Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат Баҳриддин Ахмедов ва Сайрам Исоеваро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба онҳо хушиҳои рӯзгорро орзу кард. Гуфта шуд, ки Наврӯз яке аз идҳои қадимаи миллати мо буда, тоҷикон суннату анъанаҳои ин ҷашни мардумиро аз қадимулайём то имрӯз пос медоранд.

Собиқадорони меҳнат барои дастгириҳои доимӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро ба тамоми сокинони вилоят таҳният гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки Баҳриддин Ахмедов солҳои зиёд дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурда, барои хизматҳои шоён бо ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳо, Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олӣ ва Комитети марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, унвони фахрии “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон», ордени “Дўстӣ” ва дигар мукофотҳо сарфароз гардидааст.

Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева бошад дар рушди санъати тоҷик нақши назарраси худро гузоштааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд буда, дар вазифаҳои ҳунарпеша, коргардон ва саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолият бурдааст. Ҳунарманд дар зиёда аз 100 нақш бозӣ карда, коргардони чанд намоишнома низ мебошад. Барои заҳматҳояш бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо ва дигар мукофотҳои давлатию соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh