Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнатро аёдат намуд

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори меҳнат Майрам Қодирова хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат бо сокини деҳоти Зарҳалол аз ҳолу аҳвол ва зиндагониаш пурсон шуда, таъкид кард, ки дастгирии собиқадорони меҳнат дар меҳвари таваҷҷӯҳи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина роҳбарияти вилоят низ ҷиҳати қадршиносии шахсиятҳои хизматнишондода тадбирҳои зарурият амалӣ менамояд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода Гулрухсор Зокироваро, ки нафақаи маъюбӣ мегирад, аёдат кард. Раиси вилоят оилаи Зокировҳоро ба муносибати Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳор дошт, ки маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷӯҳи давлат қарор дошта, ба ҳифзи иҷтимоии онҳо таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.

Ба аёдатшудагон аз ҷониби роҳбари вилоят кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh