АДОЛАТИ СУДӢ ВА ТАЪМИНИ ФАЗОИ ҲУҚУҚӢ

Паём - барномаи амал

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки фардои дурахшони моро раҳнамо аст.

Воқеан, Паём дурнамои давлатдории миллӣ мебошад. Тамоми самтҳои инкишофу рушди соҳоти гуногуни кишвар барои марҳалаҳои муайян дар таҳлилу баррасии Пешвои муаззами миллат бозгӯву баррасӣ мешаванд.

Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуд, бешак, баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва таъмини пешрафти иқтисодиёти кишвар равона шудааст. Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ ва оғозбахши ибтикороти нав ба нав моро муваззаф месозад, ки ҷиҳати амалӣ шудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон чораву тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоем.

Сарвари давлат ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандоро таъкид намуда, баҳри беҳбудии рӯзгори халқ, амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегии мамлакат волоияти қонун ва тамини адолатро муҳим арзёбӣ мекунанд.

Албатта, адолати судӣ ва таъмини фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин марому мақсад, пеш аз ҳама риояи тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро қонун, амният ва субот заминаи асосии рушди давлат мебошад.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди давлат аст ва боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Имрӯз ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ин омилҳо низ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд.

Президенти кишвар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла мақомоти судро вазифадор намудаанд, ки дар роҳи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо коррупсия фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо мебошад.

Иноятулло ҒУЛОМЗОДА,
раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh