рў муносибати халқҳои Осиёи Миёна нисбат ба шуғли одамон ягона намебошад. Масалан, молпарварон ба деҳқонон таваҷҷўҳ надоштанд. ҳамчунин, тафовути шуғлӣ аз рўи аломатҳои ҷинсӣ ва синнӣ низ вуҷуд дорад. Чунончӣ, касби санъаткорӣ чун анаъна шуғли  боэътибор ҳисобида намешуд. Баракс, мардуми Шарқ шуғли динӣ, маъмурӣ, ҳарбӣ, савдо, ҳунармандӣ, деҳқонӣ, суханварӣ ва амсоли инро касби бошараф мешумориданд.

Қобили зикр аст, ки халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон то Инқилоби Октябр дар шароити дур аз индустриакунонӣ, вусъати техникӣ, аз рўи одатҳои анъанвӣ-динӣ ҳаёт ба сар мебурданд.

Ҳамин тавр, мо бо нишон додани расму оинҳо ҳамчун силсилаи муносибатҳои суннатии тоҷикон шурўъ кардем. Нерўи суннатҳои мардумӣ ба дараҷе қавист, ки таомули расмиро ҳатто бошандагони микроноҳияҳо, маҳалаҳои навбунёд, ки сокинонаш аз гўшаву канори кишвар омадаанд, маҳфуз медоранд.

Агар расму ойини тақвимӣ ва меҳнатӣ хосияти муттасилӣ дошта бошад, маросимҳои оилавию авлодӣ аз лиҳози вақту ҳангом ва андоза озоданд. Ағлаби русуми мардумӣ решаҳои қадимаи тоисломӣ дошта, дар баробари ин, дар тўли асрҳои минбаъда ба таҳаввулот дучор омадаанд.

Ҳамин тавр, низоми ягонаи тақвимӣ, миллӣ ва касбию соҳавӣ дар кишварамон ба низоми ягонаи иду ҷашнҳои милливу динӣ ба расмият дароварда шуданд.

Дар рафти суханронӣ Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки ҳадафи ҷамъ омадан аз байн бурдан ва барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ нест, балки раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассуби ҳурофотпарастӣ аст, чунки дар ҷомеа равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ибтидо ва вусъат гирифтанд.

Маълум аст, ки вазифаи ҳар як расму ойин, суннат, ҷашну анъана инъикоси фарҳанги моддию  маънавии миллат аст ва он бояд аз унсурҳои бегона тоза бошаду хусусияти хоси мардумиро байни ҷаҳониён дар ин замони ҷаҳонигардида зоҳир намояд.

Рақамҳои оморӣ оиди зиёдшавии ақди никоҳ аллакай дар моҳҳои аввали қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаш моҳ аз 23000 то 97000 ва соли 2008 ба 106000 ақди никоҳ зиёд шуд). Баъзе аз рукнҳои расму ойинҳою суннатии мардумию дини дар тўйҳои арўсию домодӣ, хатнасур, таваллуди кўдак, маросимҳои азодорӣ ба монанди номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, ноншиканон, «ҳа»-гўён, раванди хостгорӣ, либосдўзӣ, тўйбарон, оши занон, маслиҳатошӣ, бехирезкунони тўи писар, маросими бегоҳии охир («се»), «бист», «чил», «сол» ва ғайраҳо баъзеашон дар ин даҳсола қариб аз байн рафтанд, якчантоашон як шуданд ё ин ки инноватсия гардиданд.

Аммо баъзе аз маросиму маъракаҳо то ҳол чун хурофот, зиёдакорӣ ва худнамоишӣ гардида боиси риоя накардани моддаҳои 11, 14-уми Қонуни «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мароимҳо» ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 ва аз ин лиҳоз ба ин моддаҳо тағйирот ворид карда шуданд.

Дар баромади хеш Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷабҳа, соҳа ва равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: хоҷагии қишлоқ, саноат, илм, фарҳанг, иҷтимоиёт таҳлили аналитикию оморӣ ва иқтисодии ҳамаи қишрҳои ҷомеаро бо санад, далел ва рақамҳои оморӣ таҳлил намуда, тағйиротҳои назаррасро дар рушду нумўи мамлакат, то оилаю шахсони алоҳида, хусусан оилаҳои камбизоат инъикос намуданд. Таваҷҷўҳи ҷиддиро зоҳир намуданро баҳри пеши роҳи хурофотпарастӣ, зоҳирпарастиро гирифтан чун вазифаи муқаддаси падару модар, давлат, ҷомеа ва оила вазифагузорӣ намуданд.

М.Файзуллоев,
дотсенти кафедраи археология
ва этнографияи халқи тоҷик

Add comment


Security code
Refresh