Раиси вилоят собиқадори соҳаи маориф Фотима Самадоваро аёдат кард

3 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини шаҳри Хуҷанд, собиқадори соҳаи маориф Фотима Самадоваро аёдат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат бо Фотима Самадова иброз дошт, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмату меҳнати шахсиятҳои фидоӣ ҳамеша арҷ гузошта мешавад. Фаъолияти бенуқсони Фотима Самадова дар соҳаи маориф ва 51 сол саҳмгузориаш дар тарбияи наврасон худ гувоҳи он аст, ки ин зани хирадманду соҳибэҳтиром умри худро сарфи таълиму тарбия намуда, барои ҷомеа хизмати намунавӣ анҷом додааст. Меҳнати собиқадор борҳо бо ҷоизаву унвонҳо қадршиносӣ шудааст.

Фотима Самадова бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои кории худ барои таваҷҷуҳу ғамхориҳо ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh