ЭЪТИМОД БА НЕРӮИ ЗЕҲНӢ

Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” (ТҶ “АЗИТ”) ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайрисиёсиест, ки барои рушди ислоҳоти демократӣ ва беҳтар гардонидани сифати зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи самараноки иқтидори зиёиёни илмӣ-техникӣ ва пурзӯр намудани нақши бахши ғайритиҷоратӣ бо роҳи татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, ҳамоҳангсозӣ, маърифатӣ ва машваратӣ мусоидат мекунад.

Мақсади ТҶ “АЗИТ” мусоидат ба рушди ислоҳоти демократӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвари азизамон мебошад.

Аз моҳи сентябри соли 2020 ТҶ “АЗИТ” бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон лоиҳаи “Омӯзиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо - роҳ ба сӯи сулҳофарӣ ва субот”-ро оғоз намуд, ки то 14-уми сентябри соли 2021 дар минтақаҳои мақсаднок: Исфара (ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркӯҳ), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача), Истаравшан (Ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх ва Савристон) амал мекунад.

 Тавре ҳамоҳангсози лоиҳа – Мунирахон Негматова изҳор дошт: –Мақсади мо мусоидат намудан ба таъмини устувории ҷавонони марбут ба гурӯҳҳои осебпазири синнашон аз 14 то 28-сола аз таъсиру хатарҳои гурӯҳҳои зӯровар тавассути таҳсилот, аз ҷумла, саводнокии расонаӣ бо тағйир додани рафтори онҳо ва ширкати фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Бинобар ин дар доираи лоиҳаи мазкур чунин чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд: омӯзиши ҷавонон, таҳкими иқтидор барои тавонмандсозӣ, муайян кардани мушкилоти асосии ҷомеаҳо ва ҳалли онҳо дар гурӯҳ.

Аз ҷумла, омӯзиш дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, саводнокии васоити ахбори омма ва санҷиши далелҳо барои дарки интиқодии иттилоот; баланд бардоштани дониш дар соҳаи муносибати таҳаммулпазирона ба одамон, роҳбарӣ, омӯхтани санъати нутқ, ҳассосияти муноқишаҳо, мусоидат ба афзоиши потенсиал ва тағйирёбии рафтори ҷавонон, омӯзиши тарзи дуруст навиштани нақшаи амалиёт ва татбиқи он мебошад. Нақшаи солона ва моҳонаи лоиҳа тартиб дода шуд. Мактубҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара ирсол гардиданд. Сипас, муаррифии фаъолияти лоиҳа дар ин шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид. Дар нимаи дуюми октябри соли 2020 интихоби иштирокчиёни эҳтимолии барномавӣ бо маслиҳату машварати намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила дар мактабҳои миёна гузаронида шуд.

Суҳбатҳо бо иштирокчиёни эҳтимолии лоиҳа баргузор гардид. Интихоби ниҳоии иштирокчиёни барнома дар нимаи якуми моҳи ноябр ба итмом расонида шуд. Аввалин тренинги дурӯзаи лоиҳа дар мавзӯи “Таҳаммулпазирӣ, низоъ ва роҳҳои ҳалли низоъ” санаҳои 26-27-уми ноябри соли 2020 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 20 нафар иштирокчӣ дар қаҳвахонаи “Дидор” аз тарафи Малика Боймурадова гузаронида шуд. Баҳрабарандагони тренинг хеле фаъолона ширкат варзиданд ва омодагии иштироки худро дар тренингҳои минбаъда изҳор намуданд. Санаҳои 10-11-уми декабр дар шаҳри Истаравшан, дар толори қаҳвахонаи “Муродӣ” барои 20 нафар ҷавон дар мавзӯи мазкур тренинг гузаронида шуд. Сеюмин тренинги дурӯза дар мавзӯи “Таҳаммулпазирӣ, низоъ ва роҳҳои ҳалли низоъ” 14-15-уми декабри соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 барои 23 нафар ҷавон баргузор гардид.

Тренингҳои мазкур барои баландбардории маърифати ҷавонон оид ба бартараф кардани ҳар гуна муаммоҳо омӯзонидани роҳҳои гуногуни баромадан аз ҳолатҳои муноқишавӣ, изҳори ҳиссиёт ва таҷрибаи худ бидуни муноқиша ва зӯроварӣ баҳраманд будан аз усулҳои раванди низоъ; маълумоти мукаммал гирифтан оид ба малакаҳои таҳаммулпазирӣ; ташаккул додани ҳассосияти иҷтимоӣ, эътимод, қобилияти гӯш кардани шахси дигар, қобилияти ҳамдардӣ ва рушди малакаҳои коммуникатсионӣ дар раванди муоширати байнишахсӣ равона шуда буд. Ҷавонони иштироккарда изҳор доштанд, ки тренингҳо барои онҳо донишҳои нав дода, малакаҳои нави муоширатро омӯзониданд.

Дар доираи лоиҳа тренинги навбатии дурӯза дар мавзӯи “Баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ ва ташкил намудани даста” дар се минтақаи мақсаднок гузаронида шуд. Ин тренингҳо барои баланд бардоштани дониши иштирокчиён оид ба ташкил намудани “даста” ва муҳокимаи хусусиятҳои “сарварӣ”, баланд бардоштани донишу малакаи иштирокчиён оид ба “сарварӣ”, “роҳбарӣ” ва омӯхтани “малакаи роҳбарӣ”, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии иштирокчиён оиди “маърифати сарварӣ”, “хусусиятҳои сарварӣ” ва “маҳорати ташкилотчигӣ” нигаронида шуда буд.

Баъд аз ба итмом расидани тренинг баҳрабарандагони лоиҳа изҳор карданд, ки чорабинии мазкур тарсро аз баромад намудан дар толорҳои калон аз байн бурд, хусусиятҳои сарварии ононро сайқал дод, дар оянда иброз намуданд, ки дониши гирифтаашонро ба дӯстону наздиконашон мерасонанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh