Саймумин Ятимов ва Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷароҳатдидагон рафтанд

Нимаи дуюми рӯзи 30 апрел Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Беморхонаи марказии Исфара сокинони бар асари даргириҳо захмбардоштаро аёдат намуданд.

Аёдати мазкур тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҷароҳатёфтагон таҳти назорати табибон қарор доранд.

Барои барқарорсозии саломатии сокинон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара ҷалб гардидаанд.

Саймумин Ятимов ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз ҳоли раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки рӯзи гузашта ҷароҳат гирифта буд, хабар гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки вазъи шаҳрдори Исфара пас аз гузаронидани ҷарроҳӣ муътадил буда, рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh