Террору экстремизм хоси тоҷикон нест

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби марзу бум, давлат, фарҳанг ва маънавияти воло буда, дар қатори халқҳои мутамаддини ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибдавлату соҳибмаърифат шинохта шудааст. Гарчанде миллати мо дар замонҳои гуногун ҷабрдида бошад ҳам борҳо аз нав қомат афрохт, дубора нерӯву бозсозандагӣ нишон дод, ба асли хеш ҳамчун тамаддунофар, инсонгаро ва ватандор баргашт.

Истиқлолияти ҷумҳуриамон бо осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, дар солҳои тозаистиқлолӣ бо дасисабозиҳои нерӯҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои  гумроҳи мухолифини дохилӣ, кишвар ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар мамлакат нерӯҳое сар бардошта буданд, ки дар дил сарнагун кардани ҳокимияти конститутсиониро доштанд. Дасисаҳои ин тоифа хатари нестӣ ва парокандашавии миллатро ба миён овард.

Мо медонем, ки дини Ислом дорои ахлоқи бузург аст ва пояҳои баланд дорад.  Лекин ҳоло ин маъниро исломгароёни мазҳабӣ аз байн бурданӣ шуда, мехоҳанд ба манфиати худ истифода баранд. Исломгароӣ бархе аз ҷавононро фирефтаи дину мазҳаб намуда, ба гурӯҳҳои мухталифи экстремистиву террористӣ пайваста, барои ноором сохтани ҷомеа истифода мебаранд.

ТЭТ ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати ҷумҳуриамон фаъолият бурда, мавзӯи асосии кирдори сарварон ва аъзоёнаш сари ҳокимият омада, даст ба табдили давлати қонунии дунявиро ба исломӣ мубаддал кардан  буд ва то ҳол дигар нашудааст.

Мувофиқи маълумоти аз манбаъҳои муътамад ба даст омада ҲНИ натанҳо ба созмон додани амалиёт ва фаъолияти  террористӣ машғул аст, балки бо “Давлати исломӣ”, “Бародарони мусалмон”, ”Ҷамоати Ансоруллоҳ”,  ”Ҳизби таҳрир” ва ғайра робитаи ҳамкорӣ дорад. Баъзе ҷавонони  гумроҳ ба аъзогии ҲНИ шомил ва берун аз Ватан барои исломӣ шудани дунё амалҳои террористиро анҷом дода, дар навбати худ қурбон шуда истодаанд.

Тоҷикистон бо сулҳу салоҳи пешгирифта, халқи зеҳни пок дошта намемонад, ки гурӯҳҳои ғараздошта, бадбин ба ниятҳои нопоки худ расанд.

С.Олов,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
Ш.Тойирова, М.Исоева,
устодони Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  

Add comment


Security code
Refresh