Ахтаре бар ҷовидон пайванд шуд...

Даргузашти Абдуфаттоҳ Кулолӣ

Марги беамон аз миёни мо шоири хушкалом ва инсони шариф Абдуфаттоҳ Кулолиро рабуд. Даргузашти ин шахсияти ҳунарманд ва инсони некзамир барои адабиёти тоҷик ва ҷомеаи кунунии мо талафоти гарон аст.

Абдуфаттоҳ Кулолӣ (Юнусов) 18-уми январи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1959, пас аз хатми мактаби миёна ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1964 ба итмом расондааст. Фаъолияти худро дар шуъбаи адабии радиои ҷумҳурӣ оғоз карда, соли 1968, пас адои хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳаш баргашт, дар Хонаи эҷодиёти халқ ва шуъбаи ленинободии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кард. Ҳамзамон, дар мактаби миёнаи №4 ба номи В.И.Ленин омӯзгор буд.

Фаъолияти эҷодияш аз давраи мактабхонӣ оғоз ёфта, шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Фаввора» (1961) ва «Шукуфаҳои умедбахш» (1964) ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ соли 1986 таҳти унвони «Гули гил» ба табъ расидааст. Баъдан маҷмӯаҳои шеъри ӯ «Назаргоҳи ҳақ» (Хуҷанд, 2003), «Гулҳои аҳуроӣ» (Хуҷанд, 2001), «Розҳои ирфонӣ» (Хуҷанд, 2003), «Даҷлаи аналҳақ» (Хуҷанд, 2006), «Гулдастае аз боғи ҷон» (Хуҷанд, 2012), «Тӯҳфаи ҷон», (Хуҷанд, 2012), «Ҷони ҷонафрӯз» (Хуҷанд, 2013), «Ҷондоруи ҷон» (Хуҷанд, 2016) ва «Ушшоқи Ватан» (Хуҷанд, 2020) ба табъ расидаанд. Аз соли 2013 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Абдуфаттоҳ Кулолӣ дар синни 78-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.

Ин талафотро барои кулли ҳаводорони шеъри ноб, мухлисон ва фарзандону пайвандони марҳум тасаллият мегӯем ва сабри ҷамил мехоҳем.

Руҳатон шод ва манзили охирататон обод бод, устоди гиромӣ!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh