ДАСТГОҲИ ТАВОНОИ ИТТИЛООТ

Матбуот оинаи ҳар як давлату миллат буда, бо гузашти солҳо чун махзани маънавиву фарҳангӣ арзиши баланд пайдо мекунад ва аҳамияти бузурги тарбиявиву маърифатӣ дорад. Он маҳсули андеша ва тафаккури инсонҳои соҳибистеъдоду эҷодкор, соҳибқаламу солимфикру созандаест, ки барои роҳнамоиву ҳидояти ҷомеа мусоидат менамояд.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳими ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад».

Рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ки бо заҳмату талош ва хизматҳои содиқонаву софдилонаву ибратбахши сокинони соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни кишвари азизамон иртиботи қавӣ дорад, яке аз амалҳои неку дурбинона ва сиёсати фарҳангиву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Бо ҳидоятҳои маърифатпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дар идомаи он имрӯз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ дастрас шуда истодааст. Мақсад аз ин иқдоми неку шоиста огоҳии ҳарчӣ бештари мардуми кишвар аз гузаштаи ибратпазири ниёгонамон мебошад, ки омӯзем, донем ва ибрат гирему ифтихор намоем.

Дар арафаи ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани таҷлили 95 - солагии таъсисёбии яке аз рӯзномаҳои бонуфуз ва аввалини вилоят – нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – «Ҳақиқати Суғд» ва ба шакли маҷмӯа гирд овардани фикру андешаи муштариён бисёр рамзӣ ва фоли нек буда, арҷгузорӣ ба заҳмати наздик якасраи аҳли қалам ва хонандагону алоқамандони он мебошад. Зеро дар ин рӯзнома рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ободиву созандагӣ, зебоиву шукуфоӣ, фарҳанги ҳастиву зиндагии мардуми вилоят инъикос ёфта, тавассути саҳифаҳои нашрия мақоми ҷовидонӣ гирифтааст.

Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – «Ҳақиқати Суғд» гузаштаи бошараф ва пурифтихор дошта, аз рӯзҳои нахустини ташкилёбиаш мактаби бузургу беназири тайёркунии кадрҳои соҳибихтисоси рӯзноманигорӣ дар ҳавзаи адабии вилоят мебошад ва бе ҳеҷ муҳобот баҳри ташаккулёбии журналистикаи қаламрави вилоят пояи устувор гузоштааст.

Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» нахустин маротиба 25-уми марти соли 1930 бо номи «Роҳи колхозчӣ» аз чоп баромадааст. Он чун нашрияи афкори Кумитаи округи Хуҷанд интишор ёфт. Муҳаррири нахустини рӯзнома журналисти ҷавон, хатмкунандаи Институти журналистикаи шаҳри Маскав, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Муҳаммадҷон Ҳасанов буд. Вазифаи асосии рӯзнома дар он муҳит пеш бурдани сохти колхозӣ ва мустаҳкам кардани он ба ҳисоб мерафт.

Дар кори нашри рӯзнома хизмати аввалин журналистони Хуҷанд Муҳаммадҷон Ҳасанов, Эргаш Мӯҳсинзода, Абдулҳамид Паҳлавонзода, Раҳмат Саидов, Ҳаким Карим, Саид Носиров, Раҳим Ҷалил ва дигарон хеле калон аст.

Журналистон ва мухбирони рӯзнома, аз ҷумла Қаҳрамонони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров, Мирзо Турсунзода, Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Абдуҳамид Паҳлавонзода, Қурбон Баҳлулзода, Муҳиддин Аминзода, Пӯлод Толис ва дигарон бо нигоштаҳои пурмӯҳтавои худ дар бедории мардум, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон саҳми беандоза гузоштаанд.

Дар давраи мавҷудият номи рӯзнома борҳо иваз шудааст. Аввал «Роҳи колхозчӣ» бошад, баъдтар бо номҳои «Колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ» ва аз моҳи январи соли 1948 бо номи «Ҳақиқати Ленинобод» интишор гардид. Бо сабаби барҳам дода шудани вилояти Ленинобод бо ҳамин ном ҳамчун органи комитети партиявӣ ва комиҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Хуҷанд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (дубляж) чоп шуд. Аз санаи 5-уми майи соли 1971-ум ба муносибати азнавташкилёбии вилоят рӯзнома боз чоп гардида, ба нашрияи вилоятӣ тадбил ёфт.

Рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» аз ибтидои мавҷудияти худ ба тарбияи мухбирони коргару деҳқон эътибори калон медод. Масалан, «Болшевики Хуҷанд» дар соли 1935 327 мухбири коргару деҳқон дошт, ки аз онҳо 82 нафар зан, 118 колхозчӣ, 123 нафар коргар буданд. Дар 18 мавзеи вилоят бригадаҳои мухбирони коргару деҳқон амал мекарданд.

Бояд зикр кард, ки бо мадад ва ташаббуси рӯзнома аз соли 1934 сар карда, аввалин бор дар Осиёи Марказӣ нашрияҳои бисёрададаи колхозӣ, ба монанди «Болшевик», «Фрунзечӣ», «Коминтерн» ва дигарҳо ташкил шуданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҷомеаи меҳнатии рӯзнома солҳои имтиҳони садоқат ба Ватан гардиданд. Журналистон ба душвориҳои замони ҷанг нигоҳ накарда, бо дилу ҷон ва ғайрати дучанд мекӯшиданд, ки рисолати хешро бештар аз ҳарвақта ба иҷро расонанд. Аз рӯзҳои аввалини ҷанг журналистон Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳаким Карим, Муҳаммадҷон Нурматов, М.Хӯҷаев, А.Мамадҷонов ихтиёрӣ ба фронт рафтанд.

Баъди ҷанг ба редаксия қувваҳои нави кормандони соҳаи матбуот, аз ҷумла Тӯхта Ҷабборӣ, Комилҷон Пӯлодов, А.Рауфов, Карим Солеҳзода, Абдумалик Қайюмов, Аюб Умаров, Ҳилолиён Аскар, Усмонҷон Тоҷибоев ва дигарон омаданд, ки дар сафарбар намудани сокинони вилоят ба меҳнати созандаву бунёдкорона саҳми босазо гузоштаанд.

Солҳои шастуму ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта зумраи калони нерӯманду пуриқтидори журналистон бори интишори рӯзномаи вилоятиро бар дӯш доштанд. Онҳо барои ба меҳнати созандаву бунёдкорона баҳри рушду нумӯи Ватан сафарбар намудани мардуми вилоят, солимии афкори ҷомеа монда нашуда заҳмат мекашиданд.

Боиси ифтихор аст, ки бисёр ходимони намоёни сиёсӣ, шоирону нависандагони ҳавзаи адабии вилоят фаъолияти худро дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» оғоз намуда, минбаъд аз ин даргоҳи муқаддас парвози баланд ёфта, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он нуфузу обрӯ пайдо кардаанд. Дар ин радиф метавон номи устодон Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Аминзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Хайринисо Муҳиддинова, Қодир Наимӣ, Озод Аминзода, Қурбон Алӣ, Фарзона, Аҳмадҷон Раҳматзод ва даҳҳо дигаронро ном бурд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рисолат ва вазифаҳои журналистони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» боз ҳам пурмасъултар гардид. Ҳайати эҷодӣ бо сарварии Файзулло Атохоҷаев, Мазбут Воҳидов, Додоҷон Раҷабӣ, Маҳмудҷон Иброҳимов, Саодатхон Каримова, Карим Шариф, Мухтор Абдуллоев ва Аминҷон Шарифзода баҳри ба мардум расонидани дастуру ҳидоятҳо, сиёсати оқилонаву хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон додани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муҳтавои барномаву ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки ба бунёди фардои дурахшони кишвар равона гардидаанд, баҳри ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намудани мардум тамоми донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, нерӯи зеҳнии хешро равона сохтаву месозанд.

Рӯзнома имрӯз бо замона баробар қадам монда, дар фазои маҷозӣ низ мавқеъ ва нуфуз пайдо намудааст. Сомонаи он хеле фаъол буда, нашрия дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн мегардад. Ҳар як шумораи рӯзнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуда, муштариёну ҳаводоронаш аз муҳтавои он натанҳо аз дохил, балки аз хориҷи мамлакат низ баҳраманд мегарданд.

Бо қаноатмандӣ зикр намудан ҷоиз аст, ки дирӯз ва имрӯз ҳам ҷомеаи меҳнатии рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳамдилу роздон, ҳамқисмати мардуми вилоят буда, баҳри он мекӯшанд, ки натанҳо дастгоҳи тавонои иттилоотӣ бошанд, балки баҳри ҳифзи манфиати миллӣ, бахусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд. Онҳо ҳамеша рисолати касбии хешро дар хизмати содиқонаву фидокорона ва софдилона бар нафъи Ватан мебинанд.

Аҳли қалам ва муштариёни нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»- ро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо 95 - солагии таъсисёбӣ табрику муборакбод гуфта, барояшон саодати рӯзгор, барори кор ва қалами сабз таманно менамоям.

Раҷаб АҲМАДЗОДА,

Раиси вилояти Суғд,

муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон