Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чун анъана аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст Наимҷон Обидҷонов ва сипас Эргашой Умароваро аёдат карда, ба пирони рӯзгор тансиҳативу хотирҷамъӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно кард.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи бойи пирони рӯзгор ва собиқадорони меҳнат барои насли ҷавон чун мактаб хизмат намуда, ҷавонон дар такя ба фаъолияти бузургсолон барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа талош мекунанд.

Боиси зикр аст,  ки Эргашой Умарова 100 сола буда, пиллапарвари номи мебошад. Ӯ соҳиби 5 фарзанд аст ва нахустфарзандаш имрӯз ба синни 80 расидааст.

Аёдатшудагон бо изҳори хушнудӣ аз ташрифи роҳбари вилоят барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh