Ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагони муноқишаҳои марзӣ кӯмакҳои моливу пулӣ расонида мешавад

3 май дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.

Дар машварат вазъи бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Вобаста ба ҳолати кунунии корҳо муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гузориш дод.

Бино ба иттилои ӯ алҳол шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои ноамн кӯчонида шуда буданд, ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуда истодаанд. Онҳое, ки манзили зисташон пурра хароб гардидааст, дар маҳалли муваққатӣ истиқомат доранд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, дар муддати як моҳ пурра барқарор карда хоҳад шуд. Хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешавад.

Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh