Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи зиёиёни эҷодкор

Муҳтарам аҳли зиёи вилоят!

Рўзи зиёиёни эҷодкорро, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили Соли нави аҷдодӣ – Наврўзи байналмилалӣ фаро мерасад, ба мардуми шарафманди вилоят, бахусус шумо, аҳли зиё аз самими дил таҳният гуфта, тансиҳативу хотирҷамъӣ, дастовардҳои баланди илмию эҷодӣ ва ба кишвари азизамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ таманно менамоям.

Зиёиён чун нерўи қавии зеҳнӣ ҳамеша дар ҳифзу гиромидошт ва эҳёи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ талош варзида, ҳамчун равшангарони роҳи маънавии фардои башар ва парчамбардорони таъриху фарҳанг дар саргаҳи пажўҳишу таҳқиқ ва муаррифии дастовардҳои маънавӣ қарор доранд ва ба ин восита дар рушди ҷомеа саҳми беназир мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ аз нақши аҳли зиё дар рушди ҷомеаи мутамаддин ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллии ҳамватанон, аз ҷумла, таъкид намудаанд, ки: «…мо аз рўзҳои авали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамоем, зеро зиёиён ҳамчун нерўи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд».

Таърих гувоҳ аст, ки олимону донишмандон ва адибону фарҳангиён ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор доштанд ва осори нобиғагону фарҳехтагони илму адаб тўли беш аз ҳазор сол тарбиятгари бани башар буд. Рисолати аҳли зиё имрўз низ ҳидоятгарӣ ба сўи маърифат, ҷустуҷўҳои илмӣ, роҳандозии корҳои озмоишӣ ва рушд бахшидани илму маорифи кишвар мебошад. Дар баробари ин зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир зиёиён барои дар рўҳияи худогоҳию худшиносӣ, ватандўстию меҳанпарастӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ҷавони воқеан ватандўсту содиқ ба ормонҳои инсонӣ талош намуда, рисолати хешро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намоянд.

Итминони комил дорам, ки зиёиёни вилоят бо такя ба донишу хирад барои рушди илму маърифат, таҳкими давлатдории миллӣ, раҳнамоии аҳли ҷомеа ва ояндаи дурахшон, татбиқи амалии ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат ва дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро боз ҳам тақвият мебахшанд.

Бори дигар Рўзи зиёиёни эҷодкор ва Наврўзи оламафрўзро бо шумо, аҳли зиё ва ҳамаи сокинони сарбаланди вилоят сидқан таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ ва дастоварду комёбиҳо орзу менамоям.

Add comment


Security code
Refresh