БА ТАРБИЯИ ДУРУСТИ НОБОЛИҒОН ҶОМЕА МАСЪУЛ АСТ!

Таҳлил, муқоиса, бардошт

Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшнопазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва мисли замин пок аст, ба саодати дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”,- гуфтааст Муҳаммад Fаззолӣ.

Масъулият худ як эҳсосест, ки дар амалу рафтори ҳар як инсон таҷассум ёфта, онро барои амале, ки ба дӯшаш гузоштааст, бояд иҷро кунад. Бале, масъулият рисолатест, ки инсонро аз тамоми вартаҳои ногаҳонӣ нигоҳ медорад, зеро инсоне, ки масъулият эҳсос менамояд, кораш ҳамеша омад мекунад.

Масъулияти калоне, ки байни падару модар ва фарзанд зуҳур мекунад, хеле бузург аст, зеро волидоне, ки фарзандони худро бо масъулияти зиёде тарбия менамоянд, барои фарзандони хеш ояндаи дурахшонро таъмин месозанд. Бале, оилае, ки барои фарзандон фазои мусоид, шароити зиндагӣ муҳайё карда, фарзандон доимо зери назорати волидони худ қарор доранд, оилаи солим маҳсуб меёбад. Бояд изҳор намуд, ки маънии зиндагии ҳар як фарди соҳибдил ин тарбияи фарзанди нексиришт, баодобу накӯкор аст. Барои тарбияи дурусти меваи шаҳдбори зиндагӣ волидонро зарур аст, ки хеле заҳмат кашанд, назоратро аз болои фарзандони худ пурзӯр намоянд. Зеро як амали нодурусти фарзанд метавонад, якумр ба зиндагии ӯ доғу истинод орад.

Имрӯз аз арқоме, ки аз сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Суғд Фаррух Алиҷонзода дастрас намудем, маълум сохт, ки дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят шумораи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғ нисбат ба соли сипаригардида кам шуда бошад ҳам, шумори ноболиғони ҷиноятсодирнамуда 7 адад зиёд аст. Бале, факту рақам вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон муайян месозад. Чӣ хеле ки изҳор кардем, дар соли 2020-ум 205 ҷиноят аз ҷониби 182 нафар ноболиғон содир шуда бошад ҳам дар муқоиса бо соли гузашта 35 ҷиноят кам, аммо шумораи ноболиғони ҷиноятсодирнамуда 73 нафар зиёд мебошад.

Агар нисбат ба ноҳияҳо таҳлил намоем, дар ноҳияҳои Мастчоҳ-21, Бӯстон-9, Панҷакент-4, Исфара-3 Зафаробод-2, Спитамен1 адад ҷиноятҳо зиёд гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар як сатҳ қарор дорад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки танҳо дар як ноҳияи Мастчоҳ сатҳи ҷинояткории ноболиғон нисбат ба соли қабли 21 адад зиёд гардидааст. Ҷиноятҳои ноболиғон 179 адад дуздӣ, 17 авбошӣ,7 қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, 4 қаллобӣ ва 41 адад дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар байни ноболиғон дар ин давра ба қайд гирифта нашудааст. Аз ҷониби ноболиғон ҷиноятҳо 122 адад дар танҳоӣ, 58 адад дар ҳайати гурӯҳӣ содиршуда, 91 нафар хонандагони мактабҳо, 4 омӯзишгоҳ ва 54 кор намекунанд ва намехонанд. Инчунин, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Истиқлол ва Спитамен сатҳи ҷинояткории ноболиғон коҳиш ёфтааст. Аз 156 нафар ноболиғи ҷиноятсодирнамуда 99 нафараш хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Гулистон, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Зафаробод, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳро ташкил медиҳад. Ё худ, аз шумораи умумии ҷинояти содирнамудаи ноболиғон 142 нафар духтар ва 158 нафарро писар ташкил медиҳад.

Инчунин, аз теъдоди умумии ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиргардида 125 ҷиноят дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, 50 ҷиноят дар ҷои зист ва 6 ҷиноят дар муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта шудааст. Таҳлил нишон дод, ки аксарияти ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғонро дуздии амволи ғайр ва авбошӣ ташкил дода, боқимонда ҷиноятҳои содиркардаашон ба дигар моддаҳои КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад. Бояд қайд кард, ки аз 182 адад ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиргардида 119 адад ё ин, ки 65 фоизро ҷиноятҳои дуздӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии содиркунии ҷиноят байни ноболиғон 17 ададаш ҷинояти авбошӣ мебошад.

Имрӯз низ лозим аст, ки ҳамҷониба, ҳам аз тарафи мактабу маориф ва волидони муҳассилини дабистон назорат пурзӯр гардад. Ба ҳамин монанд ҷинояти авбоширо ноболиғони шаҳру ноҳияи дар боло зикршуда содир кардаанд, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Яке аз сабабҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон ин, аз як тараф, беназоратии масъулини соҳаи маориф ва аз тарафи дигар, волидайни ноболиғон мебошад, ки ҳарчи бештар ноболиғонро берун аз машғулиятҳои таълимӣ барои гирифтани таълимҳои иловагӣ, машғулиятҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб накарда, дар ин самт ҷиҳати пешгирии ҷинояткории ноболиғон на ҳама чорабиниҳои заруриро андешидаанд. Дар ҳақиқат сабаби асосии даст ба ҷинояткорӣ задани ноболиғон аз беназоратии волидон сарчашма мегирад. Мутафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар китоби “Насиҳат –ул - мулук” хеле бамаврид нигоштааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо мешавад”. Як чизро бояд волидони мо фаромӯш нанамоянд, ки имрӯз фарзандони мо оянда волидон, тарбиятгари фарзанди худанд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимфикрро зарур аст, ки баҳри тарбияи насли солим ҳиссагузорӣ намояд. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки дар ин давра 9 ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ аз тарафи ноболиғон содир гардидааст, ки он ба шаҳру ноҳияҳои Деваштич-4, Хуҷанд-2, Бобоҷон Ғафуров1, Мастчоҳ-1 ва Истаравшан-1 рост меояд. Ин арқом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кӯдакону наврасони мо дидаю дониста, барқасдона даст ба ҷиноят мезананд. Аз ин рӯ волидонро зарур аст, ки ҳар як қадами фарзандони худро зери назорат гирифта, онҳоро бо тарбияи хуб фарогир шаванд.

Раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ оид ба муайян намудани хонандагони одобу ахлоқи ғайриқаноатбахшдошта, дар дарсҳо иштирок надоштаву ба донишандӯзӣ кӯшиш накарда, ба кирдори ношоям ва хусусияти зӯроваридошта даст задани онҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни хонандагон бо нозирони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ҳамкории дахлдорро бояд ба роҳ монанд ва дар ин самт ҷиҳати тарбияву ислоҳи онҳо бо падару модарони чунин ноболиғон низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh