ЧУНИН ҲОДИСАРО ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ҲЕҶ ЧАШМДОР НАБУДЕМ

- Рух додани чунин ҳодисаро дар моҳи шарифи Рамазон ҳеҷ чашмдор набудем, - мегӯяд муаллимаи мактаби махсуси Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гулчеҳра Мӯсоева, - дар мактаби мо толибилмони нуқсондор аз шаҳру навоҳии вилоят таҳсил мекунанд. Баробари шунидани садои тиру туфанг барои бехатарии толибилмон онҳоро ба яке аз мактабҳои Ҷамоати деҳоти Зарзамин ҷой кардем.

Аз маҳаллаҳои хавфноки деҳа сокинон ба дигар мавзеъҳо сари вақт кӯчонида шуда, бахатарии онҳо зери назорати доимии масъулини ҳифзи ҳуқуқ ва хешовандон қарор дорад.

- Бароям чунин ҳодиса ношуниданист, - мегӯяд пири деҳа Биадолат Шарифоваи 95 сола, - зеро солҳои пешин барои лолачинӣ мо ба «Дашти Амин», ки дар наздикии маҳалли қирғизҳо қарор дорад, мерафтем. То дирӯз бошад, қирғизҳо аз бозори мо харид мекарданду инчунин молу маҳсулоти кишоварзии хешро ба савдо мебароварданд.

Гарчанде то соати 9- субҳ садои тир ба гӯш мерасид, аммо боварии комил дорам, ки ин ҳодиса ба тезӣ ҳалли худро меёбад.

Add comment


Security code
Refresh