Раиси вилоят дар ноҳияи Деваштич собиқадорони меҳнатро аёдат кард

Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Роҳбари вилоят аз ҷумла аз ҳоли Ҳабиб Салимов ва Назокат  Кенҷаева хабар гирифта,  ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно кард. Таъкид гардид,  ки роҳбарияти вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зисту зиндагонии собиқадорони меҳнат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, ин қишри ҷомеаро мунтазам ба ғамхорӣ фаро мегирад.

Гуфта шуд, ки дар ин рӯзҳои пурбаракати моҳи шарифи Рамазон хабар гирифтан аз ҳоли ҳамдигар амали нек буда, меҳру муҳаббатро миёни ҳамдигар тақвият мебахшад.

Аёдатшудагон аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти вилоят изҳори хушнудӣ карда, барои боз ҳам ободу зебо шудани Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh