ҲНИ ва ПМТ – ғояҳои фашистӣ мепарваранд

Чанд рӯз пеш тавассути шабакаҳои Фейсбук намоиши гуфтугӯи рӯбарӯ бо ширкати Муҳиддин Кабирӣ, ки худро роҳбари ПМТ (Паймони миллии Тоҷикистон) эълон кардааст, намоиш дода шуд.

Баробари пайдо гаштани чеҳраи манфури ӯ ва оғози суханҳои берабт эҳсос карда мешуд, ки бо як ҳаросу хавотирӣ сухан мегӯяд. Бо вуҷуди он, ки сирату сурати хуношоми ӯро ҳама аллакай медонанд, касифи номбурда сараввал аз баёни тарҷумаи ҳолу фаъолияти хоинонааш суханро оғоз намуд.

Ҳарчанд ба унвони Кабирӣ саволҳо ворид мегаштанд, аммо ӯ  ду - се тан ҳаммаслакони худобехабару ватанбезораш посух мегуфт. Аз суҳбати Кабирӣ аён буд, ки паси ҳамаи он шикасту нооромиҳое, ки ба сари миллат омадааст, чун дириҷёр худи ӯву хоҷагонаш истодаанд. Ӯ иқрор гашт, ки ҳамаи он санадҳои замони ба ҳукумат ҷой гирифтани намояндагони  ба истилоҳ 30- фоизаи ҷониби  мухолифинро ӯ омода мекардааст, ки воқеан ноуҳдабаро ва хиёнаткори  халқу миллат гаштанд.

Дар сӯҳбат ба саволи он, ки чаро ПМТ таъсис ва роҳбариашро ба уҳда гирифтааст, Кабирӣ таъкид менамояд, ки мо ба инқилоб омодагӣ мебинем.

Ин хоини аз Ватан рондашуда  бехабар аз он аст, ки сулҳу ваҳдатро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, халқи тоҷик чун гавҳараки чашм ҳифз менамояд.

Кабирӣ дарк намекунад, ки як бор бар сари ин миллати ҷафокашида чӣ даҳшатҳоеро бо хоҷагонаш овардааст. Аз паймонаи заҳрогини ҷанг ин миллати шариф як бор нӯш кардааст, ин бас аст.

Имрӯз ин миллати бедор ба хубӣ дарк мекунад, ки дигар ягон таблиғоти иғвогароёна ва ҳидоятҳои хоинона ба тафаккури миллат таъсир нахоҳад кард. Имрӯз боқимондаи пайравони ҲНИ ва ПМТ, ки ҳама хору залилу музтаранд, наметавонанд хиради азалии  миллионҳо сокинони Тоҷикистонро коста гардонанд.

Миллати сарфарозу созандаи тоҷик ба хубӣ медонад, ки Кабирию пайравонаш аз алами беватанию бекафанӣ, аз бухлу ҳасад, кинаву нотавонбинӣ, аз хиёнат, ки дар шараёну вуҷудашон ҷойгир аст, ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил ва худро чун шамъи хирае сӯхта оқибат нест мешаванд.

Туйғун ШАРИФОВ,

ноҳияи Зафаробод

Add comment


Security code
Refresh