Бонувони болаёқат соҳиби шаҳодатнома гардиданд

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо пешниҳоди Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода дар ҳамкорӣ бо Бунёди “Ҳаннс Зайдел”-и Ҷумҳурии Федеративиии Германия 54 нафар зану духтари болаёқат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ки 24 нафарашон бонувони вилояти Суғд буданд, курси омӯзиширо барои тайёр кардани бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан-Сарвар”-ро хатм намуданд.

Курси омӯзишии мазкур дуалӣ буда, барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ шурӯъ аз 2 июли соли 2019 то 20 июли соли 2020 идома ёфт. Хатмкунандагон ба гирифтани Шаҳодатномаи Академияи идоракунии давлатии наздии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

-Мо як гурӯҳ хатмкунандагон аз дастгирии доимии Сарвари давлатмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои он кас нисбат ба занону модарони кишвар изҳори сипос менамоем,-гуфт зимни сӯҳбат яке аз хатмкунандагони ин боргоҳ Зулфия Эркаева.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳадаф аз баргузории курси мазкур – ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарии занон дар идоракунии давлатӣ буда, ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис тон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” равона гардидааст.

Саъдуллои Сайфулло, 
рӯзноманигор, шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh