НЕШИ АҚРАБ НА-АЗ ПАЙИ КИН АСТ...

Дар саҳифаи шабакаи иҷтимоӣ аз қабили “фейсбук”, “паём.нет” ва “ислоҳ.нет” мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин як тан муздури наҳзатиён, ки барои пулу мол гашта бар муқобили Ватану миллати худ садо баланд мекунад. Мақолаи тахрибкоронаи ин хоин зери унвони “Намошигоҳи зулму истибдод...” чоп гардид. Баъди мутолиа намудани мақолаи мазкур масъулияти шаҳрвандиам маро ором нагузошт дар атрофи ин масъала фикру ақидаи худро баён намудам.

Ибтидои солҳои 90-ум ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва тамоми соҳаҳои халқи мамлакат рўй ба фалаҷ оварда буд. Фикри мо – кўдакони он давра на дар шодиву хуррамӣ, балки дар орзуи сулҳу истиқрор ва дастурхони ободи фаровон аз нон буд. Ҳар як ҳодиса ва маълумоте, ки тариқи телевизион ва ё радио пахш мегардид мо ҳамсолон бо диққат гўш дода бо ақли кўдаконаи худ онро таҳлил менамудем.

Ба назари кас симои “қаҳрамонони” майдони “Шаҳидон” ба мисоли Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Давлат Усмонов, Эшони Қиёмиддин  ва дигар ифротгароён ба деву иблис монандӣ дошт, ки дар қалби кўчаки мо оташи қаҳру ғазаб ва  нафратро ҷой намуд. Ба назарам менамояд, ки маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо халқи тоҷик интизори наҷотбахши миллати хеш буда, ҳар лаҳза аз парвардигор илтиҷои онро дошт. Ва нидои халқ шунида шуд. Ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, миллатро сарҷамъ намуд, сулҳу суботро дар Тоҷикистони азизамон барқарор намуда, имрўз ба истиқлолияти энергетикӣ расида тариқи сохтмони роҳхои обод аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. 

Аммо ҳастанд нохалафоне, ки ин хуррамии мардуми тоҷикро ва он обрўву нуфузе, ки  сарвари мо дорад чашми дидан надоранд. Он як-ду нохалафе, ки дар атрофи ин абармарди тоҷик бадгўӣ менамояд ҳаргиз наметавонад ўро дар чашми тоҷикон ва ҷаҳониён бад нишон диҳанд. Халқ худ баҳои реалӣ нисбати хизматҳои шоёни ин абармарди таърихӣ додааст ва ҳеҷ кас наметавонад онро иваз кунад.

Муаллифи мақола, Муҳаммадиқболи наҳзатӣ ишора бар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дорад. Онҳоро «гастербайтер» ном гирифта, бори дигар мехоҳад тухми кинаву адоватро кишт намояд. Лек ӯ бо ибораи ба худ хос маълум намуд, ки чи гуна ақида дорад. ҳамватани худ ва ҳаммилати худро паст зад. Аммо он муҳоҷрони меҳнатие, ки дар хориҷ аз мамлакат кору фаъолият доранд бо кори ҳалоли худ як бурда ҳалоли худро дарёфт карда, зану фарзанди худро таъмин менамоянд. Хушбахтона ҳамон муҳоҷироне, ки ӯ “гастербайтер” номгузорӣ кардааст, ба мисли  Муҳаммадиқбол хоин ва ватанфуруш нагаштаанд. Ватану миллати худро ба мисли ту, ба чанд пули ҳароми хоҷагони хориҷии худ нафурухтаанд. Пас барои мо муҳоҷирон аз ватанфурушон авлотару азизтар аст. Зеро онҳо ба қадри Ватану ватандорӣ мерасанд. Бод таъкид намуд, ки мардуми тоҷик аз қадим меҳнатдўст, аз душвориву вазнинии зиндагӣ ҳаргиз намеҳаросид ва бо арақи ҷабин ризқу рӯзии  худро ба даст меовард ва ҳаргиз барои ҳаёти пурдабдаба, ба мисли наҳзатиён рўй ба «хоҷагони аҷнабиву зархарид» намеовард.

Дар ин лаҳзаҳо ба ҳамватанони азизам муроҷиат намуда, иброз менамоям, ки ба ин фитнаву бўҳтонҳои ватангумкардагону кӯрнамокон дода нашавем. Шукри сулҳу осудагии Ватанро намуда, барои боз ҳам ободтар гардидани Ватан ва барои бахту саодати хонадони тоҷик талош варзем!

 Салимова М. Қ. – н.и.п. дотсенти

 кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh