Муноқишаҳо бояд ба зудӣ ҳалли худро ёбанд

Истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд – Шаҳодат Махфиралиева  чанд рӯз пеш ба дидорбинии хешовандон, ки дар Ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара зиндагӣ мекунанд, рафта буд. Баъди мулоқот ва дидани пайвандону хешовандон хост ба зодгоҳ баргардад. Ӯ аз воқеаҳои наздисарҳадӣ, ки субҳи санаи 29-уми апрел рух дода, то соати 8-и пагоҳӣ давом кард, воқиф шуд.

- Оини ҳамсоядории тоҷикона намегузорад, ки риштаҳои дӯстию рафоқати ҳамсарҳадҳо канда шавад. Давоми солҳои Ҷанги  Бузурги Ватанӣ на танҳо ду халқ, балки даҳҳо миллату халқиятҳо бо ҳам дӯстона муносибат карда, бар адӯ ғолиб омадаанд. Мехоҳам, ки муноқишаҳо ба зудӣ роҳи ҳалли худро ёбанд.

Саҳарии барвақт – санаи 30-юми апрел ба роҳ баромадам, то ба зудӣ ба макони зист равам. То маркази шаҳри Исфара омадам, мутаассифона, ягон нақлиёт наменамуд, ки ҷониби Хуҷанд равам. Дубора ба хонаи яке аз хешовандон баргаштам. То ба эътидол омадани вазъият дар ин ҷо хоҳам буд, ҳарчанд бисёр мехоҳам дар ҳалқаи оила ва фарзандонам бошам, - гуфт холаи Шаҳодат.

Add comment


Security code
Refresh