Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди касбии кормандони тиб

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят собиқадорони соҳа, духтурону ҳамшираҳои тиб ва кулли алоқамандони соҳаи нигаҳдории тандурустиро бо Рӯзи кормандони тиб табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамагон саодати рӯзгору бахту иқболи баланд таманно дорам. Иди касбии муҳофизони саломатии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи мавлуди алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино – 18 август таҷлил мегардад, ки он хеле рамзист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мулоқот бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъкид карданд, ки “Ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад”.

Табибони вилоят соли равон Иди касбиашонро бо умедҳои тоза ва рӯҳбаландӣ истиқбол гирифта истодаанд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки алҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят 5276 нафар духтур, 17945 нафар корманди миёнаи тиб ва 6390 нафар корманди хурди тиб ба аҳолӣ содиқона хизмат мерасонанд. Соли равон барои духтурони вилоят, чун саросари олам, давраи санҷиши малака ва маҳорати касбӣ ба ҳисоб рафта, дар мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 бори дигар нишон доданд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизмати тиббӣ, аз бемории сироятӣ эмин доштани мардум дониш ва нерӯи ақлониву ҷисмониашонро масраф мекунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон корнамоиҳои имрӯзаи табибони тоҷикро ба қаҳрамониҳои замон баробар донистанд. Онҳо дар ҳақиқат бо дастони мӯъҷизакор, ақли гиро, сухани нек ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва давра ба давра қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба сиҳатии омма аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ бо назардошти мақоми соҳа, талаботи замон ва нақшу манзалати табибон муттасил кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дараҷаи хизматрасонӣ ба мардум беҳтар, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вусъат дода шаванд. Боварӣ дорам, ки кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма дар оянда ҳам дастовардҳояшонро афзун ва баҳри нигаҳдории тандурустии аҳолӣ ва ояндаи нек меҳнати шоиста мекунанд. Бори дигар табибони ҳозиқро ба муносибати Иди касбиашон шодбош гуфта, шафқату ҳамдилӣ, комёбиҳои беназир, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат ва файзи рӯзгор таманно дорам.

Add comment


Security code
Refresh