1433 НАФАР ҶАРИМАБАНДӢ ШУДАНД

- Дар соли сипарӣ аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳалаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 35155 адад парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардидаанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси суди вилоят Бахтиёр Оқилзода.

Таъкид гардид, ки аз ин шумора 2903 адад парвандаи ҷиноятӣ, 4680 адад парвандаи гражданӣ, 10537 адад парвандаи оилавӣ ва 11703 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳад. Доир ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Бахтиёр Оқилзода гуфт, ки аз ҷониби судҳои вилоят 187 адад парванда баррасӣ гардидааст. Аз рӯи парвандаҳои баррасигардида нисбат ба 182 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи 1 007 210 сомонӣ таъин шудааст.

Ҳамзамон доир ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 3056 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбат ба 1436 нафар огоҳӣ ва нисбати 1433 нафар ба маблағи 249 914 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. - Судҳои вилоят дар соли 2020 - ум аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рӯи даъвоҳои прокурорҳо, навиштаҷотҳои гуногуни давлатӣ маблағи умумии 20 243 250 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнидаанд, - афзуд Бахтиёр Оқилзода.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба фаъолияти судҳои шаҳру навоҳӣ ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мақомоти мазкур саволу ҷавоб доир намуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh