Тарбияи худогоҳии миллӣ – вазифаи аввалиндараҷа
- Details
- Published on Thursday, 10 April 2025 08:48
Агар ба саҳифаҳои таърихи ин ё он давлат нигарем, аз ҳодисаҳои ҷангу ҷидол ва муборизаҳо ба назар ҳувайдо мешавад, ки муборизаи ду қувва-қувваҳои хайрхоҳу бадхоҳ иборат аст. Мақсади ниҳоии ин ҷангу ҷидолҳо ба даст овардани ҳокимият ва ҷорӣ намудани сиёсати худ бо роҳи зӯрӣ мебошад.
Солҳои охир қувваҳои сеюм, яъне қувваҳои ифротгаро низ пайдо шудаанд, ки асосан зери ниқоб фаъолият намуда, мақсаду мароми гаразноки худро доранд. Ин қувваҳои сеюм худро ҳизби сиёсии “адолатҷӯ” муаррифӣ карда, бо таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон онҳоро гумроҳ менамояд ва барои амалисозии ниятҳои ғаразноки худ аз ҳама гуна роҳҳо истифода мебаранд. Ин қувваҳои сиёсии ифротгаро дар мамлакатҳои мусулмоннишин дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд, ки ин хеле хафнок мебошад. Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунад, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик бо “шарофати” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст.
Гарчанде, ки ҳизби наҳзат дар кишвари мо ҳоло расман фаъолият намебарад, таъсири он ва дигар ҳаракатҳои радикалистиву ва экстремистӣ аз хориҷи кишвар дида мешавад. Ҳадафи асосии онҳо ин корбарӣ бо табақаи камтаҷриба, вале сернуфузи мо - наврасону ҷавонон мебошад. Бо роҳи кашидан ба доми худ онҳо аз ҳамаи роҳҳо ва воситаҳо истифода мебаранд, то ки наврасону ҷавононро гумроҳ намуда, барои амалисозии мақсадҳои ғаразноки худ истифода баранд.
Чӣ тавре, ки санаи 10 – уми майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқоти худ бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қайд намуданд, имрӯз дар қатори таълими асосҳои технологияҳои муосир ва фанҳои тахассусӣ тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа мебошад.
Бинобар ҳамин, дар марҳилаи имрӯза тарбияи хештансиносӣ ва доштани дониши сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавононро бояд дар мадди аввал қарор дода, мазмуни мавзуъҳои фанҳои гуманитарӣ-иҷтиморо ба ин масъалаҳо равона карда шавад. Ба ғайр аз ин, донишҷӯён дар иҷрои кори мустақилона аз фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар мавзуъҳои вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, ватандӯстӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ корҳои хаттӣ иҷро намоянд ва барои баҳодиҳӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба ин корҳо озмунҳои дохилидонишкадавӣ, шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ эълон нарда шавад.
Ш.Усмонов,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон