ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
28-уми июли соли 1945 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи аҳли маърифат таваллуд шудааст.
Дар соли 1968 факултаи физика ва математикаи ИДПЛ-ро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада ӯ якчанд сол дар мактабҳои ноҳияи Панҷакенту шаҳри Хуҷанд ҳамчун омӯзгор фаъолияти хешро идома дод. Сипас бо таклиф ва пешниҳоди устод Раҳим Ҷалил дар шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати мушовири адабиёт ва дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Хоҷа Камол ҳамчун мудири қисми адабӣ кор кард.
Соли 1983 ӯ ба идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ба кор гузашт. Алҳол мухбири шӯъбаи иҷтимоии рӯзнома мебошад. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ очерку мақолаҳо ва шеъру таронаҳояш ба табъ расидаанд. Силсилаи ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои «Обутоби ишқ», «Афсонаи ишқ», «Меҳри падар», «Паҳнои мурод», «Санги овоз», «Гулбонги ғазал», «Дар водии боронҳо» (девони ғазалиёт), «Наҷвои дуродур» гирд оварда шудаанд. Драмаҳои мусиқии «Калиди бахт», «Афсонаи ҷангал», «Мӯъҷизаи Ҳазрати Хизр» маҳсули қалами ӯянд.
Сайидамин Ҷило узви ИЖ ва ИН Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ аст.