ДАР ҲАМА ҲОЛАТ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ЗАРУР АСТ!

Бино ба иттилоъи Гулрухсор Бобоева, сармутахассиси омори Ҷамоати Ворух имруз санаи 30-юми апрели соли 2021 дар қаламрави деҳот вазъият ором ва зери назорат аст. Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар як минтақа сар зада чандин нафар захмӣ  гардидаанд.

Ҳарчанд айни замон вазъ дар ин мавзеъ  то андозае оромтар аст ва намояндагони мақомоти дахлдори ду давлат барои муътадил сохтани вазъият миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд, ҳамоно мардуми ин ҷамоату деҳа умеди ҳарчи зудтар ҳал шудани масъалаҳои баҳснокро доранд. Чунин амалҳои иғвогарона ва халалдоркунандаи зиндагонии ороми мардуми ин мавзеъ бори аввал набуда, давоми чанд соли охир ба вуқӯъ пайваста истодааст. Тааҷҷубовараш он аст, ки тарафи қирғизҳо худ иғвоангезиву тирпаррониро оғоз намуда, тариқи воситаҳои ахбори дохили кишварашон ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунанд.

Алҳол вазъият дар деҳоти Ворух мӯътадил буда, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ташкилоту муассисаҳо фаъолият доранд. Боварии комил дорем, ки барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ амиқан ақли солим ғалаба менамояд ва дар заминаи таҳамулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ, гузашткунӣ бо назардошти дурнамои рушду нумӯи ҳаёту рӯзгори халқи тоҷику қирғиз ҳалли адолатноки худро меёбад.

Add comment


Security code
Refresh