Раҷаббой Аҳмадзода занону бонувони собиқадорро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар чанде аз занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доштанд, аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла ба манзили сокини шаҳри Гулистон Ҳафиза Мадалиева, сокини шаҳри Бустон Надежда Сергеевна, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфӣ Ғаффорова, Гавҳарҷон  Юсуфҷонова ва Мунаввара Назарова ташриф оварда, бонувони иззатмандро ба ифтихори ҷашни фархунда – Рўзи Модар самимона табрик гуфт.

Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди занон дар ҷомеа мебошад.

Воқеан ҳам модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерўбахши рўҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогўи ҷон, дили пурмеҳре дорад, ки чун офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.

Маҳз, ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Аёдатшудагон аз ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh